Кишоварзони Чин дар заминҳои Ёвон

Дар ҳоли ҳозир ба ҳайси як таҷриба дар Тоҷикистон ду ширкати кишоварзии Чин дар се ноҳияи вилояти Хатлон ба кишоварзӣ машғуланд.
Раддаи сабзи пахта, ҷуворимакка, офтобпараст, помидор, боқилаҷон ва чормағзи заминӣ дар киштзорони ҳамвори колхози як замон овозадори рақами 4-и ноҳияи Ёвон намоёнгари тартибу низоми махсусанд.

Дар канори онҳо хоначаҳои хурд-хурди сафеди пластикӣ намуди ғайриоддӣ доранд ва дар назди онҳо трактору дигар таҷҳизоти кишоварзии истеҳсоли Чин қатор ва омодаи кор истодаанд. Дар ин хоначаҳо на раиси колхозу бригадир балки кишоварзону мутахассисони ширкати чинии «Ситнтсзян Инхай» зиндагӣ мекунанд. Зани миёнсоли маҳҳалӣ Гулбаҳор барои чиноиҳо хӯрок таҳия мекунад. Деҳқонони чинӣ барои талаффузи роҳат ӯро Гуля ном мондаанд. Аммо Гуля танҳо зани маҳаллие нест, ки дар ин ширкат кор мекунад. Шаш нафари дигар бо хишоваи боқилаҷон машғуланд.

Яке аз онҳо -- Хосият Бекова мегӯяд бо омадани чиноиҳо ба деҳаи онҳо вай ҷои кори хуб пайдо кард: «Аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ, ки ман пеш дар он кор мекардам, дар ин ҷо кор кардан беҳтар аст. Чунки дар ин ҷо мо маошамонро дар сари вақт мегирем. Масалан, ман пештар дар хоҷагиҳои деҳқонии худамон 220 сомонӣ мегирифтам. Дар ин ҷо бошад, ҳар моҳ 500 сомонӣ маош мегирам.»

Монанди хонум Хосият дар ширкати кишоварзии «Ситнтсзян Инхай»-и Чин 30 шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, ки мувофиқи вазифаҳояшон аз 500 то ба 1200 сомонӣ музд мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир ба ҳайси як таҷриба дар Тоҷикистон ду ширкати кишоварзии Чин- «Ситнтсзян Инхай» ва «Хай Ли» дар се ноҳияи вилояти Хатлон ба кишоварзӣ машғуланд. Дар гармогармии шиносоӣ бо одамон, техника ва технологияҳои нав, мардуми маҳаллӣ ҳароси худро, ки чиниҳо омада, ба беҳтарин заминҳо соҳиб шуданд ва акнун абадан ин ҷо хоҳанд монду ватани онҳоро хоҳанд гирифт, то андозае канор гузоштааст. Аммо эҳсоси фишор аз тавсеаталбии як кишвари бузург ва халқи сершумори он аз дӯшаш наафтодааст ва дар сидқи дил додани заминро ба ихтиёри чиниҳо амали нек намешуморад.

Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо ширкати «Ситнтсзян Инхай» 600 гектар замин дорад: «Ширкати «Ситнтсзян Инхай» дар ноҳияи Ёвон 302 гектар заминашро худаш коркард карда боқимондаашро ба деҳқонони маҳаллии тоҷик иҷора медиҳад. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бошад ҳудуди 298 замин дорад, ки аслан шӯразамин аст ва дар он ҷо корҳои барқароркунии замин идома дорад. Вале аслан ин ширкат дар ноҳияи Ёвон бештар фаъол буда, ба кишоварзӣ машғул аст».

Хонум Саидова афзуд, ширкати дигари Чини «Хай ли» бошад дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба зироаткорӣ машғул аст ва ба кори он бевосита мақомоти маҳаллии ин ноҳия назорат мебаранд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Замин аз Тоҷикистон, кишоварз аз Чин


Сафар Ёқубов, сарвари раёсати кишоварзии Ёвон мегӯяд, ноҳия аллакай соли дуюм аст, бо ширкати «Ситнтсзян Инхай» ҳамкорӣ мекунад ва тамоми фаъолият дар асоси шартномаи сеҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон, ноҳияи Ёвон ва ин ширкат ба роҳ монда шудааст: «Дар асоси ин шартномаи сеҷониба ширкати чинӣ заминҳоро ба муддати 49 сол иҷора гирифтааст. Инҳо низ заминро дар асоси ҳамон шартҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешавад. гирифтаанд. Аммо бартарии инҳо дар он аст, ки техникаи нави ҳозиразамон ва тухмиҳои хуби пахтаву ҷуворимакка доранд. Ҳосилнокии пахтаи чиноӣ, ки дар таги пленка кишт мекунанд, порсол аз 43 то 50 сентнер аз як гектар буд.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ёқубов, хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ одатан аз як гектар 20-25 сентнер пахта мерӯёнанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ширкати чиноӣ боз дар ҳудуди 49 гектар ба бунёди гармхонаҳо пардохтааст, ки ба истеҳсоли сабзавоту зироатҳои зудрас машғул хоҳад шуд.

Ком Линг Йи, агрономи ширкати «Ситнтсзян Инхай», ки таҷрибаи 40-солаи пахтапарварӣ дорад, мегӯяд дар Тоҷикистон пахтаи хеле хушсифат руёнидан мумкин аст, чунки ба фарқ аз Чин дар ин ҷо рӯзона ҳарорати ҳаво баланд асту шабона поин: «Тибқи ҳисобҳои қаблӣ мо бояд имсол аз ҳар гектар бояд 60-сентнерӣ пахта рӯёнем, порсол бошад, 50- 53 сентнер рӯёнида будем. Дар ширкати мо танҳо дар ноҳияи Ёвон 15 мутахассиси чиноӣ ва ҳадди ақал ҳар рӯз 30 нафар аз мардуми маҳҳалӣ кор мекунанд.»

Сӯҳбатҳои сарироҳии мо бо кишоварзону мутахассиони ноҳияи Ёвон нишон дод, ки онҳо аз як сӯ аз омадани чиниҳо, ки таҷрибаи нави зироаткориро ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо техникаи нав ворид кардаанд, шоданд. Яке аз тракторчиҳои маҳаллӣ дар сӯҳбати бидуни микрафон гуфт, ки чиниҳо аз баҳор то мавсими ҳосилғундорӣ кор карда, баъдан техникаи худро ба онҳо ба иҷора супурданд, ки бо истифода аз ин, онҳо дигар заминҳоро низ ба кор андозанд.

Вале ин тракторчии солманд афзуд, овозаҳои он, ки чиниҳо коргарони сахткӯш ва заҳматкашанд, чандон асос надорад ва агар деҳқонони маҳаллӣ низ ҳамин гуна техникаҳои муосир ва тухмиҳои хушсифат медоштанд, айни чунин ҳосилро рӯёнда метавонистанд.