Созмони Наҷоти кӯдакон, мақараш дар Лондон гуфтааст, дар солҳои охир дмизони маргу мири кӯдакон дар дунё ба таври чашмрас ва «бесобиқа» кам шудааст.
Бен Ҳюитт, роҳбари Наҷоти кӯдакон ё Save the Children, рӯзи 22-уми октябр гуфтааст, кам шудани сатҳи маргу мири кӯдак дар ҷаҳон як «раванди таърихӣ» аст. «Мо бояд дар бораи пешгирии маргумири кӯдакон барои наслҳои оянда фаъолтар бошем. Ба фикрам, мардум дарк мекунанд, ки ин раванд дар зиндагии онҳо тағйир ёфта истодааст.»
Тибқи барномаи рушди ҳазорсолаи СММ, бояд то соли 2015 мизони маргумири кӯдакон дар ҷаҳон се маротиба коҳиш дода шавад. Гузориши Наҷоти кӯдакон, ки рӯзи чоршанбеи 23-уми октябр нашр шуд, натиҷаҳои таҳқиқ дар 75 кишвари фақиру аз нигоҳи фавти атфол осебпазири дунё буда, мегӯяд, мизони маргумири солонаи кӯдакони то 5-сола аз 12 миллиони соли 1990 дар соли гузашта то андозаи 6.6 миллион пойин омадааст. Дар ин рӯйхат асосан кишварҳои Африқову Осиё ва қисмате аз Амрикои лотинӣ таҳқиқ шуда, кишварҳои пешрафтаи Аврупову Амрико ва ҳамин тавр, Ҷопону Корея ба далели вазъи беҳтарашон дар ин бахш аслан фаро гирифта нашудаанд.
Ин гузориш ба талошҳои Тоҷикистон дар амри коҳиши мизони маргумири кӯдакони то 5-сола баҳои 0,5 дода гуфтааст, чунин баҳо ба кишварҳое дода мешаванд, ки суръати коҳиши маргумири атфолашон назар ба суръати миёнаи он дар дунё кундтар аст. Ин созмон аз 75 кишвари мавриди назар ба 42 кишвар баҳои айни Тоҷикистонро дода, комёбии онҳоро дар амри кам кардани мизони марги кӯдакон нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ кундтар хондааст.
Устуворӣ ва азми давлати Тоҷикистон дар амри мубориза бо маргумири кӯдакро созмони Наҷоти кӯдакон 0,63 хол додааст. Ин арзёбӣ 0,25 хол барои хароҷоти давлатӣ ба соҳаи тиб, 0,25 холи дигар барои таҳияи стратегияи мубориза бо маргумири кӯдак ва 0,125 имтиёз барои пешрафт дар иҷрои ин стратегияро дар бар мегирад.
Баҳои миёнаи ин гузориш ба вазъи мубориза бо маргумири кӯдакони то 5-сола дар Тоҷикистон 1,46 гуфта мешавад ва Тоҷикистон аз ин нигоҳ бо Қирғизистону Узбакистони ҳамсоя ва кишварҳои африқоии Ботсвана, Бурундӣ, Африқои марказӣ ва Того дар як радиф меоянд.
Бен Ҳюитт гуфтааст, ки натиҷаи пешгирии маргу мири кӯдакон дар давлатҳои қашоқ ба мисли Бангладеш ва Ҳиндустон онҳоро ба «ҳайрат» овардааст. Дар ҳоле ки Бангладеш як кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ заъиф аст, пешигри маргу мири кӯдак дар ин кишвар "қаноатбахш" арзёбӣ шудааст.
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигерия ҳам аз ҷиҳати пешгирии маргу мири кӯдакон боиси таваҷҷӯҳ аст. Дар ин кишвар бо вуҷуди хушксолӣ ва камбуди манобеъи ғизо нисбати солҳои 1990 натиҷаҳои чашмрас мушоҳида мешавад. «Дар ин кишвар ба модарони ҳомиладор ва кӯдакон хизматрасонии ройгон ба роҳ монда шудааст,» - гуфтааст Бен Ҳюитт.
Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки барномаҳои давлатии кам кардани маргу мири кӯдаконро таҳяи карда, барои ин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои молӣ низ мегирад.
Save the Children, ки дар моҳи майи соли 2013 барои бори 14-ум гузориши ҷаҳонии модарон таҳти унвони “Зинда мондан дар рӯзи аввал”-ро нашр кард, ТоҷикистонроТоҷикистон дар раддабандии кишварҳои барои таваллуд муносиб дар байни 176 кишвар дар мақоми 124-умқарор дода, дар байни кишварҳои пасошӯравӣ хатарноктарин макон барои таваллуд муаррифӣ карда буд.
Бино бар ин гузориш, ҳар сол беш аз 1 миллион кӯдак дар ҳамон рӯзи аввали таваллудашон мемиранд, ки ин рӯзи аввали ҳаёти кӯдаконро ба хатарноктарин рӯзи зиндагӣ табдил медиҳад.
Дар як нишасте Дилмурод Давлатов, раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон, гуфта буд, маргу мири модару кӯдак дар Тоҷикистон баръакс бештар шудааст.
Бо гузашти 9 сол аз оғози иҷрои «Нақшаи стратегии солимии аҳолӣ», ки яке аз чунин барномаҳои кам кардани маргу мири модару кӯдак аст, мавориди маргу мири модару кӯдак ва бемориҳое, чун камхунӣ ва саратон дар миёни занони тоҷик коҳиш наёфта, балки рӯ ба афзоиш будааст.
Нақшаи стратегиии солимии аҳолӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар 9 сол пеш қабул гашта, бояд то соли 2014 давра ба давра амалӣ шавад. Нақшаи мазкур аз шаш самти фаъолият ва даҳ вазифа иборат буда, асосан барои беҳтар кардани солимии мардум бо роҳи танзими оила, таваллуди бехатар ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ нигаронида шудааст.