Бино ба иттилои маъулони Маркази обу ҳавошиносӣ маҳз тағйири босуръати иқлим ва боло рафтани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон метавонад боиси сар задани селҳои харобиовару пурхисороте, мисли селҳои ахир дар вилояти Бадахшон гардад.
Ин мутахассисон мегӯянд, чунин хатар бештар ба минтақаҳои доманакӯҳ ва сераҳолии Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Пажӯҳишҳои ахир низ муайян кардаанд, ки то соли 2050 ҳарорати ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 1,5 дараҷа ва дар қисматҳои кӯҳистонӣ то 0, 6 дараҷа аз ҳарорати феълӣ баланд хоҳад шуд.
Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 26 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати болоравии ҳарорати ҳаво дар солҳои наздик, хатари сар задани обхезиву офатҳои табии ҳам дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт: “Ҳарорати ҳаво имсол, барои мисол, дар Бадахшон аз 7 то 9 дараҷа нисбат ба ҳарорати соли гузашта баланд шуд, ки дар натиҷа сел омад. Агар чунин ҳодисаҳо пай дар пай дар солҳои наздик рух диҳад, шумораи рӯзҳои селфароӣ на танҳо дар Бадахшон, балки шояд дар вилояти Суғд ҳам ба қайд гирифта мешавад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мутахассисони соҳа мегӯянд, сар аз соли 2000-ум дар қисми зиёди Тоҷикистон ҳарорат пайваста баланд ва таъсири тағйири иқлим ҳам бештар эҳсос мешавад.
Аммо пажӯҳише, ки ахиран аз ҷониби Барномаи Дастгирии Рушди Минтақаҳои Куҳӣ, ки марбут ба Сандуқи Оғохон аст, анҷом шуд, мушаххас кардааст, ки дар 5 соли ахир дар ин кишвар, мизони офатҳои табиӣ афзуда ва хисороти зиёди ҷониву молӣ дар пай доштааст.
Бино ба натиҷаҳои ин таҳқиқот, ки дар 3 ноҳияи вилояти Бадахшон ва 4 ноҳияи Бадахшони Афғонистон анҷом шудааст, тағйири иқлим бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ ва муноқишаҳо байни мардумони деҳоти мухталифро барои обе, ки аз як чашма мегиранд, зиёд кардааст.
Адаб Абдулқодиров, намояндаи Барномаи Дастгирии Рушди Минтақаҳои Куҳӣ мегӯяд: ”Дар бисёр ноҳияҳо сарчашмаҳои об кам шуда истодааст ва барои ин байни қишлоқҳо ҷанҷолҳо ҳам афзоиш меёбад. Бино бар ин ҳоло мо бо мардум роҳҳои самаранок истифода бурдани захираи об ва ҳам роҳҳои коҳиши хатари ярчу офатҳои табииро меомӯзем.”
Оқои Абдулқодиров мегӯяд, яке аз роҳҳои кам кардани ин хатарҳо истифодаи дурусти замин аст. Қаламрави Бадахшон, ба гуфтаи ӯ, 99 фоиз аз кӯҳҳо ва танҳо як фоиз аз водӣ иборат аст ва аксар заминҳо дар нишебианд. Барои кам кардани хатари ярчу офати табиӣ мардум бояд, ба қавли ӯ, “дар ин заминҳо дарахти зиёд шинонад ва бештар ҷангалзор бунёд шавад, аммо ҳоло тавре мушоҳида мешавад, аксаран қувваи корӣ дар муҳоҷиратанд ва заминҳо ҳам дуруст истифода намешаванд.”
Дигаргуниҳо дар иқлим ва боду ҳаворо на танҳо пажӯҳишгарону олимон, балки мушоҳидаҳои мардуми оддии минтақаҳои куҳӣ ҳам собит мекунад, ки мегӯянд, дар як сол шоҳиди селу обхезиҳои зиёду пурхисорот шудаанд.
Давлатбек Азимов, сокини 62-солаи Бадахшон мегӯяд: “Имрӯз сел қариб ҳар сол бо даҳшати зиёд мефарояд. Ҳоло мо ҳар сол чанд бор шоҳиди сел мешавем. Обшавии яхҳо заминро нарм кардааст.”
Созмонҳои байналмилалӣ муайян кардаанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба давлатҳои дар ҳоли рушд бинобар он, ки имконияти мутобиқшавияшон заиф аст, бештар мебошад. Олимони тоҷик ба ин хулоса омадаанд, ки тағйири иқлим ногузир аст ва хисороти зиёде дар пай хоҳад дошт. Аммо Абдулҳамид Қаюмов, олими тоҷик мегӯяд, ҳоло гурӯҳи вижаи таҳлилие бо шумули даҳҳо донишманд ташкил ёфтаву роҳҳои кам кардани хатару хисоротро меомӯзанд: “Ҳолати феълии кишвар – фаромадани селҳоро мо бояд ҳаматарафа таҳлил кунем. Чаро дар давоми як шабонарӯз қариб 12 маротиба сел омадааст? Мо бояд аз нигоҳи илм асоснок кунем ва роҳҳои кам кардани хисоротро кор карда бароем.”
Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ ва рафъи мушкилоти умдаи ҳавосанҷони тоҷик, Бонки ҷаҳонӣ 5 миллион доллар ихтисос додааст. Қарор аст, бо ин маблағ дар беш аз 50 нуқта дар Тоҷикистон таҷҳизоти муосири ҳавосанҷӣ ва омӯзиши ҳарорати ҳаво насб шавад.
Аммо тағйири иқлим дар Тоҷикистон ба он сабаб гардида, ки ба иттилои мутаххассисон, дар муддати 60 соли ахир ҳудуди 30 дарсади пиряхҳо об шуда ва ҳазорҳо пирях аз байн рафтааст.
Обшавии пиряхҳо дар пайи гарм шудани ҳарорати ҳаво ба афзоиши селу обхезиҳо сабаб гаштаааст. Танҳо дар селҳои моҳи июл дар Бадахшон 7 нафар ҳалок ва 5 тани дигар беномунишон шуданд. Селу обхезиҳои ахир ба иқтисоди Тоҷикистон, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 600 миллион сомонӣ, муодили қариб 100 миллион доллар хисорот ворид кард ва ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи паёмадҳои ҳаводиси табиӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак кард.