Вазорати дифоъ: Ҳодисаи марги генерал таҳқиқ мешавад

Масъулини вазорати дифои Тоҷикистон хабари ҳалокати ногаҳонии генерал-майор Зариф Шарифзода (Бобокалонов)-ро дар як садамаи автомобилӣ тасдиқ карданд. Мушовири вазири дифои Тоҷикистон дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар наздикиҳои манзили зисташ дар Душанбе ба ҳалокат расид.

Шоми 18 январ дар маҳаллаи мавсум ба Медгородоки Душанбе генерал-майор Зариф Шарифзода (Бобокалонов) дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид. Ин мушовири вазири дифоъ 46 сол дошт ва то соли 2016 дар мақоми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон кор кардааст. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод. Вай гуфт, ки ҳодисаи марги генерал таҳқиқ хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон марги генералро таҳқиқ мекунад

Соате баъди садамаи маргбор, як афсари баландпояи вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи арзёбиҳои пешакӣ ин садама дар наздикиҳои маҳаллаи Медгородоки Душанбе рух дод.

“Худи Бобокалонов сари рули мошин буд ва ба тарафи хонааш ҳаракат мекард. Эҳтимолан дар сари рул дилаш аз кор монд ва мошини ӯ ба мошини дар пешистода бархӯрд кард. Вақте генералро ба бемористони Медгородок оварданд, аллакай ҷон дода буд”, гуфт ин манбаи радиои Озодӣ.

Ин намояндаи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ки худаш ҳам дар бемористони Медгородок қарор дорад ва баъди соати 8 бегоҳи рӯзи 18 январ дар ҳайати раҳбарони баландпояи вазорати дифоъ, ки дар бемористон ҷамъ шуда буданд, ҷасади генералро ба самти хонааш интиқол медоданд. Вай гуфт, “ҳоло ин ҷо ҳама раҳбарони калони вазорат ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ҳастанд. Фардо ҷанозааш баргузор мешавад”.

Ба ҳангоми садама, дар дохили мошини генерал як нафари дигар ҳам нишаста буд, ки ҳоло бо ҷароҳатҳои сангин дар бемористон қарор дорад.

Хабари марги генералро як манбаи дигари радиои Озодӣ ҳам тасдиқ кард.​

Ба иттилои манобеи радиои Озодӣ, ин ҳодиса дар хиёбони Умари Хайём дар наздикии осорхонаи Мирзо Турсунзода рух додааст. Ба гуфтаи бархе шоҳидон, мошини генерал бо як мошини навъи "Опел" бархӯрд кардааст. Сарнавишти ронандаи мошини "Опел" ҳанӯз маълум нест.

Таъйинот ба мақом расо 3 сол пеш

Вебсайти президенти Тоҷикистон расо 3 сол пеш дар таърихи 18 январи соли 2014 хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои нав ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншуда мулоқот кард. Дар ин хабар он замон аз Зариф Бобокалонов ба ҳайси "кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия" дар мақоми Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд шудааст.​

Баъди соли 2015 зоҳиран генерал исми худро ба шакли миллии Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ табдил карда буд.

Акс аз 18 январи соли 2014. Сайти президенти Тоҷикистон