Ҷаббор Аҳмадов, раиси бахши ҲКТ дар вилояти Суғд рӯзи 27 декабр дар анҷумани ҳизб зимни пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ, ба номзадии Исмоил Талбаков дар мақоми дувуми феҳрист эътироз кард ва пешниҳод намуд, ки дар ҷойи дуввум фаъоли ҳизбӣ аз вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева қарор бигирад, зеро ба гуфтаи ӯ, ҲКТ дар Суғд зиёда аз 17 ҳазор узв дорад ва дар се интихоботи ахир ғолиб омадаанд
“Дафъаи гузашта дар анҷуман мо пешниҳод кардем, ки мо дар ҷойи дуввум қарор гирад, аммо махсус чунин кор карданд, ки ӯро ба дигар рақам гузаронанд. Имрӯз бояд принсип чунин бошад, ки аввал раиси ҳизб дуввум пешниҳоди кумитаҳои минтақавӣ бо назардошти миқдору шумор ва нуфузашон. Имрӯз мо яке аз занҳои беҳтарине, ки солҳои тӯлонӣ дар давраи вазнин кор кардаанд, Қурбонҷон Мирзоеваро пешниҳод мекунем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин пешниҳодро қабул накард ва гуфт, Исмоил Талбаков номзади арзанда барои ҷои дуввум аст: "Комилан мавқеи нодуруст аст. Тамоми Суғд агар овоз диҳад ба мо, як вакил ҳам намегузарад, барои як вакил, 135 ҳазор овоз даркор. Барои ҳамин мо шумораи интихобкунандаҳоро ба назар мегирем, ки Хатлон дар ҷойи аввал ва Суғд дар ҷои дуввум аст. Минтақаҳоро мо албатта дар назар мегирем. Аммо ҳеҷ кас ҷои Исмоил Талбаковро гирифта наметавонад. Мо инро имтиҳон кардем, омӯхтем. Дуюм одам, касе аст, ки лоиҳаҳои қонунро натарсида пешбарӣ кунад."
Посухи Шодӣ Шабдолов баҳсро шадидатар кард. Дар ниҳоят раҳбари ҳизб бо муроҷиат ба норозиҳо аз Суғд гуфт, ки ин нақшаи онҳо пешакӣ тарҳрезишуда аст ва аз ин рӯ метавонанд анҷуманро тарк кунанд: “Аз барвақт медонистем, ки шумо тарки анҷуман мекунед ва мо ҳам шуморо аз анҷуман хориҷ мекунем. Моро аз рафтан натарсонед.”
Ба ин тартиб ба феҳрасти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номҳои Мирзонабӣ Наботов, Муъмин Маҳмудов, Гулчеҳра Ёрматова, Сулҳия Қурбонова, Абдулло Хабиров, Зарарагул Мирҳасанова, Гулчеҳра Ёрматова, Сафаргул Давлатёрова ва чанд нафари дигар ворид шудаанд.
Аммо Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон, ҳизбе, ки бо вуҷуди фишорҳои зиёд вориди корзори интихоботӣ мешавад, ба хотири ҷилавгирӣ аз нофаҳмиҳое чун дар Ҳизби Комунист барои ҷойҳои аввал дар рӯйхат, зимни таҳияи феҳраст аз шеваи нав кор гирифт. Дар ин ҳизб номзадҳо вобаста ба ному насаб аз рӯйи ҳарфи алифбо дар феҳраст ҷойгир шуданд.
Ҳамин тавр Амният Абдулназаров дар сархати феҳрасти номзадҳои Ҳизби сотсиал демократ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, қарор гирифт. Ба рӯйхат ному насаби Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Улфатхонум Маҳмадшоева, Алим Шерзамонов, Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов, Мирҳусайн Назриев, Файзиниссо Воҳидова, Маҳмурод Одинаев ва раиси ҳизб Раҳматулло Зоийров, дар маҷмӯъ 28 нафар, ворид шудааст.
Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар нафаре, ки дар ҷарраёни маъракаҳои интихоботӣ фаъол асту метавонад барои ҳизб райъи бештар ҷамъ орад, дар ниҳоят ба сархати рӯйхат ва барои вакили маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад:
“Ҳадаф таъмини баробарӣ ва ташкили рақобат аст. Бояд дар технологияи интихоботӣ ҳам пеш равем. Ба ҳар як номзад як ҳавзаи интихоботиро пешниҳод мекунем, агар дар ҳамин ҳавза фоизи зиёдро ба ҳизб оварда тавонаду фаъол бошад, он одам рақами як дар рӯйхат мешаваду ғолиб меояд. Ва инро бо қарори ҳизб ба расмият медарорем. Яъне ҳар касе барои ҳизби парлумони шудани ҲСДТ мо кӯшиш кунад ба ӯ бартарӣ дода мешавад. Мо тасмим доштем, нисфи номзадҳоро аз ҳизб ва нисфаш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кунем. Мутаассифона аз ҷомеаи шаҳрванди бисёриҳо розӣ нашуданд, ки пешбарӣ кунем номзадҳояшонро, ба далели он, ки муносибати ҳукумат бо мо хуб нест. Вале бо ин вуҷуд чанд нафар ба рӯйхати мо ворид шуданд.”
Аммо аз руйхати пешниҳоднамудаи ҲСДТ, се нафар, аз ҷумла Дилбар Самадова ба далели машғул будан ба корҳои илмӣ, Шокирҷон Ҳакимов бинобар имкониятҳои маҳдуди молӣ ва ҳуқуқшинос Зариф Ғуломов аз номзадии худ сарфи назар кардаанд.
Анҷумани Ҳизби cотсиал-демократии Тоҷикистон, ин бор бидуни ҳамлаи кадом гурӯҳ, вале дар як шароити ногувор дар ҳуҷраи танги қароргоҳи ҳизб, ки дар як бинои истиқоматии 4 ошёна ҷойгир аст, баргузор гардид. Раҳматулло Зоиров ба монеаву фишорҳои мақомот алайҳи ин ҳизб таъкид карда дар зимн ишора ба мулоқоти раиси ҷумҳур бо раҳбарони аҳзоб кард, ки ӯ даъват нашуда буд. Вале бо ин ҳама Зоиров гуфт, ки ба корзори интихоботи бо умед ворид мешаванд ва умеди онҳо бештар аз ҳавзаи интихоботӣ дар минтақаи Бадахшон ва Конибодому Истаравшан будааст.
Номзад аз Бадахшон Алим Шерзамонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар овозҳои воқеии интихобкунандаҳо ба назар гирифта шавад, имкониятҳои ҳизб ва худи вай дар ҳавзаи якмандатӣ хеле зиёд аст: “Бо ин овозҳо бозӣ карда мешавад ва барои номзади мухолиф зарур мешавад, интихобкунандаи зиндаро 100 фоиз таъмин кунад ва 80 фоизи овозҳоро ба даст орад, то аз номзади ҳизби ҳоким пеш гузарад. Бо 50 фоиз албатта намояндаи ҳизби мухолиф гузашта наметавонад. Новобаста аз ин дар ин интихобот шонсҳои ҳизбу шахсан ман хеле баланданд.”
Ёдовар мешавем, аз ин пеш Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҲНИТ 28 нафарӣ, ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалистӣ 6 нафарӣ ва демократҳо 4 нафарро ба вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ карданд.