Низомиддин Азизов донишҷӯ аст. Ӯ ҳамроҳ бо чанд донишҷӯи дигар дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад. Онҳо сабади умумӣ доранд ва моҳона барои ғизо 600 сомонӣ сарф мекунанд ва бо навбат дар хобгоҳ ғизо омода мекунанд. Имрӯз ӯ масъули хӯрокпазӣ будааст.
Низомиддин дар замоне зиндагӣ мекунад, ки китобу маърузаҳои даркориро метавон аз интернет пайдо кард ва донишро сайқал дод. Ӯ мегӯяд: "Компютер дорем. Тамоми адабиёти даркориро дар интернет пайдо карда метавонам. Китобхона танҳо дар сурате меравем, ки аз интернет китобҳоро пайдо карда натавонем. Идрорпулӣ 96 сомонӣ мегирам, ки барои сару либос сарф мекунам. Аммо бештари ин маблағ барои интернет харҷ мешавад."
Ба қавли Низомиддин, зиндагии имрӯзаи донишҷӯ хело роҳат аст ва ягона коре ки донишҷӯён бояд анҷом диҳанд, донишомӯзӣ аст.
Усмон Расулов 30 сол пеш донишҷӯ буд ва давраи донишҷӯии ӯ бо Низомиддин фарқ дорад. Расулов хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, таҳсил дар замони донишҷӯиаш бисёр ҷиддӣ буд. Донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ наметавонист сар аз китоб бардорад ва ё аз таҷрибаомӯзӣ қафо бимонад. Ӯ дар даҳсолаҳои баъди таҳсил дониши андӯхтаашро дар амал татбиқ кард ва ҳоло мудири шӯъбаи яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе аст.
Усмон Расулов аз даврони донишҷӯияш чунин қисса мекунад: "Замони таҳсили мо хело мушкил буд. Омӯзгорҳоямон хеле серталаб ва сахтгир буданд ва мо кӯшиш мекардем, ки ба дарсҳо ҳамеша омода бошем. Ман ёдам ҳаст, ки як китобро даҳ нафар мехондем. Китоб намерасид, мо онро аз китобхона гирифта, ҳамаамон мехондем ва дар вақти муайян бурда месупоридем."
Дар замони замони донишҷӯии Усмон Расулов на телефони мобил буд на iPad ва на интернету на компютер. Насли Низомиддин Азизов ин ҳамаро дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тибқи маълумоти омори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз дар мактабҳои тиби олии кишвар 15 387 компютер мавриди истифода қарор дорад ва аз инҳо 5 629 компютер ба интернет пайваст аст.
Маҳмудхон Шоев, муовини сардори Раёсати муассисаҳои олии касбии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд: “Мутаассифона, на ҳамаи донишҷӯён аз ин имконоте, ки барояшон фароҳам шудааст, самаранок истифода мебаранд. Ҳарчанд дар аксар мактабҳои олӣ интернет ба тариқи ройгон пайваст шуда бошад ҳам, аммо донишҷӯёне ҳастанд, ки онро барои ғаразҳои шахсии худ истифода мебаранд.”
Баҳриддин Камолиддинов беш аз се даҳсола боз устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз фанни услубшиносӣ ва таҳрири забони адабӣ дарс мегӯяд. Вай ба ин натиҷа расидааст, ки насли пештара дар донишомӯзӣ ҷиддитар буд ва бо вуҷуди дастрасӣ ба тозатарин фанновариҳо, саводи донишҷӯи имрӯза бо саводи насли гузашта қобили муқоиса нест.
Баҳриддин Камолиддинов дар бораи фарқи донишҷӯи имрӯза аз донишҷӯи 30 соли пеш чунин назар дорад: “Донишҷӯёни гузашта барои гирифтани илм бештар ташнагӣ доштанд, имрӯз шояд ба далели фаровонии имконоти дастрасӣ ба илм бошад, ки донишҷӯён ба мисли он давра чандон ташнаи илм нестанд. Ғайр аз ин, маълумоти олидор, ки кам буд, ҳар ҷавон мехост, ки соҳиби илм шавад, бинобар ин кӯшиш мекарданд, ки соҳибкасбу соҳибмаълумот гарданд.”
Ҷомеъашиносон мегӯянд, иллати аслии камсавод мондани бисёр аз хатмкунандаҳои донишгоҳҳои кишвар фасод ва додугирифт дар байни донишҷӯёну баъзе устодон ва бо пул харидани баҳо аст.
Азиз Нақибзод, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Озодагон" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Сатҳи дониши ҷавононҳое, ки тоза донишгоҳро хатм кардаанд, хеле паст аст.Аз таҷрибаи худам мегӯям, ки вақте онҳо барои кор меомаданд , аз иҷрои одитарин супориш баромада наметавонистанд.”
Дар Тоҷикистон беш аз 35 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо ҳудуди 120 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Бузургтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон дар пойтахт - шаҳри Душанбе ҷойгиранд.