Арзон бе иллат нест. Сирри атру ороишоти арзони бозорҳо

Маҳсулоти ороишиву атриёти арзон, вале бесифат дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон метавонад дар ниҳоят ба муштариёнашон ба ҷойи ҳусни бештар дарди сари зиёд эҷод кунад.

Харидани крем ва маводи ороишӣ Шамъигул Нуриддиноваро, ки мехост, бо истифода аз онҳо чеҳраашро оро бидиҳад, ба як дарди сар гирифтор кард. Баъд аз истифодаи ин ороишот, ки ба гуфтаи ӯ, бо нархи нисбатан арзонтар аз бозори “Корвон” дастрас карда буд, рӯяш доғдор шуд.

Ба гуфтаи Шамъигул, дар ниҳоят вай маҷбур шуд, ки барои табобати пӯсти рӯйи осебдидааш маблағи хеле бештарро сарф кунад: "Ҳар як зан мехоҳад, ки рӯяш зебо бошад. Чун дар фурӯшгоҳҳои марказӣ маҳсулоти ороишӣ нархи қимматтар дорад, ман аз бозор барои худ крем ва пудра харидам. Вале баъдан сахт пушаймон шудам, зеро пӯстам сахт осеб дид."

Шамъигул зимни сӯҳбат бо Озодӣ

Пизишкон ба ӯ гуфтаанд, ки маҳсулоти истифодакардааш бинобар нигаҳдории нодуруст, заҳролуд шудааст. Чунин таҷрибаи талх боиси он шуд, ки Шамъигул дигар аз харидории маҳсулоти ороишӣ даст кашад. Шояд сафи онҳое, ки мисли Шамъигул баъд аз истифодаи пардозҳо ба мушкили пӯст рӯ ба рӯ шудаанд, кам набошанд. Аммо теъдоди онҳое, ки аз ороишоти арзон осеб дидаанд, маълум нест.

Пизишкон дар Тоҷикистон аз афзоиши бемориҳои пӯст бар асари истифодаи ҳар гуна пардозҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳафтае то се-чаҳор нафар бо чунин шикоят ба онҳо муроҷиат мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сирри атру ороишоти арзони бозорҳо

Зулфия Абдуҳамидова, раҳбари клиникаи табобатии косметалогӣ рӯзи 7-и апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар шаҳр фурӯшгоҳҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ хеле зиёд аст, шумораи бештари занон барои гирифтани машварат ва табобат ба мо муроҷиат мекунанд. Зеро мутаассифона, харидорон на ҳамеша ба мӯҳлати истифода, сифат ва ҳамчунин шароити нигаҳдории ин маҳсулот таваҷҷуҳ мекунанд. Аксаран маҳсулоти ороишӣ аз бозорҳо харидорӣ мегарданд, ки дар он ҷо талаботи дурусти нигаҳдорӣ риоя намешавад.”

Зулфия Абдулҳамидова

Зулфия Абдулҳамидова мегӯяд, истифода аз кремҳои нодуруст боиси пайдоиши ҳар гуна оризаҳо дар чеҳраи занон мешавад, ки муоилиҷаи онҳо вақт мехоҳад. Мусоҳиби мо мегӯяд, занон ҳамчунин аз истифодаи баъзе навъи атрҳои арзон шикоят мекунанд, ки онҳоро ба аллергия ё ҳассосият гирифтор кардааст.

Коршиносон бар инанд, имрӯз 90 дарсади маҳсулоти фурӯшгоҳҳои аттории кишварро атрҳои тақаллубӣ ташкил медиҳад. Ороишгарон далели аслии воридоти чунин маҳсулоти арзон ба кишварро ба камбизоатии мардум вобаста медонанд, ки тавони харидани атрҳои гаронарзишро надоранд.

20-уми марти соли равон, кормандони Хадамоти гумрук дар паи санҷиши яке аз дӯконҳои фурӯши атриёт дар бозори “Корвон” беш аз 200 қуттии атри пастсифатро оташ заданд. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, тайи як соли ахир дар маҷмӯъ ҳудуди якуним тонна маводи ороишии пастифат ва қочоқиро мусодира кардаанд.

Манзура Давлатёрова, як сокини шаҳри Душанбе, ки ба ороиши рӯй ва пӯсташ аҳамият медиҳад, мегӯяд, танҳо як ҷойи хариди атру уппо дорад: ”Худи ман дар бемористон кор мекунам ва зиёд занону духтарон ба мо муроҷиат мекунанд, ки рӯй ва пӯсташон дар натиҷаи истифодаи

маҳсулоти пастсифат, зарар дидааст. Аз ин хотир, ман кӯшиш мекунам танҳо аз як нуқта, аз фурӯшандаи боваринок ва аз ширкатҳои боэътимод чунин маҳсулотро харидорӣ намоям.”

Мутахассисони ороиши пӯст ба сокинони кишвар харидории маҳсулоти ороишӣ ва парадозироаз фурӯшгоҳҳои махсус ва ё дорухонаҳо тавсия медиҳанд. Аммо як атре, ки дар дӯкони махсус ба қиммати 100-200 сомонӣ арзиш дорад, аз фурӯшҳои кӯчагӣ ва ё бозорҳо ба қиммати 10-15 сомонӣ дастрас мешавад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз воридоти маводҳои ғайриқонунӣ ва қочоқӣ ҷазоро барои соҳибкорон сангинтар кард. Ҳамакнун ҳаҷми ҷаримаи соҳибкорони инфиродӣ баробари арзиши моли ғайриқонунии воридкардаашон таъин мешавад. Аммо ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ аз арзиши мол ду баробар бештар хоҳад буд.