Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз камбуди амнияти кибернетикӣ, афзоиши рахна ва дуздии ҳуввият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамин тавр гӯш карда шудани сӯҳбатҳои телефонии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ кард.
“Се сол пеш шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷои баҳсҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ буд, аммо ҳоло ба майдони фаҳшу фуҷур ва таҳдиду тӯҳмат табдил ёфтааст”. Бо зикри ин матлаб Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ кӯтоҳназарии баъзе аз намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқро сабаби ба ин ҳол расидани бахши тоҷикии шабакаи ҷаҳонӣ номид.
Ба гуфтаи вай, чунин афрод бо дастрасӣ ба имейлҳои озодандешон онҳоро аз саҳифа дур ва фазоро барои гурӯҳҳои ифротгарову тундгаро боз намуданд. Кор, ба ақидаи ӯ, ба ҷое расидааст, ки дар Фейсбук аз номи президент ва баъзе раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Шодӣ Шабдолов, Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон сафҳаҳои қалбакӣ пайдо шудаанд.
Дар чунин вазъият чӣ гуна метавон амнияти кибернетикии худро таъмин намуд? Ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, чеҳраҳое чун Шабдолов ва Кабирӣ метавонистанд бо истифода аз ваколатҳои худ барои муайян кардан ва муҷозот шудани ба истилоҳ “фейк”-ҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд. Чунончи, бо муроҷиати Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон моликони Фейсбук сафҳаи қалбакии аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳв карданд.
Нуриддин Қаршибоев, ки ин мавзӯъҳоро рӯзи панҷшанбеи 9 апрел зимни муаррифии маҷмӯаи “Амнияти рақамӣ” дар шаҳри Душанбе баррасӣ мекард, ҳамлаҳои Интернетиро нақзи ҳуқуқи журналистон ва монеагузорӣ ба кори онҳо унвон намуд. Вай мегӯяд, “дар чанд моҳи ахир дар Фейсбук саҳифаҳои баъзе аз журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шикаста шуд ва аз номи онҳо хабарҳои гуногун пахш карда мешавад, ки ин воқеан боиси ташвиш аст. Зеро ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки агар мо чораҳои таъмини амнияти рақамии худро наандешем, имрӯз ё пагоҳ ба саҳифаҳои мо роҳ ёфта аз номи мо маводи фаҳшу берун аз меъёри ахлоқиро паҳн мекунанд“, гуфт ӯ.
Роҷеъ ба амалҳои ҷавобӣ Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷик, ки низ саҳифаи Фейсбук ва ҳам емайлаш аз ҷониби ашхоси номаълум шикаста шудааст, мегӯяд, ҳамаи шикояташ ба ниҳодҳои марбута бенатиҷа будааст.
Вай гуфт, “Ман ҳатто худам IP-адрес ва телефони ин нафарро пайдо кардам ва ба шӯъбаи мубориза бо киберҷиноятҳои КДАМТ муроҷиат намудам, аммо дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки, мутаассифона, мо намедонем ин кӣ аст ва кореро анҷом надоданд. Ҳол он ки ин нафар то ҳанӯз аз саҳифаи ман истифода мебарад”, гуфт хабарнигори тоҷик.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ба иддаои мутахассисон, мақомоти зирабти Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазанд ва роҳат метавонанд дар кӯтоҳтарин муддат “фейк”-ҳоро муайян кунанд.
Дар зимн, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба хотири он ки журналистону намояндагони ҷомеа тавонанд амнияти фаъолияти ҳирфаии худро аз ин гуна зуҳуроти номатлуб ҳифз кунанд, роҳнамои “Амнияти рақамӣ”-ро аз чоп баровард.
Дар ин роҳнамо тарзи ҳифз намудани почтаи электронӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ аз рахнагарон ва таъмини амнияти рақамӣ зимни истифода аз телефонҳои мобил маслиҳат дода шудааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки агар журналист хоҳад, ҷои буду боши худро ниҳон нигоҳ дорад, бояд симкорт ва батареяи телефони худро берун оранд. Ҳамзамон машварат дода мешавад, ки барои фиристодани СМС-ҳо аз барномаҳои бехатар истифода шуда, паёмакҳо ва ҳам матни мукотиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд-зуд пок карда шавад.
Ва аммо Муҳаммадӣ Ибодов, аз коршиносони амнияти кибернетикӣ, ҳифзи иттилооти шахсиро марбут ба эҳтиёткории худи рӯзноманигорон медонад. Ба гуфтаи ӯ, оддитарин роҳи ҳифзи почтаҳои электронӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ аз рахнагарон зуд-зуд иваз намудану гузоштани рамзҳои мушкилшикан аст.
Ӯ мегӯяд, «дар амнияти рақамӣ, заъфи асосӣ худи инсон аст. Беаҳмиятӣ ва қадамҳои фикрнокарда дар навиштани мавод дар ҳар ҷо ҳар якеро осебпазир менамояд. Ҳоло фанновариҳои рақамӣ то дараҷае имконият
медиҳад, ки ҳатто гапҳоро агар қисм-қисм ва дар технологияҳои гуногун ҳам бигӯед, онҳоро ҷамъ кунад. Аз ин хотир ҳамеша бояд аз эҳтиёт кор гирифт”.
Бо ин ҳама коршиносони фанновариҳои муосир мегӯянд, дар Тоҷикистон шумораи мутахассисони ҷилавгирикунанда аз киберҷиноятҳо хеле каманд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, барои пурқувват кардани мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотӣ ва кибернетикӣ қасд дорад, то охири сол Маркази мубориза бо ҷиноятҳои иттилоотиро таъсис диҳад ва “лашкар"-и мутахассисонро барои муқобила бо ҳамлаҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо дар Интернет, омода намояд.
Ҳарчанд омори солона дар бораи ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ё кибернетикӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, аммо шӯъбаи амнияти иттилоотии Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, танҳо дар 3 моҳи соли 2014 - 15 чунин ҷиноятро ошкор намудааст.