Дар хонае, ки Нигинаро додгоҳи Кӯлоб маскун карда буд, ба ҷуз аз ду фарзанд дигар ҳама собиқ шуда буд. Хусури собиқ, хушдомани собиқ, шавҳари собиқ ва наздикони шавҳари собиқ.
Нигина Ҳасанова, сокини 29-солаи шаҳри Кӯлоб, ки моҳе пеш бо қарори додгоҳ дар хонаи хусураш маскун шуда буд, иддао дорад, ки хусураш ба сараш нӯшобаи сӯзон рехта ва 30 дарсади баданашро сӯзондааст. Ҳасанова ду соли пеш бо ду фарзанд аз шавҳараш талоқ гирифт ва азбаски сарпаноҳе надошт, 28 май, бо қарори додгоҳ бо фарзандонаш дар хонаи шавҳари собиқаш маскун шуд.
Аммо Нигина мегӯяд, хонаводаи шавҳараш аз қарори додгоҳ розӣ набуданд ва аз рӯзи аввал ҳузури ӯро дар хонаи муштарак ба сахтӣ таҳаммул мекарданд. Дар ҳавлие, ки ҳудуди 0,4 гектар масоҳат дорад, ин занро дар як хонаи кӯчак ҷой кардаанд, аммо ӯ ҳақ дошт аз ҳамом, ҳоҷатхона ва ошхонае истифода барад, ки собиқ шавҳар бо ҳамсари нави ӯ ва дигарон низ истифода мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигина Ҳасанова гуфт, рӯзи 10 июл вақте дар ошхона барои кӯдаконаш ғизо омода мекард, бо падаршӯи собиқаш рӯ ба рӯ шуд. Ин мард ошкоро гуфтааст, ки дигар наметавонад ӯро дар ин хона бубинад. Нигина Ҳасанова, 13 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки падаршӯяш бо таҳдид аз хона рафтани ӯро талаб кардааст. Ба гуфтаи Ҳасанова, вақте ӯ гуфтааст, ки ҷойи рафтан надорад, падаршӯяш хашмгин шуда ва деги нӯшоба ё компоти сӯзонро ба сари ҳамсари собиқи писараш рехтааст.
"Хусурам ба ман гуфт, ҳамин ки туро куштем, ба дигар занҳои бева ибрат мешавад ва дигар ба хонаи шавҳар барнамегарданд. Бо ин таҳдидҳо маро хост бикушад. Нӯшобаро гирифт, хост ба болои ман пошад, аммо ман доштам, ва билохира маро афтонида сӯзонд ва латту кӯб низ кард," -- гуфт Нигина Ҳасанова.
Бегмад Ҳасанов, бародари Нигина мегӯяд, вақте ки ҷанҷол сар шуд, хоҳараш ба ӯ занг зада ва ёрӣ хостааст. "Нисфирӯзи 10 июл буд, ки ба ман занг зада гуфт, ки биё маро сӯзонданд. Ман танҳо нарафтам ва ҳамроҳи худ кормандони пулисро бурда дидам, ки шиками ӯ сӯхтааст. Ӯро аз ҳамонҷо рост ба бемористон овардем," -- гуфт Ҳасанов.
Ҳуҷуми падаршӯ ба арӯси собиқи хонадон дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки дар Кӯлоб достони Саид Аҳмадов, аз сари забонҳо дур нашуда буд. Аҳмадови 55-сола ду ҳафта қабл келинаш Нилуфар Алиҷоноваи 23-- соларо дар хонааш бо панҷ зарби корд ба қатл расонд. Ҳоло бар асоси Кодекси манзил ва Кодекси оилаи Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шудааст, маскун шавад.
Аммо Шамсиддин Назаров, хусури Нигина дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ латту кӯб ва рехтани нӯшобаи сӯзон ба рӯи собиқ келинашро рад кард, аммо гуфт, бо шеваи маҷбурӣ ҷой кардани келин дар хонаи хусур иштибоҳ ҳаст. Ӯ гуфт, келинаш ҳангоми гирифтани нӯшоба афтида сӯхтааст ва ӯро бардурӯғ тӯҳмат мекунад.
"Ҳамин гург бо гусфанд кай ошноӣ пайдо карда буд. Маскун кардани келини талоқхӯрда хатост. Онҳо танҳо одамонро ҷанг меандозанд. Ҳоло келинам мегӯяд, ки ман ӯро сӯзонидаам, аммо ӯ худ афтида ба ин ҳол дучор шуд. Ман дар ин сари пирӣ ба сари ӯ даст набардоштам," -- гуфт Шамсиддин Назаров. Акобир Иззатулозода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодисаро таҳқиқ доранд ва то кунун ба як хулосаи ниҳоӣ нарасидаанд.
Бо ин ҳам аз аввали сол ин бори сеюм аст, ки хусурон бо келинҳои собиқашон, ки дар хонаи онҳо бо қарори додгоҳ маскун шудаанд, баҳс мекунанд. Дар пайи ин ҳодиса ду зан аз ҷониби хусурон кушта шуд - яке бо табар дар ноҳияи Фархор ва дигаре бо зарби корд дар ноҳияи Кӯлоб.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, 13 июл зимни нишасти матбуотиаш бо рӯзноманигорон гуфт, ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки давоми 6 моҳи оянда баҳсҳои маскуншавиро ба таври махсус биомӯзанд ва дар ниҳоят роҳи ҳалли чунин баҳсҳоро пешниҳод кунанд. Ӯ гуфт, аз ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки вақте ариза дар бораи бекоркунии никоҳро мегиранд, ҳамзамон аз ҷонибҳо даъват кунанд, ки баҳсҳои алимент ва молу мулкиро низ матраҳ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран пас аз як соли талоқ даъвои молу мулк ва алимент мекунанд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор хонавода аз ҳам пошидаанд, ки бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 4 ҳазор нафари онҳо сарнавишти ҳамсони Нигина Ҳасановаро доранд. Зиндагӣ дар зери як бом бо афроде, ки сояи якдигарро аз девор метарошанд ва дар сари қаҳру ғазаб ҳатто метавонанд даст ба куштор бизананд.