Баҳси бонки исломӣ дар кишвари дунявӣ ва муноқишаи марзӣ дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Оғози кори бонки исломӣ дар Тоҷикистон ва низоъ дар марз бо Қирғизистон аз мавзуҳои пурбаҳси корбарони Радиои Озодӣ буд.

Аксари корбарони Радиои Озодиро ба фаъолият оғоз кардани як бонки исломӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст ва онҳо чандин суоли беҷавоб доранд, ки посухашро мехоҳанд.

Бахусус дар бораи он ки оё ин бонки исломӣ барои қарз додан ба муштариён фоиз ё баҳра мехоҳад, ё не.

Алишер дар Инстаграм гуфтааст, "наход онҳо бидуни баҳра ба сокинон пул диҳанд?" Айни чунин суолро Ҷамшед Абдуллоев ҳам дар Фейсбук додааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси бонки исломӣ дар кишвари дунявӣ ва пешниҳод барои қатъи хунрезӣ


Лола дар вебсайти Радиои Озодӣ пурсидааст, "бонки исломӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ қарз медиҳад? Чӣ шарт дорад?" Дар ҷавоб Саидбек Беқулов дар Фейсбук навиштааст, ки "қарзҳои бефоизро дар хоби шаб мебинед." Хирадманд бовар дорад, ки ҳадафи ҳам бонкҳои дунявӣ ва ҳам бонкҳои исломӣ як аст: ба даст овардани манфиати бештар аз ҳисоби муштариён. "Бонкир" гуфтааст, "бонкҳое, ки ба таври маъмулӣ натавонистанд, фаъолият карда фоида бинанду биёранд, чӣ гуна метавонанд бо системаи бонки исломӣ кор кунанд?"

Ҷалил Таваккалов умедвор аст, ки "Тавҳидбонк" "дар самти пурра кардани ҷойҳои холии ҳама намудҳои хизматрасонии муосири бонкӣ комёб мегардад". "Шаҳрванд" аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки "чаро бонки исломӣ дар кишвари дунявӣ иҷозаи кор дорад, аммо сатру риш ва равиши исломӣ не?"

Аз ин бигзарем, ин ҳафта бисёриҳо дар бораи муноқишаи маргбор дар сарҳад бо Қирғизистон баҳс кардаанд. Аксари корбарон хостори ҳарчӣ зудтар нуқта гузоштан ба ҷараёни таъйини марз ҳастанд, ки ин масъала тайи солҳои ахир боис ба марги чандин нафар шудааст. Вале нигаронии корбаре бо номи "Бемор" ин аст, ки "чаро омилони муноқишаҳо бе ҷазо мемонанд?" Парвиз бо баёни он ки "бояд пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад", аз корбарон хостааст, "коре накунанд, ки боис ба фитнаву ҷанг шавад."

"Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст. Чанд сол Узбекистон мушкил эҷод мекард ва мо тавассути Қирғизистон бор меовардем. Рӯзҳои хуби гузаштаро бояд фаромӯш накунем", -- навиштааст ӯ дар сомонаи Радиои Озодӣ.

Амирҷон дар Фейсбук гуфтааст, "то хатти сарҳадро ҷудо карда, симхор накашанд, муноқишаҳо бас намешавад." Равшан Ҳомидов дар ҷавоб гуфтааст, "мебахшед, симхор кашидан мушкилро ҳал намекунад. Чун мардум дар онҷо омехтаанд ва имкони ҷудо намудани сарҳад дар ин минтақа нест."

Вай пешниҳод кардааст, "ба минтақаҳое, ки сарҳадро муайян намудан имкон надорад, мақоми алоҳида дода шавад, то ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо бе душворӣ зиндагӣ кунанд." Шумо ҳам ба баҳсҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ҳамроҳ шавед. Фиристодани видеоҳои худро фаромӯш накунед.

Ба рақамҳои

+420 607 900 808;

+992 980 15 10 10,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

Вотсапу Телеграм ва Имову Вайбер дорем. То барномаи оянда!