Додгоҳи Кишинёв ҳукми боздошти Собирҷон Валиевро дар Молдова 22 рӯзи дигар тамдид кард. Дмитрий Сюрсенко, вакили нави дифои Собирҷон Валиев субҳи 27 август ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе додгоҳи Кишинёв бо ҳукми нави худ мӯҳлати боздошти Собирҷон Валиевро дар қаламрави ин кишвар барои 22 рӯзи дигар тамдид кард. Вай мегӯяд, мувофиқи қонунгузориҳои кишвари Молдова нафари таҳти пайгард вақте дастгир мешавад, 40 рӯз дар боздошт мемонад ва аз ҷониби кишвари талабкунандаи истирдод мунтазири асноди лозима барои истирдод мешавад. Дмитрий Сюрсенко меафзояд, марҳилаи аввал, ки аз 18 рӯз иборат буд ва ҷониби Тоҷикистон санади зарурӣ барои истирдод пешниҳод накард, гузашт.
Ҳоло агар дар муҳлати 22 рӯзи дигар ҳамчунин ҳуҷҷату санадҳои мақомоти ин кишвар барои истирдоди Собир Валиев пешниҳод нашавад, ӯ аз боздошт раҳо карда мешавад. Ба гуфтаи вакил, то кунун танҳо як санад пешинҳод шудааст, ки айбномаи Додгоҳи шаҳри Душанбе мебошад. Валиев бар асоси ҳамин санад дар боздошт нигаҳдорӣ мешавад, гуфт Сюрсенко. Дар ин айбнома Собир Валиев бо ҷурми “даъвати оммавӣ ба сарнагун сохтани ҳукумат бо роҳи зӯр”, “фаъолияти экстремистӣ” (ифротгароӣ) ва “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” айбдор мешавад.
Намояндаи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Молдова Сергей Гайна ба радиои Озодӣ гуфт, дафтари ин ниҳод ҷараёни татбиқи Созишномаи соли 1951 ва протоколи соли 1967 оид ба мақоми паноҳандагонро назорат мекунад ва масъалаи Собирҷон Валиев низ ба чаҳорчӯби ин санадҳо дахл дорад. Вай гуфт, ки СММ аз ҳукумати Молдова интизор дорад, ки дар мавриди Собир Валиев дар доираи ин санадҳо расидагӣ хоҳад шуд. Собир Валиев 26 сол дошта, аз фаъолони созмони сабтиномнашудаи “Анҷумани нирӯҳои созанда” мебошад. Ӯро 11 август марзбонони шаҳри Кишинев ба ҳангоми кӯшиши парвоз ба Истамбул боздошт карданд.
Иван Мазур, яке аз вакилони дифои Собир Валиев рӯзи 13 август дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки баъди омӯзиши санадҳои зерҳимояашон, мақомоти Молдова дар иртибот бо таслими ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Мазур гуфт, Валиев аз рӯи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор шуда, бар асоси иттиҳомоти сиёсӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар пайгарди ҷиноӣ қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки Собир Валиев, зодаи шаҳри Душанбе, як соли пеш шаҳрвандии Қирғизистонро қабул карда, баъди муддате зиндагӣ дар ин кишвар ба Туркия кӯч баст ва ҳамроҳ бо оилаву се фарзандаш дар Истамбул зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби маълумоти олии иқтисодӣ буда, бо тиҷорату соҳибкорӣ машғул буд.