Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Спитамен, дафтари созмони ҲНИТ дар ин минтақаро, ки дар синамои “Пахтакор” ҷойгир буд, бастаанд.
Сафармуҳаммад Абдуллоев, раҳбари созмони ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен ба "Озодӣ" гуфт, ки субҳи сешанбеи 8 - уми апрел дафтари ҳизбашро муҳрзада дид. Вай афзуд: “Аз болои муҳр ширешкоғаз (скотч) часпонидаанд. Ман барои як кори таъҷилӣ ба Хуҷанд шитоб доштам ва фаҳмидан натавонистам, кадом ниҳод дари дафтарамонро бастаанд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, бастани дафтари созмони ҳизбаш эҳтимол ба номаи раиси ноҳияи Спитамен аз 10-уми феврали соли равон бастагӣ дорад, ки дар он мақомот шартномаи иҷораи утоқҳои синамои “Пахтакор” аз ҷониби ҳизби мазкурро ба далели “мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон манъ будани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар муаассисаҳои фарҳангӣ” ғайриқонунӣ номида, талаб карда буданд утоқи синаморо холӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳукумати Спитамен аз ҷониби онҳо баста шудани дафтари ҲНИТ дар ин маҳалро пинҳон надоштанд ва мегӯянд, барои ин амал далели қавие дар даст доранд. Ҷамшед Юнусов, мудири шуъбаи амволи ҳукумати ноҳияи Спитамен дар сӯҳбати телефонӣ бо "Озодӣ" дар ин бора чунин гуфт: “Мутобиқи қарори 537-и Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи моликияти давлатӣ” аз 2 - юми ноябри 2011 мо ба шарти таъмири бинои фарсудаи синамо утоқҳои онро ба тариқи бемузд дар ихтиёри ҳизби мазкур гузошта будем. 3 сол гузашт ва ҳизби мазкур бояд он утоқро холӣ мекард ё барои иҷораи он бо кумитаи амволи давлатии кишвар шартнома мебаст. Чунки шартномаи байни созмони ин ҳизб бо корхонаи фаръии давлатии “Кино ва видео” асоси ҳуқуқӣ надорад. Мо бо номаи расмӣ онҳоро дар ин бора огоҳ кардем. Аммо онҳо аз нав шартнома набастанд. Бинобар ин, мо ба онҳо гуфта истодаем, ки муҳлат тамом шуд, биноро холӣ кунед.”
Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Юнусов, қарори мазкур баргардонидани маблағи таъмир ва иҷораи онро пешбинӣ накардааст, аз ин рӯ, масъулони созмони ҲНИТ набояд ба бозгашти маблағи худ аз сӯи мақомот умедвор бошанд. Дар ҳоле ки масъулони бахши суғдии ҲНИТ мегӯянд, барои иҷораи синамои “Пахтакор” аз соли 2011 то 2019 ҳудуди 11 ҳазор сомонӣ пешпардохт карда, бар замми он боми синаморо аз маблағи худ таъмир намуданд ва баъди ин ҳама кор аз толор ба кӯча ронда шудан дуруст нест.
Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ, ки аз манфиати ҲНИТ дар ин қазия ҳимоят дорад, мегӯяд, ҳоло аз роҳи додгоҳӣ барои баргардонидани маблағи ин ҳизб талош доранд: “Мо аз номи ҲНИТ ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кардем, ки маблағи иҷораву таъмири боми синамои “Пахтакор”, ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ аз корхонаи фаръии давлатии “Кино ва видео” ва ҳукумати ноҳияи Спитамен рӯёнида шавад.”
Хонум Воҳидова афзуд, ки шартномаи байни корхонаи “Кинову видео” ва ҲНИТ моҳи январи соли 2011 баста шуда, дар он ҳеҷ гуна шартҳои пешбинигашта дар Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷора” сарфи назар нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҲНИТ дар вилояти Суғд кӯшиши рондани созмони ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен аз утоқи иҷорааш аз сӯи мақомоти ҳукумати ин маҳалро фишор болои ин ҳизб ба хотири ҷилавгирӣ аз тавсеи фаъолияташ дар остонаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Аммо ин иддаоро мақомоти Спитамен радд мекунанд ва мегӯянд, амали онҳо танҳо ба хотири таъмини риояти иҷрои қонун сурат мегирад.
Усмонҷон Ҷӯраев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа дар ҳукумати ноҳияи Спитамен дар сӯҳбати телефонӣ ба “Озодӣ” гуфт, баста шудани дафтари созмони ҲНИТ дар ин маҳал ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад ва мақомоти Спитамен бо ҳамаи 6 ҳизби сиёсии расмие, ки расман дар Спитамен фаъолият мебаранд, ҳамкорӣ доранд.
Бахши Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба гуфтаи масъулони ин ҳизб, беш аз 15 ҳазор узв дорад ва аз ҳизбҳои умдаи мухолифи давлат маҳсуб меёбад. Дар ноҳияи Спитамен Ҳизби наҳзати исломӣ ҳудуди 500 нафар узв доштааст.