Филми ҳолливудии “Номер 44” дар Русия манъ шуд

Русия намоиши сартосарии филми сохтаи Ҳолливудро як рӯз пеш аз нахустнамоиши он дар толорҳои синамои кишвар манъ кард.

Русия намоиши сартосарии филми сохтаи Ҳолливудро як рӯз пеш аз нахустнамоиши он дар толорҳои синамои кишвар манъ кард.

Маскав намоиши филми сохтаи Ҳолливудро дар бораи ҳодисаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар остонаи нахустнамоиши сартосарии он дар Русия манъ кард. Мақомот мегӯянд, ки ин филм рӯйдодҳои таърихиро таҳриф мекунад.

Филме бо номи “Номер 44” бар пояи як асари моҷаробарангези бритониёӣ сохта шудааст, ки саргузаштҳои Лео Демидов, як полиси барканоршудаи шӯравӣ ва ҳам қурбонии гуруснагиҳои солҳои 1930-юми Украинаи шӯравии даврони Сталинро бозгӯ мекунад. Вазорати фарҳанги Русия гуфт, ки намоиши ин филм дар остонаи ҷашни 70-умини ғалаба бар фашизми нозӣ “ғариқобили қабул аст”. Мавриди нигаронии мақомот сужаи ин филм шудааст, ки, ба гуфтаи онҳо, “фактҳои таърихиро таҳриф карда, баъзе ҳаводиси қабл аз ҷангу баъди онро барқасдонеа тағйир додааст”. Хабари манъи филм рӯзи 15 апрел пахш шуд, дар ҳоле, ки рӯзе пеш аз ин иҷозатномаи расмии намоиши он барои тамошобинони аз 18-сола боло содир шудааст.

Президент Владимир Путин ва ҳукумати ӯ дар масъалаи кӯшиши зери суол бурдани нақши Маскав дар таърихи қарни 20, бахусус дар рӯйдодҳои марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳон хеле ҳассосият нишон медиҳад. Моҳи январи ҳамин сол, дар як мулоқоте бо аъзои ҳукуматаш дар остонаи омодагиҳо ба ҷашнҳои 70-солагии ғалаба бар фашизм, Путин гуфт, ки мақомоти Русия бояд бо “мавҷи дурӯғу сохтакориҳо ва таҳрифи фактҳои таърихӣ”, ки аз Ғарб сарчашма мегирад, мубориза баранд.

Сужаи филм бар пояи китоби Том Роб Смит бунёд шудааст, ки рӯйдодҳои соли 1952, як сол пеш аз марги Сталинро қисса мекунанд. Ин саргузашти як афсари шармандашудаи шӯравӣ аст, ки баъди барканориаш аз вазифаҳои муҳим ба хотири хоин эълон шудани ҳамсараш, дар як рустои дурдасте зиндагӣ ихтиёр мекунад. Афсари полис баъдан ба як қотили ашаддӣ табдил мешавад, ки ба гуфтаи муаллифон, бар пояи сарнавишти воқеии Андрей Чикатило, омили марги 52 нафар сохта шудааст. Соли 1992 Чикатило ба ҳукми марг маҳкум ва ду сол баъд эъдом шудааст.