Ҳар чаҳорум кӯдаки то 7-сола дар Тоҷикистон гирифтори бемории "фишори косахонаи сар" (черепное давление) будаанд. Асабшиносон мегӯянд, стресс ё фишори равонӣ, вазъи нохуби зиндагии занони ҳомила ва таваллуди мушкили онҳо ҳангоми зоймон, аз омилҳои аслии ин беморӣ аст.
Иқболой Норқулова, як модари ҷавон мегӯяд, вақте барои зоймон ба таваллудхона рафт, натавонист бо дарди худ тифл ба дунё биёрад. Табибон тифли ӯро тавассути дастгоҳи махсус аз батнаш берун оварданд. Вале ин модар мегӯяд, ки кӯдакаш ҳамеша ором, вале зоҳиран беҳаракат буд. Пас аз ташхис муайян шуд, ки ҳангоми таваллуд рагҳои борики хунгарди мағзи сари тифл зарб хӯрда ва кафидаанд.
Асабшиносон мегӯянд, ин беморӣ чанд нишона дорад -- агар баъзе кӯдакон дар ин ҳолат бисёр ором бошанд, баъзеи дигарашон зуд хашмгин мешаванд. Ё дар баъзе мавридҳо хуруҷи он дар солҳои аввали пайдоиш, номаълум мемонад.
Ҳоло писари чорунимсолаи ин модар зоҳиран ба як кӯдаки дусола монанд аст. Ин модари ҷавон барои табобати кӯдакаш аз Шаҳритус ба пойтахт омадааст ва мегӯяд, се сол боз дар пайи дармони дарди писараш сарсон аст. Ҳамсолони писари ӯ кайҳост, бо пойи худ мераванд ва шӯхона бозӣ мекунанд. Ин модари ҷавон мегӯяд, дасту пойи беҳаракати кӯдакаш ҷигари ӯро хун мекунад. “Ин аллакай сутунмуҳрааш аз ҳисоби асаб бемор аст аст, дигар яктарафаш умуман кор намекунад. Аввал ҳар моҳ табобат мекардам, ҳоло ҳар се моҳ беморхона хоб мекунем. Умед дорам рӯзе хуб мешавад”-гуфт Иқболой.
Танҳо писари ин модар гирифтори фишори косахонаи сар нест. Ирода Қодирова модари дигар ҳам барои табобати тифи дусолааш, ки гирифтори бемории фишори косахонаи сар аст, дар бемористони "Истиқлол" табобат мегирад. Ирода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҳангоми зоймон мушкиле надошт, аммо ташхисҳо муайян карданд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ гирифтори ҳолати шадиди фишорӣ равонӣ будааст.
Вай гуфт: Ин фарзанди сеюми ман аст. Ду нафари дигараш ягон беморӣ надоранд. Худам таваллуд кардам, на "кесерво" буд, на ягон мушкили дигар. Лекин мегӯянд, чӣ қадаре, ки фикри зиёд кунӣ, ба кӯдак таъсири бад мерасонад”.
Дар ҳамин ҳол табибон мегӯянд, вақте модарон рӯҳану ҷисман ранҷ мекашанд, кӯдаки дар батни модар буда, низ зери фишори равонӣ қарор мегирад. Ва дар бисёр ҳолатҳо кӯдак мариз ё маъюб ва ё бо бемории фишори косахонаи сар, таваллуд мешавад -- умдатарин дарде, ки феълан аксари кӯдакони навзод ва то синни 7- соларо азият медиҳад.
Маҳмадсаид Шеров, сарпизишки бемориҳои асаби кӯдакона дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ мегӯяд, ҳоло бештар ба онҳо модароне шикоят мекунанд, ки танҳо мондаанд ва бори зиндагиро ба танҳоӣ мекашанд ва фишорҳои равониву иқтисодӣ ҳангоми ҳомиладорӣ бетаъсир намондаву кӯдаконашон гирифтори бемории фишори косахонаи сар ҳастанд.
Ба гуфтаи ин асабшинос, агарчи афзоиши шумораи беморони фишори косахонаи мағзи сар миёни кӯдакон дар кишварҳое, ки дар ҳоли гузариш ҳастанд, назири Тоҷикистон, амри табиист, вале солҳои ахир ташхис тавассути дастгоҳҳои муосир имкони зуд ва ё зиёдтар муайян кардани чунин бемориро фароҳам кардааст.
Шеров гуфт, "агар кӯдакони гирифтори бемории фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сарсари вақт ба духтур муроҷиат накунанд, зиёдшавии оби мағзи сар ба гидротсифалия ё ин, ки макротсифалия, ба инкишоф наёфтани мағзи сар оварда мерасонад. Оқибат он ба фалаҷшавии дасту пойи кӯдак, фалаҷшавии асабҳои чашм, яъне каҷшавии чашм ва камақлӣ меорад”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Асабшиносон мегӯянд, ин беморӣ чанд нишона дорад -- агар баъзе кӯдакон дар ин ҳолат бисёр ором бошанд, баъзеи дигарашон зуд хашмгин мешаванд. Ё дар баъзе мавридҳо хуруҷи он дар солҳои аввали пайдоиш номаълум мемонад ва бемор будани кӯдак зуд эҳсос намешавад. Асабшиносон тавсия медиҳанд, ки ин кӯдакон бояд баъди аз зоишгоҳ баромадан, то як сол дар зери назорати табибон қароргиранд.
Раҷабгул Ятимова, ки 40 сол боз ҳамчун пизишки занонаву кӯдакона (детский гинеколог) фаъолият дорад, 29-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар яке аз сабабҳои афзоиши бемориии фишори косахонаи мағзи сар миёни кӯдакон мушкили иқтисодиву иҷтимоии хонаводаҳо махсусан занони ҳомила бошад, сабаби дигари он, истеъмоли доруҳои зиёду зараровар дар давраҳои семоҳаи аввали ҳомиладорӣ аст, ки метавонад ба косахонаи сари ҷанин ҳангоми рушд таъсир гузорад.
Аммо ин гинекологи таҷрибадор иқрор мекунад, ки бояд малакаву дониши момодояҳои навкорро боло бурд. Чун занони ҷавоне, ки барои зоймон ба таваллудхона оварда мешаванд, пештар аз ҳама ба кӯмаки онҳо ниёз доранд. Дар ҳамин ҳол, худи занон ҳам мегӯянд, гоҳо бархе момодояҳо ба хотири ба даст овардани даромади худ кӯшиш мекунанд заноне, ки барои зоймон ба таваллудхона оварда мешаванд, дар навбатдории онҳо кӯдак ба дунё биоранд. Аз ин хотир, дар баъзе мавридҳо барои бештар кардани дарди занон, ба онҳо сӯзандору мегузаронанд, ки ин таъсири манфӣ мегузорад.
Аз сӯи дигар, нақши момодояҳо ҳам ҳангоми таваллуди тифли зани ҳомила бориз аст ва онҳо низ бо ҷони зинда сару кор доранд ва иштибоҳи кӯчактарин дар марҳилаи таваллуди кӯдак, метавонад, натиҷаи нохушоянд диҳад. Натиҷае, ки ҳам модару кӯдакро бадбахт мекунад ва ҳам ҷомеаро аз як фарди солим маҳрум мегардонад.