Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Чин дар вилояти Бадахшон як қисми низомии кӯҳӣ, таъсис медиҳад. Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи душанбеи 14-уми август дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст, ин қисми низомӣ танҳо ба хотири амнияти Бадахшон таъсис дода мешавад ва ҳама хароҷоти молии он, аз ҷумла таҷҳизот ва аслиҳа ба дӯши ҷониби Чин аст.
Ба гуфтаи вай, ҳукумати Афғонистон ба таъсиси ин қисми низомии кӯҳӣ мувофиқат карда ва ташкили ин қисми низомӣ аз сӯи ҳукумати Афғонистон дар назар гирифта мешавад ва Чин дар он мудохила надорад.
Афғонистон ва Чин дар кӯҳистони Вахони вилояти Бадахшон ҳудуди 76 километр марзи муштарак доранд. Дар ин минтақа Тоҷикистон низ бо Чину Афғонистон ҳаммарз аст.
Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон дар ин робита гуфт, "Чин тасмим гирифтааст, ки як қисми низомии кӯҳиро дар Бадахшон ба мо кӯмак мекунад ва ваъдаи кӯмаки ҳамаи таҷҳизот, салоҳ ва зербинони ин қисми низомиро кардааст ва ин қисми низомӣ танҳо ба хотири таъмини амнияти Бадахшон фаъолият хоҳад кард."
Аз ин қабл низ Чин ба Афғонистон кӯмакҳои низомӣ ироа карда буд. Кӯмакҳои низомии Чин чанд моҳ пеш ба Кобул расида буд ва арзиши он ба миллионҳо доллар мерасид. Қабл аз ин, сарфармондеҳи артиши Чин зимни сафараш ба Кобул эълом карда буд, ки кишвараш бо арзиши 73 миллион доллар ба Афғонистон кӯмаки низомӣ хоҳад кард. Чин ҳамчунин таҷҳизот ба хотири амнияти 4 дарвозаи шаҳри Кобулро ба ҳукумати Афғонистон ироа кардааст.
Ба гуфтаи коршиносони афғон, таъсиси ин қисми низомӣ барои амнияти ҳам Чин ва ҳам Афғонистон аз аҳамият бархӯрдор аст. Ин коршиносон мегӯянд, ҳукумати Афғонистон бояд аз ин фурсат хуб истифода кунад ва талош намояд кӯмакҳои бештари Чинро ҷалб намояд.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки ба ҷуз маъмурияти НАТО ҳеҷ кишваре аз иҷозаи фаъолияти низомӣ дар Афғонистон бархӯрдор нест. Изҳороти Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар посух ба гузоришҳое пахш шуд, ки гуфта буданд, нерӯҳои чинӣ дар хоки Афғонистон фаъолият доранд.
Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Тавоб Ғурзанг он замон гуфт, ки бо Чин ва Тоҷикистон танҳо дар мавриди гаштҳои марзӣ (наряд) мувофиқат шудаааст, то аз таҳдидҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ шавад.
Ӯ гуфт, "Гаштҳои муштараки марзӣ гоҳ-гоҳ ба хотири аз таҳдидҳои терористӣ эмин нигаҳ доштани сарҳад анҷом мешавад. Гаштҳои муштарак ба маъноест, ки масалан, агар марзи Афғонистон бо Чин ноором бошад, нерӯҳои Афғонистон ва Чин дар марз гашти муштарак анҷом медиҳанд."
Вазорати дифои Чин он замон гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар дар марз бо Афғонистон, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ гаштҳои низомӣ анҷом медиҳанд. Афғонистон ва Чин дар куҳистони Вахони вилояти Бадахшон ҳудуди 76 километр марзи муштарак доранд.