Трамп аз Си Ҷинпин хост, ки дар ҳалли бӯҳрон бо Кореяи Шимолӣ кӯмак кунад

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар мулоқот бо Доналд Трамп ҳамтои амрикоии худ дар Пекин аз талошҳои кишвараш барои расидан ба ҳадафи таъиншуда барои халъи силоҳи атомӣ дар нимҷазираи Корея аз роҳи гуфтугӯ, хабар додааст.

Аз масъалаҳои муҳими дигари мулоқоти Си Ҷинпин ва Доналд Трамп, робитаҳои иқтисодии ду тараф будааст.

Изҳороти президент Чин рӯзи 9-уми нобяр дар ҳоле, ки президенти Амрико дар паҳлӯи ӯ қарор дошт, дар Пекин баён шуд. Оқои Трамп қаблан аз Токио ва Сеул дидор карда буд ва ҳоло сафари 12-рӯзааш ба кишварҳои осиёӣ идома дорад. Меҳвари ин сафар ҳалли бӯҳрон дар нимҷазираи Корея ва озмоишҳои низомӣ ва атомии Кореяи Шимолӣ мебошад.

Телевизиони давлатии Чин мегӯяд, дар ин мулоқот Доналд Трамп аз Си Ҷинпин хостааст барои ҳалли бӯҳрони атомӣ дар нимҷазираи Корея "сареътар" амал кунад. Хабаргузории Ассошиэйтед пресс мегӯяд, ки Амрико хостори афзоиши фишорҳои иқтисодӣ бар Кореяи Шимолӣ шуд, то он кишвар "аз масири хатарнок ва бемасъулиятонае, ки пеш гирифтааст, боз гардад".

Доналд Трамп мегӯяд, ҳама кишварҳое, ки эҳсоси масъулият мекунанд, бояд барои пешгирӣ аз таъмини молӣ ва додани аслиҳа ба Кореяи Шимолӣ талош кунанд. Ӯ гуфтааст, "ман як чизро дар мавриди раиси ҷумҳури шумо (Си Ҷинпин) медонам. Агар ӯ сахт кӯшиш кунад, ин амалӣ хоҳад шуд. Шакке дар ӯ нест."

Чин муҳимтарин пуштибонӣ Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад ва ин бовар аз ҷумла дар Амрико вуҷуд дорад, ки нуфузи иқтисодии Чин метавонад ба мусаллаҳ шудани бештари Кореяи Шимолӣ анҷом биёбад ва ё баръакс пеши онро бигирад. Мақомҳои чинӣ пеш аз ин, аз чунин бардоштҳо дар мавриди нуфузи густурдаи Пекин бар Кореяи Шимолӣ интиқод карда буданд.

Раиси ҷумҳури Амрико бидуни ироаи ҷузъиёте гуфтааст, ӯ ва ҳамтои чиниаш бар ин ақида ҳастанд, ки роҳи ҳалле барои буҳрони атомӣ дар нимҷазираи Корея мавҷуд аст. Оқои Трамп ҳамчунин таъкид кардааст, ки "аз Русия ҳам мехоҳем барои ҳалли мушкиле, ки метавонад дар пай фоҷеа дошта бошад, кӯмак кунад". Интизор меравад Доналд Трамп дар идомаи сафари осиёии худ, дар Ветнам бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад.

Аз масъалаҳои муҳими дигари мулоқоти Си Ҷинпин ва Доналд Трамп, робитаҳои иқтисодии ду тараф будааст. Дидори Трамп ва Си Ҷинпин дар Пекин наздик ба як сол пас аз пирӯзӣ ва рӯи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико ва ду ҳафта пас аз боқӣ мондани Си Ҷинпин ба унвони раҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин, сурат мегирад.