Ҳарчанд аз сар задани муноқиша миёни ин гурӯҳи ҷавонон ду рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо то ҳол сабаби сар задани ин задухӯрд дақиқан мушаххас нашудааст.
На раҳбарияти мактаби 32 ва на аз мактаби 59 то ҳол намедонанд сабаби аслии моҷаро чӣ будааст. Мақомоти интизомӣ низ бо сабаби халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд.
Идигул Зоирова, раҳбари мактаби 32-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо афзуд, хонандагони мактаби онҳо шоми 17-уми феврал, замоне аз интернеткафеи наздики мактабашон мебароянд бачаҳои мактаби 59 наздашон омада ҷанҷол мебардоранд. Тавре хонум Зоирова мегӯяд Ҷовидон то ҳол ягон бор дар ҷанги байни мактабҳо иштирок накарда буд. Вай маъмулан пас аз дарс ба хона меравад ва назорати волидонаш ҳам хеле қавист: «Аз рӯй сӯҳбате, ки ман бо хонандагон доштам онҳо гуфтанд дар интернеткафе нишаста буданд, ки бачаҳои мактаби 59 омада ба сари онҳо ғурғур кардаанд. Баъд вақте инҳо аз интернеткафе берун мешаванд онҳо омада занозаниро сар мекунанд. Маъмулан миёни мактаббачгон ақидае ҳаст, ки онҳо гӯё минтақаи худро доранд. Вақте хонандаи як мактаб ба минтақаи онҳо меравад ӯро зери латукӯб қарор медиҳанд. Ва ё баръакс. Аммо ҳоло дақиқан намедонам чӣ гап шудааст.»
Ҷонишини мудири мактаби 59 Мавзуна Назирқулова бошад, мегӯяд то ҳоли ҳозир мақомот ба онҳо иҷоза надодаанд, ки бо шогирдонашон сӯҳбат кунанд ва сабаби моҷароро дақиқ намоянд. Тавре хонум Назирқулова афзуд дар ин ҷанҷол 4 нафар аз шогирдони онҳо даст доштааст. Иқболшоҳи Ҳақназар, ки Ҷовидонро корд задааст, ба нақли муаллима Назирқулова дар оилаи на чандон солим тарбият ёфтааст. Зеро ҳам падар ва ҳам модари Иқболшоҳ маъюби гурӯҳи аввал буда, ба ғайр аз ин боз 9 фарзанди дигар доранд, ки ғолибан беназоратанд: «Мо бо падару модари Иқболшоҳ сӯҳбат кардем онҳо мегӯянд аз ин амал огоҳ нестанд ва чизеро намедонанд. Онҳо, ки маъюбанд барои тарбияти фарзанд шароити хуб надоранд.»