Дар таркиби рангҳои ороишии сохтмонӣ, ки дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, миқдори зиёди сурб мавҷуд аст, ки ба саломатии инсон зарар мерасонад. Дар ин миён аз ҳама бештар рангҳои истеҳсоли ширкатҳои эронӣ дар таркиби худ сурб доштаанд. Ҳоло 49 дарсади рангҳои сохтмонӣ ба Тоҷикистон аз Эрон ворид мешаванд.
Ташкилоти “Бунёди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ” моҳи июни соли ҷорӣ аз фурӯшгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон намунаи 51 қуттии рангҳои сохтмониро, ки истеҳсоли 29 ширкат будаанд, барои ташхис ба Амрико фиристода буд. Дар маросими муаррифии натиҷаи ин таҳқиқот, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гашт, гуфта шуд, ки 48 намунаи ранг ва ё 94 дарсади он аз 90 ППМ (parts per million) зиёд сурб доштанд. Ҳангоми ташхиси 10 қуттии ранги дигар муайян шудааст, ки дар таркиби онҳо меъёри хатарноки сурб мавҷуд мебошад.
Миқдори сурб дар таркиби рангҳоро бо пи-пи-эм (parts per million) муайян мекунанд ва меъёри он дар кишварҳо гуногун аст. Ба таври мисол, меъёри он дар Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 90 PPMаст. Дар Русия ва кишварҳои шомили Иттиҳоди АвруОсиё ин меъёр то 600 пи- пи- эм муқаррар шудааст. Алвон Пайнт (Alvan Paint) ранги истеҳсоли Эрон дар садри рангҳои хатарноки дорои сурб қарор доштааст. Ин моддаи кимиёвӣ дар таркиби ин навъи ранг ба 80 000 (ҳаштод ҳазор) пи пи эм баробар будааст.
Муаззама Бурҳонова, роҳбари ташкилоти “Бунёди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “махсусан рангҳои равшан аз меъёр зиёд сурб илова карда шудааст. Барои он ба рангҳо сурб илова мекунанд, ки равшан, ҷилодор ва таваҷҷуҳбарангез шавад. Ҳеҷ кас аз саломатӣ фикр намекунад.”
Ба гуфтаи донишмандон, сурб аз ҳама бештар ба асаб ва мағзи сар таъсири манфӣ мерасонад. Ба вижа, ин моддаи кимиёвӣ боиси кундзеҳнӣ ва монеи инкишофи ақлонии кӯдакон мешавад. Миқдори сурбе, ки дар таркиби рангҳо вуҷуд дорад, ҳангоми рангубор кардан ва ё рангҳои хушкро дубора тарошидан, ба организми инсон ворид мешавад.
Ҳасан Шеров, экологи тоҷик мегӯяд, воридоти рангҳои дорои миқдори зиёди сурбро бояд бо худи истеҳсолкунандагони ин маҳсулот ҳал кард. Чунки ба гуфтаи вай, таркиби рангҳо бо чашм мушоҳида намешавад ва ҳангоми ворид шудани он ба кишвар, хоҳ-нохоҳ ба мардум зарар мерасад.
Вай мегӯяд, ки “сурб яке аз элементҳои химиявие мебошад, ки ҳамчун элементи токсикӣ буда, ба гуруҳи хатарнокии якум дохил мешавад. Барои он, ки таъсири он ба ҷамъият кам ваё бартараф карда шавад, истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти сохтмонӣ ба хусус рангҳои ороишӣ, аз тарафи худашон бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи масъулон, то ҳол дар нуқтаҳои гумрукӣ, рӯйхати миқдори маводи кимёвӣ дар маҳсулотро дар ихтиёр надоранд. Ҳамчунин масъулони ин таҳқиқот мегӯянд, дар Тоҷикистон ташхисгоҳи муайянкунандаи сурб дар таркиби рангҳо мавҷуд нест. Гузашта аз ин, дар навиштаҷоти ҳеҷ як қуттиҳои ранг таркиби он навишта нашудааст, ки чӣ миқдор сурб дорад.
Меликшоҳ Мавлонзода, корманди "Тоҷикстандарт" мегӯяд, бо онки сурбро дар дохили ранг бо чашм мушоҳида намешавад, бояд ниҳодҳои зирабт номгӯи моддаҳои кимимёвии зарарнокро тартиб диҳанд. “Лаборатория, ки иҷозат дод, таркибашро муайян кард, мо дар асоси протоколи вай сертификати вайро медиҳем. Ба чашм мо ягон чиз карда наметавонем”-, афзуд Меликшоҳ Мавлонзода.
Мутахассисон мегӯянд, бо истифода рақиқсозӣ ё омезиши дигар моеъҳо, мешавад зарари сурбро дар ранг кам кард. Барои кам кардани зарари ин модда дар организм, табибон истеъмоли зиёди маҳсулоти шириро тавсия медиҳанд.
Рангҳои сохтмонӣ ягона маҳсулоти дорои сурб нест. Сӯзишворӣ, хусусан бензин, яке дигар аз маҳсулоти дорои сурб ба шумор меравад. Танҳо навъи бензини неэтилиронӣ, ки бо дигар моддаҳо омехта мешавад, барои истифода камзарар дониста мешавад. Сурби таркиби бензин танҳо баъд аз истифода дар дохили муҳаррик тавасути дуд ва газ, ба фазо паҳн мешавад. Вале як мушоҳида нишон дод, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ишораи бензини этилиронӣ ё неэтилиронӣ, вуҷуд надорад.
Дар Тоҷикистон зарари сурб ба организми сокинон ва пайдоиши бемориҳо аз ин моддаи кимиёвӣ, дақиқан таҳқиқ нашудааст. Вале аз рӯи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳар сол дар ҷаҳон ҳудуди 600 ҳазор ҳолатҳои вайрон шудани раванди инкишофи зеҳнии кӯдакон мушоҳида мешавад. Вуҷуди миқдори зиёди сурб дар организм дар саросари ҷаҳон ҳар сол боиси марги 143 ҳазор нафар мешудааст.