Ҳанӯз барномаи сафари давлатии Сӣ Ҷинпин ба Тоҷикистон эълон нашудааст, вале эҳтимол меравад, дар ҷараёни чанд санади нави ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо хоҳад расид. Расонаҳои чинӣ менависанд, ин сафар "бештар ба ояндаи муштарак" нигаронида шудааст.
Ҷан Ҳарҳуй, муовини вазири умури хориҷии Чин рӯзи 10-уми июн дар нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт, дар сафари Ҷинпин ба минтақа масоили муҳим, аз ҷумла, мубориза бо терроризм баррасӣ хоҳад шуд. Чин ва Тоҷикистон мегӯянд, ки зидди ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ мубориза мебаранд, аммо аз назари нодида гирифтани масоили ҳуқуқи башар дар амри мубориза бо терроризму экстремизм, мавриди интиқоданд. Чин ахиран аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ барои таъсиси қароргоҳҳои "бозтарбияи мусалмонон" танқид шуд.
Вале ду ҷониб одат надоранд, ки оид ба нақзи муқаррароти демократӣ ва ё поймолшавии ҳуқуқи башар сӯҳбат кунанд. Ҳамин вижагӣ ҳам, ба назари коршиносони сиёсӣ, яке аз далелҳои ҳамкориҳои наздики Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ бо Чин мебошад. То ҳоло Чин ба ҳамаи дигаргуниҳои сиёсии Осиёи Марказӣ бетафовут буда, вазъи мавҷуда ва равандҳои сиёсии ин кишварҳоро ҳимоят кардааст, ҳарчанд дар паси парда метавонанд, муомилаҳое ҷараён ёфта бошанд. Дар ин сафар Чин ба Тоҷикистон замонат хоҳад дод, ки дар оянда низ ин мавқеъгирияш бетағйир мемонад.
Тоҷикистон дар тарҳҳои иқтисодии Чин
Тамаркузи аслии Чину Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ равона шудааст. Қарор аст дар Душанбе раҳбарони кишварҳо ҳамчунин ташаббуси Чин бо номи "Як камарбанд - як масир"-ро баррасӣ кунанд, ки ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои воқеъ дар имтидоди "Роҳи Абрешим" таҳия шудааст.
Ба навиштаи Global Times, дипломати баландпояи чинӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба унвони кишварҳое ситоиш кардааст, ки аз аввалинҳо шуда пешниҳоди Чинро пазируфта буданд.
Тарҳи "Як камарбанд-як масир"соли 2013 муаррифӣ шуда, дар худ ду тарҳи бузург - "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва "Роҳи абрешими баҳрии асри XXI"-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик, нигаронида шудааст.
Дар доираи ташаббуси Пекин то ба ҳол 118 санади ҳамкорӣ бо беш аз сад кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расидааст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
Чин яке аз шарикони муҳими стратегии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.
Дар соли 2018 мизони гардиши мол ва савдои байни ду кишвар беш аз 651 миллион долларро ташкил дод. Иқтисодшиносон мегӯянд, ки сабаби як миқдор кам шудани ин нишондод назар ба ду-се соли пеш, дар кам шудани тарҳҳои инфрасохторӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Чин -- як шарики боэътимод?
Дар ҳукумати Тоҷикистон ва доираҳои сиёсатшиносони рӯ ба ҳукумат Чинро як "шарики боэътимод" меноманд. Истифода аз ин вожа зоҳиран дар пасманзари сифати ҳамкориҳо бо Русия далелҳои худро дорад.
Аз ҷумла, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2017 Худойбердӣ Холиқназаров, раиси вақти Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфта буд, ки "садоқат аз ҷониби Чин риоя мешавад. Санадҳое, ки миёни ду кишвар ба имзо мерасад, Чин ҳатман ҷузъиёти онҳоро иҷро мекунад.... ва барои рушди кишвар мусоидат мекунад".
Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ин ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳо бо Чин ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Бархе дар симои Пекин ҳамсояи боэътимодеро мебинанд, ки ба суботу оромӣ дар Тоҷикистон манфиатдор аст. Дигарҳо сиёсатҳои Чинро "ғасби иқтисодӣ" унвон мекунанд, ки метавонад Тоҷикистонро ба як майдони ашёи хом барои Чин табдил диҳад.