Телефону ноутбуку айпад ба ҷои аллаву китобу афсона

Мӯътодии кӯдакони аз 1 то 5-сола ба фанновариҳои наве мисли телефони ҳушманду айпад бархе аз волидонро агар хушҳол кунад, бархеи дигарро нигарон кардааст, ки истифодаи барзиёд аз ин дастгоҳҳо, бачаҳоро одамгурез ва гӯшанишин мекунад.

Мӯътодии кӯдакони аз 1 то 5-сола ба фанновариҳои наве мисли телефони ҳушманду айпад бархе аз волидонро агар хушҳол кунад, бархеи дигарро нигарон кардааст, ки истифодаи барзиёд аз ин дастгоҳҳо, бачаҳоро одамгурез ва гӯшанишин мекунад. Онҳо мегӯянд, аз ҳоло фарзандони хурдсолашон аз гуфтугӯ бо волидон фирор мекунанд ва ба телефону ноутбук ва айпад паноҳ мебаранд.

Парвина Саидова, як сокини Душанбе мегӯяд, писараш Умайр ҳамагӣ дувуним сол дорад, вале барномаҳои телефонро аз ёд медонад, рамзеро, ки модараш ба телефон мегузорад, ҳифз кардааст ва онро осон мешиканад ва бозии худро пайдо мекунад. Парвина мегӯяд, ки писараш аллаву афсонаро хуш надорад ва бе телефон хобаш намебарад.

Сӯҳбати мо бо Парвина дар яке аз боғҳои пойтахт ҳангоми сайругашт бо писараш иттифоқ афтод. Он лаҳза низ Умайр дар даст телефон ва саргарми ҷустуҷӯ буд. Парвина мегӯяд, аз ин хушҳол аст, ки писараш хеле барвақт ба фанновариҳои ҷадид таваҷҷуҳ кардаааст ва истифодаи баъзе барномаҳои телефони мобилро омӯхтааст.

“Ман рамзи телефонамро зуд зуд иваз мекунам, то бачаҳоям баъзе ҳуҷҷат ва аксҳои лозимии дохили телефонро тоза накунанд. Вале боз мебинам, ки ҳамин Умайр рамзро аз куҷое пайдо кардаву телефонро мекушояд ва ба модарбузургу холаҳояш тавассути вайбер смайликҳои гуногун мефиристад. Аҷибаш ин, ки Умайр паёмаки овозиро ҳатто метавонад”,- гуфт Парвина.

Ҳамин тавр, мисли Умайр ҳазорҳо кӯдаки дигари тоҷик бо рушди фановариҳои муосир назири айпаду айфон аз сӯҳбатҳои самимӣ ва қиссаву афсонаҳои волидон канор мондаанд. Онҳо давоми рӯз даҳҳо барномаи телефониро берун меоранд ва новобаста аз хурдсолӣ, мисли калонсолон телефонро барои худ василаи саргармӣ медонанд. Ин дар ҳолест, ки кӯдакони ду даҳсола пеш дар ин даврон танҳо афсонаву ҳикоя шунида ва дар рӯи ҳавлӣ саргармӣ бозӣ будаанд.

Ситора Муродова, сокини пойтахт ва модари се фарзанд мегӯяд, ҳатто истифодаи зиёди телефони мобил писари панҷсолаашро, ки ҳанӯз аз замони тифли ба планшету айпад одат карда буд, асабӣ ва дағал кардааст. Ӯ аз он нигарон аст, ки рӯзи дароз бо писараш дар хона аст, вале фарзандаш аз ӯ чизе намепурсад ва ҳар чизи хостаашро аз интернет ҷустуҷӯ мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯдакон дар банди телефону айпад

Теъдоде аз хонаводаҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, ба ҷои бозӣ бо телефону планшет, кӯдаконашонро ба китобхонӣ маҷбур кардаанд. Давламоҳ Давронова, модари ду писар гуфт, фарзанди калонияш 4-сола аст ва алакай достонҳои "Шоҳнома"-ро аз ёд медонад, ки ба фарқ аз бозиҳои телефонӣ, барояш манфиатовар хоҳад буд. Вай гуфт, замоне барои ин кор тасмим гирифт, ки хулқу рафтори кӯдаконеро дид, пас аз истифодаи зиёди телефони мобил, “иваз” шуданд. Ман фикр мекунам, ки Шоҳномахонӣ” нутқи кӯдаконро бурротар мекунад.

Ҳоло аксар кӯдакони то 3-сола дар Тоҷикистон телефони бозичагиро аз телефонҳои ҳақиқӣ фарқ мекунанд ва "фиреб" кардани онҳо кори осон нест.

Волидони ботаҷриба мегӯянд, ифрот дар истифодаи телефону планшет аз сӯи кӯдакон ба руҳу равони он таъсир дорад. Умар Оқилов, сокини 60- солаи шаҳри Душанбе, гуфт таваҷҷуҳи зиёди кӯдакони то 4-сола ба он хотир аст, ки ҳоло фановариҳо рушд кардааст ва онҳо метавонанд, номи ашёро ба воситаи замимаҳои телефонӣ аз худ кунанд. Вале ба гуфтаи Оқилов, истифодаи аз ҳад зиёди он метавонад пайванди кӯдак бо волидонро гусаста кунад.

Бо вуҷуди ин ҳама, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки волидон ба пуррагӣ наметавонад фарзандони хурдсолашонро аз банди фанорвариҳои нав раҳо кунанд. Чун ба гуфтаи онҳо, дар асре, ки ҳаррӯз як нармафзоре рӯи кор меояд, ин кор ғайримумкин аст.