8 кушта ва 40 захмӣ. Дар Масанчи ва деҳаҳои атроф чӣ гузашт? АКС

Деҳаи Масанчии вилояти Ҷамбули Қазоқистон. 8-уми феврали соли 2020

Дар "муноқиша"-и шаби 7-уми феврал дар чанд деҳаи вилояти Ҷамбул, ҷануби Қазоқистон, ки сокинонаш асосан дунганҳо ваё мусулмонҳои Чин ҳастанд, 8 нафар кушта шудааст. Ерлан Турғумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон, гуфт, "дар ин ҳодиса 40 каси дигар ҷароҳат бардошт". Мақомот сабаби муноқишаро намегӯянд. Сокинон гуфтанд, ки шаби гузашта афроди "бегона" хонаву фурӯшгоҳҳоро оташ зада, ба онҳо ҳамла намудаанд.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи шанбе дар деҳаи Масанчии вилояти Ҷамбул чанд хонаву тарабхона ва фурӯшгоҳҳои сӯхтаро диданд. Дар кӯчаҳои деҳа маъмурони милиса ва нирӯҳои вижа мегарданд. Мошинҳои сӯхторнишонӣ низ дар назди биноҳои оатшгирифта истодаанд.

Биноҳои сӯхта ва нирӯҳои вижа дар кӯчаҳо. Дар деҳаи Масанчи чӣ гузашт?

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар изҳороте ҳодисаро "занозании гуруҳӣ миёни сокинони маҳаллӣ" номид ва гуфт, вазъият зери назорати полис ва нирӯҳои Горди миллӣ аст.

Ӯ аз ҳукумат хост, ки барои ҳифзи субот дар ин деҳаҳо чора андешанд ва афзуд, "иғвогарон кӯшиш карданд аз ин вазъият сӯиистифода кунанд". Вале аз шахсу гуруҳи муайяне ном набурд.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, шаби гузашта занозании гуруҳӣ дар деҳаи Масанчи бо иштироки тақрибан 70 нафар шуруъ шудааст. "Иғвогарон ва шоҳидони низоъ ҳодисаро ба навор гирифта, ба воситаи паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба амалҳои зиддиқонунӣ даъват кардаанд. Ин ба бад шудани вазъ ва афзоиши иштирокдорони муноқишаи гуруҳӣ сабаб шуд. Дар натиҷа аз деҳаҳои атроф ба Масанчи тақрибан 300 нафар омадаанд," -- шарҳ дод Ерлан Турғумбоев.

Вазири умури дохилии Қазоқистон гуфт, ба маълумоти ибтидоӣ беш аз 30 хона, 15 фурӯшгоҳ ва беш аз бист мошин зарар дидааст.

Дар ин замина бар асоси моддаи “ташкил ва иштирок дар беназмиҳои оммавӣ” парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. 47 нафар дастгир ва аз онҳо ду силоҳи шикорӣ мусодира шудааст.

Вазири иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон Даурен Абаев гуфт, “ин низои маишӣ аст”.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ субҳи 8-уми феврал ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Онҳо мегӯянд, дастикам дар ду хона барои гӯручӯби аъзои кушташудаи оила омодагӣ медиданд.

Ба қавли сокинони деҳаи Масанчи, шаби ҷумъа даҳҳо нафари бегона ба маҳали зисти онҳо омада, хонаву фурӯшгоҳҳо ва мошинҳоро оташ зада, ба сокинон ҳамла кардаанд.

Деҳаи Масанчи дар наздикии марз бо Қирғизистон ҷойгир аст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар пайи ҳодисаи шаби гузашта 18 нафарро ба бемористонҳои ин кишвар овардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, назоратро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардааст.

Аҳолии Масанчи бар асоси нуфусшумории соли 2009 тақрибан 14 ҳазор нафар аст. Бахши асосии аҳолии деҳаро дунганҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!