Оби пок дар они воҳид. Кашфиёте барои поксозии оби ифлос

Кӯчаҳои зери об мондаи шаҳри Хабаровски Русия

Як гурӯҳи байналмилалии пажӯҳишгарон роҳи содатарини тавлиди оби поки ошомиданӣ дар ҳолатҳои фавқулодаро пешниҳод кардааст. Ба қавли донишмандон оби олуда ҳангоми убур аз исфанҷ ё худ лиф, аз бактерияҳо озод мешавад.
Вақте офат бар сари инсонҳо меояд, авввалин мушкили мардуми наҷотёфта, дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ аст.

Баъди тсунамии уқёнуси Ҳинд дар соли 2004-ум, ки даҳҳо ҳазор нафарро ба ҳалокат расонда, садҳо ҳазор нафари дигарро аз оби пок маҳрум карда буд, донишмандони ИМА, Австралия, Малайзия ва Сингапур бо ҳадафи дарёфти роҳи осонтарини поксозии оби олуда гурӯҳи муштараке таъсис доданд.

Баъди озмоиши якчанд пешниҳод гурӯҳ ба хулоса омад, ки гели исфанҷмонанд ҳамроҳ бо зарраҳои хурд ё худ нанопораҳои нуқра дар они воҳид обро ҷаббида, бактерияшро безарар мекунад. Ҳамин тариқ дар давоми чанд сония об поку ошомиданӣ хоҳад шуд.

http://www.ozodi.org/flashembed.aspx?t=vid&id=25087898&w=512&h=291

Вилям Крантз-устоди Маркази таҳқиқоти Донишгоҳи технологии Нанянги Сингапур, ки дар ин пажӯҳиш саҳм гирифтааст, мегӯяд: “Ин гел на танҳо обро пок ва барои нӯшидан муносиб пок мекунад, балки ҳамчунон тамоми зарраҳое, ки боиси беморӣ мешаванд, маҳв менамояд. Ин амал хеле ҳам зуд иҷро мешавад.”

Озмоиш собит намуд, ки истифодаи гел обро аз ду бактерия: Эшеришия колӣ ва Басилус субтилис(Escherichia coli, Bacillus subtilis), ки дар пайи офатҳо зуҳур мекунанд, пок менамояд. Дар зери таъсири гел дар давоми 15 сония шумораи бактерияҳо аз 100 ҳазор то як миллион баробар камтар мешавад.

Крантз хотирнишон мекунад, ки барои поксозии ним литр об дар як ҷаббидан 3 грамм гел кифоят мекунад. Ба қавли ин донишманд гел ба зудтарин фурсат шакли пешатараашро гирифта, метавонад 20 бори дигар ҳамин амалро иҷро кунад.

Ходими пажӯҳишгоҳи ба номи Рафаэллои шаҳри Милан, хонум Даниэла Мария Чирилло, ки раҳбарии бахши мубориза бо бактерияҳои ин марказро бар дӯш дорад, мегӯяд, истифодаи ин гел дар амалиёти рафъи офатҳои табиӣ кӯмаки бузург хоҳад расонд.

Пажӯҳишгарон илова мекунанд, ки барои баровардани ниёзмандии як нафар ба гел, яъне оби пок дар шароити офати табиӣ, миқдори гел ба маблағи ним доллар кофӣ мебошад. Ҳамчунон партоби гел тавассути ҳавопаймо кайфияти онро поин нахоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол хонум Чирилло таъкид мекунад, ки озмоиши гел дар шароити мухталиф бояд идома ёбад. Дар ин робита Крантз гуфтааст, ки озмоиши гел дар Бурма, Индонезия ва Тайланд идома дорад ва натиҷаи он ба зудӣ эълон хоҳад шуд.