Задухӯрди нав дар пойтахти Арманистон (ВИДЕО)

Рӯзи 30 июл задухӯрди нав байни нирӯҳои пулис ва як гурӯҳи силоҳбадаст, ки аз 17 июл як идораи пулисро ишғол кардааст, сурат гирифт. Дар бораи тир хӯрдани як афсари пулис гузориш мешавад.

Мақомоти Арманистон мегӯянд, як афсари пулис рӯзи 30 июл ҳадафи тири афроди силоҳбадасте, ки дар бинои пулиси дидбонӣ (ППС) дар минтақаи Эребунии шаҳри Ереван камин гирифтаанд, қарор гирифт. Қаблан мақомот ин гурӯҳи силоҳбадастро ҳушдор доданд, ки рӯзи 30 июл ин биноро тарк кунанд, вагарна ба амалиёти густарда рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ин гурӯҳи силоҳбадаст бо талаби раҳоии раҳбарашон Жирайр Сефилян ва истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян аз 17 июл ин бинои пулисро ишғол кардааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки пулиси Арманистон шаби 29 июл бо садҳо нафари гирдиҳамомада дар назди як шӯъбаи пулиси пойтахт, шаҳри Ереван, ки аз сӯи як гурӯҳи мухолифин ишғол шудааст, вориди задухӯрд шуд. Хушунатҳо дар минтақаи Эребуни, ки аз ҷумла се хабарнигори Радиои Озодиро захмӣ ба ҷо гузошт, дар ҳоле сурат гирифт, ки аз сӯи шӯъбаи пулиси ишғолшуда садои тиру таркиш ба гӯш мерасид. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё нирӯҳои амниятӣ ба амалиёти густарда оғоз кардаанд ё на?

Сухангӯи пулиси Арманистон Ашот Аҳорян дар Фейсбук навишт, ки “ягон навъ амалиёт” ба зидди мухолифини силоҳбадаст рӯи даст гирифта нашудааст. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки бар асари тирандозӣ аз сӯи бинои ишғолшудаи пулис як маъмури пулис тир хӯрда, ба бемористон интриғол дода шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Задухӯрди пулис бо эътирозгарон дар Ереван

Аҳорян ҳамзамон аз истифодаи нирӯ алайҳи тазоҳургарон ҳимоят карда, гуфтааст, ки онҳо қасд доштанд, ки ба силоҳбадастони сангаргирифта дар дохили бинои пулиси минтақаи Эребуни бипайванданд.

Дар бораи боздошти даҳҳо тазоҳургар ва ба бемористон интиқол дода шудани 30 тан аз онҳо, ки дар ҷараёни даргириҳо бо пулис ҷароҳат бардоштаанд, гузориш мешавад.

Эътирозгарони ҳаводори гурӯҳи силоҳбадаст ба таври ғайриинтизор талош карданд, ки аз самти маҳаллаи ҳамсояи Саритоғ ба бинои ишғолшуда дароянд. Бархеи онҳо ба сӯи пулис санг меандохтанд. Пулис дар ҷавоб аз норанҷакҳои садоӣ истифода бурд. Раҳбари идораи пулиси Ереван Ашот Карапетян ва дигар афсарони баландпояи интизомӣ ду раҳбари тазоҳургарон – Армен Мартиросян ва Левон Барсегянро ҳушдор доданд, ки онҳо бояд издиҳомро ба маркази шаҳр баранд. Карапетян гуфт, “Армен, шумо онҳоро назорат карда наметавонед. Онҳо санг меандозанд. Бархе маъмурони пулис захмӣ шуданд. Ба мардум бигӯед, қафо баргарданд, ба маҳалле, ки гирдиҳамоӣ доштед.”

Армен Мартиросян гуфт, ин “иғвогарон”-анд, ки санг меандозанд. Ӯ афсарони пулисро итминон дод, ки издиҳом қасди рӯёрӯӣ бо пулис ва убури садди гузоштаи нирӯҳои амниятиро надорад. Аммо намояндагони пулис ин замонатро рад карда, гуфтаанд, ки раҳпаймоӣ ғайриқонунист ва тирандозӣ дар атрофи бинои ишғолшуда барои гирдиҳамомадагон ҳам хеле хатарнок аст.​

Тақрибан баъди 10 дақиқа пулис алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар ва норинҷакҳои садоӣ истифода бурд. Чанд тазоҳургар, бо шумули хабарнигорони Озодӣ Карлен Асланян, Ҳованнес Мовсисян ва Гарик Ҳарутюнян дар роҳи бозгашт аз маҳалли даргириҳо мавриди ҳамла ва латукӯб аз сӯи афроди либоси мулкӣ дар тан ва мусаллаҳ бо калтакҳои оҳанӣ қарор гирифтанд.

Гурӯҳи афроди мусаллаҳи мансуб ба созмони “Маҷлиси муассисон”, ки худро “Диловарони Сосун” ҳам меноманд, рӯзи 17 июл як идораи полис дар Ереванро тасарруф карда, чанд корманди полисро гаравгон гирифт. Аъзои ин гурӯҳи тундрав истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ва раҳоии раиси ҷабҳаи наҷоти “Арманистони ҷадид” Жирайр Сефилянро талаб доранд.

Мақомоти полис Сефилянро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мехонанд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ва шаш нафари дигар рӯзи 20 июн ҳангоми харидани миқдори бузурги силоҳ барои гурӯҳи мусаллаҳ ба хотири ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ереван дастгир шуданд. Аммо Сефилян ва ҳампаймонҳояш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин боздошт ангезаи сиёсӣ дорад.

Павел Манукян

Рӯзи 27 июл дар задухӯрд дар дохили идораи пулиси тасарруфшуда раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ Павел Манукян ва писари ӯ Арам маҷрӯҳ шуданд. Ҳарду ҳоло дар бемористон қарор доранд. Аммо боқии силоҳбадастон дар дохили бино боқӣ монда, исрор меварзанд, ки то замони иҷрои талаботашон тарки ин бино карданӣ нестанд.

Чанд рӯз боз дар Ереван ба нишони ҳимоят аз ин гурӯҳ тазоҳуроти мардум сурат мегирад, ки охиринаш шаби 29 июл мунҷар ба даргирӣ миёни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис шуд.

Дафтари президенти Арманистон қаблан гуфт, ки Серж Саргсян омода аст, бо Жирайр Сефилян мулоқот кунад ва арзи ӯро шунавад.

Татевик Лазарян, хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ , ки рӯзи 30 июл бо мо аз Ереван сӯҳбат мекард, гуфт, ҳарсе хабарнигори ҷароҳатбардоштаи Озодӣ алакай ба по хестаанд ва ба пайгирии ҳаводиси пойтахти Арманистон идома медиҳанд. Татевик Лазарян вазъи кунунӣ дар Ереванро чунин тасвир кард:

Татевик Лазарян: “Вазъ ба сурати умум ором аст феълан. Аз дирӯз, баъди ин даргириҳо бо пулис ҳар навъ алоқа бо гурӯҳе, ки қароргоҳи полки дидбониро дар Эребуни ишғол кардааст, қатъ шудааст. Вале дирӯз аз онҷо садои тиру таркишҳо ба гӯш мерасид. Дирӯз субҳ гуфта мешуд, ки боз се тан аз силоҳбадастонро захмӣ кардаанд. Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ҳудуди 60 нафар бъаъди даргириҳои шаби гузашта ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Дар бораи боздошти 165 нафар гузориш мешавад. Аз ҷумла хабар омад, ки пулис ҳамаи раҳбарони тазоҳурот, бо шумули Армен Мартиросян аз ҳизби меросро ба ҳабс гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Ин гурӯҳи “Парлумони муассисон” ё “Диловарони Сосун”, ки бинои пулисро ишғол кард, худ чӣ гурӯҳест? Чӣ қадар нирӯ дорад, аз киҳо иборат аст?

Жирайр Сефилян

Татевик Лазарян: Ин як гурӯҳи хеле печидаву мураккаб аст. Дар байни аъзояш ҳам онҳое ҳастанд, ки дар ҷанги Қаробоғ саҳми хеле муҳим доштанд ва дар байни мардум ҳамчун қаҳрамон шинохта мешаванд. Ҳамин тавр, онҷо ду бародари Ҳайк Туранян ҳастанд. Туранян барои онки ба нишони эътироз аз туфанги бозича тир холӣ кард, ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Вале бисёриҳо ҳукми ӯро сиёсӣ меноманд. Нафарони хеле мухталиф ва бо дидгоҳҳои мухталиф ҷамъ шудаанд, ки ба бовари онҳо, Арманистон ба тағйирот зарурат дорад. Онҳо истеъфои раисиҷумҳур Серж Саргсянро талаб доранд ва ҳам мехоҳанд, ки дар ҷараёни музокирот бо Озарбойҷон як ваҷаб замини Қаробоғ гузашт нашавад. Талаби дигарашон ин аст, ки дар Арманистон як ҳукумати муваққат рӯи кор омада, умури раҳбарии кишварро дар давраи гузариш бар ӯҳда бигирад.

Радиои Озодӣ: Вале чаро мардум ба пуштибонӣ аз ин гурӯҳ ба майдон рехт? Оё онҳо ҳаводорони ҷунбиши Сафилянанд ё электорати норозӣ аз ҳукумати кунунии Арманистон?

Татевик Лазарян: Наметавон гуфт, ки ин ҳама тарафдорони Сафилян бошанд, чунки дар гирдиҳамоиҳои қаблии ин гурӯҳ мардуми зиёде ҷамъ намешуд. Дар асл ба кӯчаҳо онҳое рехтанд, ки ба боварашон, ба Арманистон чизе таҳдид мекунад ва бояд тағйироте сурат бигирад. Ин мардуми кам нест, дар гирдиҳамоиҳои ахир то чанд ҳазор нафар ҷамъ мешавад. Онҳо тарафдори як гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ нестанд, балки аз аз сиёсати ҳукумати имрӯза норозианд, мехоҳанд вазъ дар Арманистон ба сӯи беҳбуд иваз шавад, ин низоми фосиде, ки вуҷуд дорад, аз байн бурда шавад ва ҳам онҳоро замонат бидиҳанд, ки ҳукумат дар масъалаи Қаробоғ ягон гузашт намекунад.