Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар зарфи як соли ахир теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Чин 30 дарсад афзоиш ёфта ва ҳоло теъдоди онҳо ба 6 ҳазору 500 нафар расидааст. Ин рақам дар соли гузашта беш аз 5 ҳазорро ташкил медод. Чиноиҳо дар Тоҷикистон умдатан дар лоиҳаҳои роҳсозӣ, бунёди корхонаҳои семент, конҳо ва бахши кишоварзии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Тибқи саҳмияҳои давлати Тоҷикистон барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба бозори кори кишвар дар соли 2016, аз ҷумлаи 8 ҳазор саҳмия 4460 саҳмия барои коргарони чинӣ ҷудо шудааст. Анвар Бобоев, ходими илмии Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва раиси пешини Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар, рӯзи чоршанбеи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мутахассисон ва коргарони баландихтисоси фаннӣ ба саҳмия рабте надошта ва мустақиман дар чорчӯби лоиҳаҳои мушаххас вориди Тоҷикистон мешаванд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон тавассути Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Чин беш аз 10 ҳазор коргари тоҷику чинӣ ҷалб шудаанд. Теъдоди ин гуна мутахассисон бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ мушаххас мешаванд. Созиши сармояи 6 миллиондолларии Пекин ба Душанбе, дар ҷараёни дидори расмии Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2014 ҳосил шуда буд.
Рӯзи 4 июни соли ҷорӣ бо сармояи Чин фабрикаи ғанигардонии маъдани "Покрӯд" дар дараи Ромит мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз 715 коргари ин корхона 205 нафар мутахассиси чинӣ будаанд.
Ҷаноби Бобоев гуфт, ки дар зарфи се-чор соли ахир саҳмия барои ҷалби муҳоҷирони кории Чин ба бозори кори Тоҷикистон то ба дуюним ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар ду соли ахир ба далели ҷорӣ шудани таҳримҳои Амрико ва кишварҳои Ғарб болои Русия, ки боиси бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар шуд, ҳазорҳо нафар муҳоҷирони кории тоҷик бозори кори Русияро тарк гуфтанд.
Ба эътиқоди Анвар Бобоев, давлати Тоҷикистон ба ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои бузург бо сармояи кишварҳои хориҷӣ нахуст коргарони маҳаллиро ба кор ҷалб кунад: "Бар асоси шартномаҳо ҳар ширкати хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон лоиҳаҳоро амалӣ мекунад, бояд на камтар аз 80 дарсади коргаронаш шаҳрвандони тоҷик бошанд. Яъне, бозори меҳнати дохилӣ ҳифз шуда ва муҳоҷирони тоҷике, ки аз Русия ва Қазоқистон баргаштаанд, дар ин лоиҳаҳо барои худ кор пайдо кунанд".
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, ҷониби Чин на ҳамеша ин саҳмияро риоя мекунад. Масалан, дар корхонаи ғанисозии маъдани "Покрӯд", ки ахиран фаъол гардид, коргарони чинӣ беш аз 30 дарсадро ташкил медиҳанд. Муҳоҷирони меҳнатии Чин на танҳо дар сохтмону саноат ва роҳсозию истихроҷи маъдан, балки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон низ ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд.
Дар соли 2012 Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба манзури рушди бахши аграрӣ 500 гектар замини киштро дар ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва Қумсангир ба муддати 49 сол ба фермерҳои Чин иҷора дод. Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, танҳо заминҳои шӯразор, биёбоншуда ва лалмӣ ба ихтиёри фермерҳои Чин дода шуда, онҳо бо сармояи худ вазъи ин заминҳоро беҳбуд карда ва маҳсулоти кишоварзӣ парвариш мекарданд.
Аммо Сафар Ёқубов, масъули бахши кишоварзии ҳукумати ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфт, чиниҳо заминҳои шӯразору лалмиро қабул накарда ва 285 гектар замини обӣ ва корами ноҳияро соҳиб шудаанд.
Ӯ гуфт: "Хитоиҳо заминҳои обиро гирифта, дар он ҷо асосан пахта, ҷуворимакка ва гандум мекоранд. Дар ноҳияи Ёвон заминҳои шӯрзада ва ботлоқ вуҷуд надорад. Хитоиҳо заминҳои наздиҳавлигии сокинонро низ ба иҷора гирифтаанд. Онҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил дода ва сокинони маҳаллӣ дар он ҷо кор мекунанд".
Сафар Ёқубов аз он ибрози ташвиш кард, ки чиниҳо ба ҳангоми парвариши маҳсулоти кишвар ба таври фаровон аз маводи кимиёӣ истифода мекунанд, ки вазъ метавонад дар чанд соли оянда маҳсулнокии майдони киштро коимлан аз байн барад.
Дар моҳи июли соли гузашта низ давлати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 15 ҳазор гектар замини киштро барои парвариши пахта ҳамчун иҷора ба ихтиёри ширкати Тоҷикистону Чини "Ҷунтай Хатлон Син Силу" гузошт.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ ҳисоб ёфта ва бештари сокинони кишвар дар деҳот ба корҳои кишоварзӣ машғул ҳастанд. Аз ҷониби дигар, 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро манотиқи кӯҳистонӣ ташкил дода ва аксари сокинони деҳот дастрасӣ ба қитъаоти заминро надоранд.
Як раҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Ёвон гуфт, ки мақомоти ҳукумати маҳаллӣ аз истифодаи нодурусти замин тавассути фермерҳои чинӣ огоҳ буда, танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз мухолифатҳои эҳтимолӣ бо намояндагони "кишвари абарқудрати Чин" аз ҳар гуна мудохила дар фаъолияти онҳо худдорӣ мекунанд.
Дар мавриди теъдоди воқеъии муҳоҷирони чинӣ дар Тоҷикистон иттилои дақиқе вуҷуд надорад. Аз Шӯъбаи раводид ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ (ОВИР), ки фарди хориҷии ба кишвар воридшуда дар ин ниҳод сабт ва раводид дарёфт мекунад, аз додани маълумот дар бораи теъдоди шаҳрвандони Чин дар ҳудуди Тоҷикистон худдорӣ карданд.
Аммо бино ба иттилои манбаъҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 100 ҳазор шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд. Ин манбаъҳо гуфтаанд, ки умдатан шаҳрвандони Чин бо баҳонаи тиҷорат барои як моҳ вориди Тоҷикистон шуда ва баъдан бо пардохти ришва ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон муддати раводидро тамдид мекунанд.
Аз сӯи дигар, бештари муҳоҷирони чинӣ аз тариқи Қирғизистон, ки бо Чин муқаррароти раводид надорад, ба Тоҷикистон омада, бархе бо занони тоҷик издивоҷ мекунанд ва ба таври доимӣ дар ин кишвар мемонанд.