Ваъдаи 500 миллион $-и Чин ва шурӯи сохтмони корхонаи фулузгудозӣ

Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо 200 миллион доллар сармояи Чин сохтмони корхонаи бузурги фулузгудозӣ оғоз шудааст. Мақомоти Истиқлол 14 июн ба Озодӣ гуфтанд, ки ин корхона дар қадами аввал солона 100 ҳазор тонна сурб ва рӯҳ истеҳсол хоҳад кард.

Татяна Пантелеева, раҳбари бахши рушди иқтисод ва савдои ҳукумати Истиқлол, гуфт, дар ҳоли ҳозир 20 мутахассиси чинӣ ва 80 мутахассиси тоҷик ба кори ин сохтмон машғуланд. "Дар ин ҷо, дар масоҳати 70 гектар таъсиси "Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин" дар назар гирифта шудааст. Дар нақша ҳаст, ки 5 корхонаи саноатӣ бунёд шавад. Дар навбати аввал корхонаи фулузгудозӣ дар назар аст," - илова кард ӯ.

Пантелеева гуфт, анҷоми сохтмони корхонаи фулузгудозӣ дар моҳи июни соли 2017 пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, бӯҳрони иқтисодӣ ба сармоягузории Чин таъсири манфӣ нагузоштааст ва кори бунёди корхонаи фулузгудозӣ тибқи тарҳи қаблӣ пеш меравад.

Дар оғози соли ҷорӣ мақомоти тоҷик ваъдаи Чин барои беш аз ним миллирд доллар сармоягузориро дар бунёди 7 корхонаи саноатӣ дар шимоли кишвар расонаӣ карда буданд. Гуфта мешуд, бунёди корхонаи аввалин дар соли 2017 ба анҷом хоҳад расид. Санги асоси корхонаи фулузгудозии Истиқлолро моҳи апрели соли 2015 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст.

Тибқи қарордоди байни Тоҷикистону Чин дар корхонаи муштараки фулузгудозӣ дар шаҳри Истиқлол ҳудуди 1 300 нафар шаҳрванди тоҷик бо ҷои корӣ ва моҳонаи хуб таъмин хоҳанд шуд. Корхонаи фулузгудозӣ дар шаҳри Истиқлол дуюмин корхонаи тавлиди хокаи сурбу рӯҳ дар вилояти Суғд аст, ки бо срмояи Чин бунёд мегардад. Соли 2009 ширкати чинии "China Global New Technology Export & Import" бо 30 миллион доллар сармоя дар заминаи корхонаи маъдани шаҳри Зарнисор (Олтинтопгани собиқ), 130 километрии шимоли Хуҷанд, корхонаи нави тавлиди хокаи сурбу руҳ дуруст карда буд.

Истиқлол (Табошари пештара) соли 1931 барои таъмини нерӯгоҳҳои барқи атомиии Шӯравӣ бо уран бунёд шуда, "Заря Востока" (ҳоло “Нури Ховар”) корхонаи асосии ин маҳал маҳсуб меёбад. Ин корхона

Шаҳри Табошар соли 2011 ба Истиқлол табдили ном кард

пойафзоли резинӣ низ истеҳсол мекард. Баъди пош хӯрдани Шӯравӣ фаъолияти ин корхона дар самти истеҳсоли маъдани уран қатъ гардид. Ба гуфтаи Аслиддин Саидов, сармуҳандиси корхонаи "Нури Ховар", ҳоло онҳо қубури полиэтиленӣ, калӯш ва сару либоси мактабӣ мебароранд.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузашта ва ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарз асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудааст. Ҳамчунин, Чин аз сармоягузорони аслӣ ба бахши саноатӣ Тоҷикистон, умдатан дар шимоли ин кишвар маҳсуб меёбад. Чин қисмати асосии саҳмияҳои умдатарин корхонаи тиллои кишвар дар Зарафшонро низ дар даст дорад.

Моҳи августи соли ҷорӣ се корхонаи истеҳсоли маводи кимиёии мутааллиқ ба ширкати алюминиюми тоҷик – Талко дар ноҳияи Ёвон ба кор оғоз мекунад, ки маблағи сохтмони ин се корхона 126 миллион доллар буда, беш аз 88 миллион долларашро “Эксимбонк”-и Чин додааст. Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли 2015 бонки давлатии Чин бо имзои як қарордод бо Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳифзи қурби пули сомонӣ 3,2 миллиард юан, муодили тақрибан 500 миллион доллар ёрии иқтисодӣ ҷудо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Чин дар як марҳилаи хеле душвор дасти Душанберо гирифт ва дар иҷрои тарҳҳои

Ҷамолиддин Нуралиев

муҳиме ҳамдастӣ кард. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳам дар мусоҳибаи як сол пешаш (он замон дар мақоми муовини вазири молия) гуфта буд, ки дар Душанбе нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро дарк мекунанд, вале барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя сахт ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, Душанбе марзи ниҳоияш дар рӯи экспансияи Чинро хоҳад кашид: “Вале на имрӯз. Мо бояд як рискро бо риски дигар мутавозин кунем.”

Ҳузури Чин дар иқтисоди Тоҷикистон

Аз нигоҳи коршиносон, маҳз дар қаламрави Истиқлол ва куллан шимоли Тоҷикистон захираҳои азими маъдани ранга, аз ҷумла, сурб ва руҳ ҷойгиранд. "Маҷмӯи маъдани ин макон аз навъи стратегӣ, яъне навъҳои маъдани хеле нодир ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳон чунин манбаъҳо зиёд нест ва барои Чин Тоҷикистон аз ин ҷиҳат як макони хеле муносиб ба ҳисоб меравад, аз ҷумла аз назари сиёсӣ", - гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ журналист ва иқтисодшинос Зафар Абдуллоев. Ӯ гуфт, ин навъи маъдан маъмулан дар соҳаҳои хеле муҳими стратегие мисли истеҳсоли фанновариҳо ва ё соҳаи низомӣ ба кор меравад. Ваъдаи сармоягузории ним миллард доллар аз сӯи Чин, ба назари ӯ, як ҳарфи холӣ нест ва амалишаванда аст.

Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, ин ба маънои пуштибонии ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам талоши аз нуфузи Русияву Амрико дур кардани ин ҳукумат аст. Ҷумҳурии Чин, аз нигоҳи таҳлилгарони иқтисодӣ, дар солҳои охир яке аз пештозтарин сармоягузорони иқтисоди Тоҷикистон шудааст. Наздики 58 дарсади ҳаҷми умумии сармояҳои хориҷиро ба ин кишвар маҳз Чин ва умдатан тавассути ҳукумати ин кишвар ироа карда, бахшҳои сохтмону роҳсозӣ, бунёди нақбу корхонаҳои маъдану дигарҳоро дар бар мегирад.

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар муқоиса бо солҳои 90-ум имрӯз нақши Чин дар иқтисоди Тоҷикистон афзуда ва ин кишвар шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон шудааст. Ӯ гуфт, "58 дарсади ҳаҷми умумии моли воридотии Тоҷикистонро Чин таъмин мекунад. Агар аз Русия асосан маҳсулоти нафтӣ ва маводи сӯхти маъданӣ – тахминан 40% - ташкил диҳад, маҳсулоти чинӣ бошад ба маротиб рангинтар аст. Манзур на танҳо либосу маҳсулоти техникӣ аст, балки мошину фанновариҳо ворид мешавад. Ин баёнгари пушрафти равобити тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Чин аст. Айни замон, мизони содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Чин баробар бо ҳаҷмест, ки ба Русия ирсол мешавад, яъне дар ҳудуди 8,5 дар сад аз кулли ҳаҷми моли содиротии Тоҷикистон. Ба Аврупо аз Тоҷикистон асосан алюминий бароварда мешавад."

Сармояҳои Чин ба Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, асосан дар пояи тарҳҳои давлатӣ ё ҳукуматӣ амалӣ мешаванд ва ширкати корхонаҳои хусусӣ хеле кам аст. Зафар Абдуллоев мегӯяд, Чин тадриҷан сармоягузорони дигарро аз бозори Тоҷикистон берун мекунад ва ҳоло "ба маънои томаш як шарики воқеии стратегии Тоҷикистон" ба ҳисоб меравад: "Чин аксар

Зафар Абдуллоев

саҳмияҳои ширкатҳои ғарбиро дар соҳаи маъдани кӯҳӣ харида гирифтааст, ба ҷуз Такоб, ки дар он капитали амрикоӣ ҳузур дорад. Дар истеҳсоли металли қиматбаҳо, пеш аз ҳама тилло ва ангишт ҳам шарики аслӣ Чин аст. Дар давоми даҳ соли охир ба ин соҳаҳо ҳудудан 1 миллиард доллар ихтисос дода шудааст. Дар давоми як сол саҳми Чин тахминан аз 50 то 150 миллион долларро ташкил медиҳад."

Зафар Абдуллоев мегӯяд, барои Чин, ки дуюмин иқтисоди ҷаҳон аст, ҳатто дар сурати гирифтори бӯҳрон шудани ин кишвар, мизони ҳамкориҳо бо Тоҷикистон чандон зиёд нест, ки пеши роҳи тақвияти ҳамкориҳоро бо ин кишвар дар давраи бӯҳронӣ бигирад. Таҳлилгар мегӯяд, ҳадафҳои аслии Чин на масъалаи замину тавсеаи қаламрав, балки ҳифзи Тоҷикистон ба унвони як минтақаи ҳоил аст, ки Чинро аз қудратҳои дигари мисли Ғарбу Русия ҷудо мекунад. Инчунин, ин кишвар ба ҳайси як манбаи захираҳои табиӣ ва макони транзитии интиқоли газ хизмат мекунад, аз ин рӯ, ба эътимоди Зафар Абдуллоев, дар даҳсолаҳои наздик ҳеч гоҳ талоше барои эҳтимол ноамн кардани вазъи ин кишвар ба харҷ нахоҳад дод.