Роҳбари ширкати ТВЕА-и Чин, ки Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро сохт, гуфтааст, агар тиллоҳои ду кон хароҷоти ширкаташро барои сохтмони ин марказ напӯшонад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст ба ин ширкат боз конҳои дигарро бидиҳад.
Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро ба анҷом расонд. Тоҷикистон бар ивази сохтмони ин нерӯгоҳ ба ин ширкати чинӣ ду кони тилло -- Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи болоро дод.
Ширкати ТВЕА, ки охиран захираҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи болоро нав арзёбӣ кард, ҳаҷми захираҳоро эълон намекунад ва онро як сирри тиҷоратӣ медонад.
Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои stcn.com дар Чин гуфтааст, агар ширкат аз ин ду кони тилло хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст, ки ба ин ширкат муҷаввизи конҳои дигарро ҳам бидиҳад. ТВЕА барои сохтмони ду навбати неругоҳҳои аловии "Душанбе-2" аз "Эксимбонк"-и Чин қарз гирифт, ки дар маҷмуъ 400 мегватт неруи барқ метавонад истеҳсол кунад.
Бар изофаи ин ду кони тилло, Тоҷикистон ба ин ширкат муҷаввизи ихтихроҷи ангишт дар қисмати шарқии кони Зиддеро низ дод. Аммо Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини раиси Саридораи гелогияи тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ширкати ТВЕА аз кони ангишти Зидде даст кашид, чун кор дар ин кони ангишт ба ҷои суди молӣ зарар овардааст".
Дар ҳамин ҳол, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Вазорати энержӣ ва саноат, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт ТВЕА аслан як ширкати энержӣ аст ва дар масъалаи истихроҷ чандон тарҷибаи бой ва қавӣ надорад.
"Ин ширкати истихроҷи маъдан нест дар асл. Аммо захираҳои ду кони тиллои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи боло аз хароҷоти ТВЕА хеле бештар аст. Изофа бар ин, нархи тилло ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ хеле баланд аст", иброз дошт ин мақом.
Ӯ гуфт, "ҳоло мо лоиҳаи созишномаи сармоягузории ҳукуматро бо ин ширкат омода дорем. Бинобар ҳисобҳои мо, тиллое, ки ин конҳо дорад, натанҳо хароҷоти ТВЕА-ро рӯйпуш мекунад, балки бештар аз он аст."
Ширкати ТВЕА, ки охиран захираҳои ин ду конро аз нав арзёбӣ кард, ҳаҷми захираҳоро эълон намекунад ва онро як сирри тиҷоратӣ медонад. Аммо омӯзишҳои кони Дуобаи шарқӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ захираи тиллои онро беш аз 117 тонна арзёбӣ карда будаанд.