2020. Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон: "Дигар СССР намешавад"

Коммунистони тоҷик дар пояи ҳайкали Ленин. Душанбе, 7 ноябри соли 2017

Ҳизбе, ки “биҳишт дар рӯйи замин”-ро ваъда медод ва то сӣ соли пеш зимоми яке аз қудратмандтарин кишвари дунёро дар даст дошт, зоҳиран охирин нерӯи худро ҷамъ мекунад, то дар интихоботи порлумонии соли 2020 дар Тоҷикистон ширкат кунад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - куҳантарин ҳизб дар кишвар, ки то пошхурии Шӯравӣ бахши ҳизби яккаҳукмрони ин Иттиҳод буд, ба ҷаласаи пешазинтихоботии худ дар моҳи декабр омодагӣ мебинад. Ин ҳизб пас аз шикасти пай дар пай дар панҷ соли ахир тасмим дорад, ки 8 нафарро дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон номзад кунад.

Меъроҷ Абдуллоев, раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ҳизбро дубора бозсозӣ карданд ва бо нерӯи нав вориди рақобатҳои интихоботӣ хоҳанд шуд.

“Мо ҳатман барои ширкат дар интихобот номзад пешниҳод мекунем. Мегузаранд, ё не, аз интихобкунандагон вобаста аст”,--гуфт ӯ.

То панҷ сол пеш ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Маҷлиси Миллӣ ду курсӣ дошт. Шодӣ Шабдолов, раҳбари ин ҳизб, ки бештар аз 20 сол аз руйхати ҳизбӣ дар порлумон менишаст ва Исмоил Талбаков, муовини ӯ, ки ду даҳсола курсиашро дар порлумон аз ҳисоби ҳамин рӯйхат ҳифз мекард, соли 2015 аз курсиҳо маҳрум шуданд. Комиссияи Марказии интихобот эълон кард, ки ин ҳизб райъи кофӣ ба даст наовард. Раҳбарони он ба тақаллуб дар интихобот ишора карданд. Коршиносон гуфтанд, ки ду курсиро ҳизб ба хотири мавқеи интиқодиаш нисбати ҳукумат аз даст дод.

Шодӣ Шабдолов дар ҷаласае барканор шуд ва Исмоил Талбаков, ки ҷойгузини ӯ гашт, аз беморие даргузашт.

Яке аз анҷуманҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Ҳизби коммунист замони шӯравӣ бо назарҳояш дар бораи нодида гирифтани эътиқодҳои динӣ, арҷ нагузоштан ба озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон танқид мешуд. Ин ҳизб, ки ҳадафи аслии худро расидан ба коммунизм, як ҷомеаи боадолат тавсиф мекард, дар пайи сиёсатҳои нодуруст, иттиҳоди бунёдкардааш иборат аз 15 кишвар аз ҳам пошид ва зиндагии аксари сокинон Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ, ба қавле “ба дузах” табдил ёфт. Идеологияи ин ҳизб дар як қатор кишварҳои ҷаҳон боқист ва дар ҷумҳурии Куба, Чин ва Кореяи шимолӣ бо шаклҳои андаке фарқкунанда ҳанӯз идеологияи давлатист.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, барномаашро дигар кардааст ва дигар орзуи бозгашт ба Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро надоранд, вале бо ҳизбҳои ҳамандеши худ дар Чин, Кореяи шимолӣ ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамкорӣ дорад.

“Барномаи ҳизби мо аз сиёсати ҳозираи давлат пуштибонӣ мекунад ва дигар талоши бозгашт ба СССР-ро надорем. Дигар СССР намешавад”,--Меъроҷ Абдуллоев, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

Сарвари коммунистони Тоҷикистон ҳарферо мезанад, ки ба гуфтаи коршиносон, аз бозгӯи мавқеи рӯ ба ҳукумат доштанаш дарак медиҳад ва дигар ҳизби мухолиф нест. Ҳоло, ба гуфтаи Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, ин ҳизб дар чунин шакл, ки ҳеҷ мухолифате ба давлат надорад, барои ҳукумат танҳо ба хотири “намоиши як ҷомеаи бисёрҳизбӣ” зарур аст.

Дар асл, ба гуфтаи ӯ, ин ҳизб, ки аз бунёдаш ба яккаҳукмронӣ одат карда буд, пас аз Шӯравӣ ба муҳити бисёрҳизбӣ созгор нагашт ва рақобатро аз даст дод.

“Ин ҳизб ҳоло дар дохили бӯҳрони зеҳнӣ, идеологӣ ва инсонӣ аст. Барои ҳамин солҳои наздик умед надорем, ки ин ҳизб тавонад мавқеи худро дубора барқарор кунад”,-- гуфт Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон агар бо роҳи дигар мерафт ва идеологияи худро бо такя ба мушкили мардум мутобиқ мекард, бо дарназардошти маҳбубияти меросии замони шӯравӣ шонси ҳузури қавӣ дар арсаи сиёсӣ дар Тоҷикистонро дошт.

Маҳмадазимов меафзояд, “ҳоло на танҳо ҳизби коммунист, балки дигар аҳзоб низ барномаҳои амалии таъмини адолати иҷтимоиро надоранд”.

Тоҷикистон, ки пас аз пошхӯрии Шӯравӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, зиндагӣ сангин гашт ва шояд ба ин хотир аксаран аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳасрат мехӯранд ва орзуи бозгашти онро доранд. Сангамад Аброров, як коммунисти куҳансоли Тоҷикистон мегӯяд, вақте истиқлол эълон шуд, зиндагии сокинон ба мушкил печид.

Ин мард, ҳанӯз бозгашт ба Шӯравиро мехоҳад, вале мегӯяд, ба ҳизби кунунии коммунистӣ эътимод надорад. Ба гуфтаи ӯ, инҳо як “аз тоифае ҳастанд, ки дар шикасти Шӯравӣ даст доранд”.

“Ман шӯравиро мехоҳам, вале аллакай набераи ман чизе дар бораи он замон намедонад ва онро намехоҳад”,-- изофа кард ӯ.

Насли пас аз истиқлол, ки ҳоло наздики сӣ сол доранд, дар бораи Ҳизби коммунист маълумоти сатҳӣ дорад.

Сиёвуш Раҳимзода, як ҷавони муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ҳизбҳо дар Тоҷикистон ҳамеша сунъӣ арзи вуҷуд доранд ва ҳеҷ гоҳ ба дили мардум роҳ наёфтаанд. Ӯ гуфт, ки ҷавонон ҳоло на танҳо ҳизби коммунист, балки дигар ҳизбҳои мавҷуд дар Тоҷикистонро низ аз рӯйи идеология ҷонибдорӣ намекунанд.

“Ҳизби коммунист дар зеҳни ман як гурӯҳ аз кӯҳансолонро бо костюмҳои кӯҳнаи медалдор пеши назар меорад, ки аз дасташон коре намеояд. Дигар ҳизбҳо ҳам идеологияе надоранд, ки сидқан ҷавонони мо онро пайравӣ кунанд. Ҳизби коммунистро тамоман намефаҳаманд”,--гуфт ӯ.

Аммо Меъроҷ Абдуллоев, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳарф ғалат аст ва аз 32 ҳазор узви ҳизб, 28 дар садаш ҷавонон ҳастанд.

Сулаймон Шоҳзод, номзади илмҳои сиёсӣ мегӯяд, идеологияи ин ҳизб куҳна шудааст, вале дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо шеваҳои нав зуҳур кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин идеология дар кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто Амрико, бо шакли хашини чапгароёна вуҷуд дорад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, бо назардошти ҳасрати аз Шӯравӣ боқӣ монда эҳтимоли фаъол шудани ин ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Танҳо ба гуфтаи ӯ, он ба чеҳраи шинохта ва фаъол ниёз дорад.

Аммо Маҳмадазимов мегӯяд, шонси дубора қавӣ шудани ин ҳизб хеле кам мондааст. Ба гуфтаи ӯ, агар дар интихоботи оянда ин ҳизб курсиеро дар порлумон ба даст орад, эҳтимол як навъ ҷон ба саломат барад, дар сурати ғайр эҳтимоли нопадид шуданаш аз саҳнаи сиёсат вуҷуд дорад.

Аз 63 вакили порлумони Тоҷикистон, ки қарор аст, соли оянда иваз шаванд, танҳо як нафар узви ҳизби комунист аст, ки аз ҳисоби худпешбарӣ курсиро ба даст овардааст.

Ҷаббор Ахмедов, ки бо раҳбари собиқи Ҳизби коммунист ихтилофи назар дошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз тасмими ширкат дар интихоботи ояндаро нагирифтааст. Ба суоли ин, ки ҳоло худро узви Ҳизби коммунист медонад ё не, посухе надод.

Чаҳор моҳ пас, 1-уми марти соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Аз моҳи оянда омодагии ҳизбҳо ба интихобот расман оғоз мешавад.