Чаро муллоҳо дар Эрон овозхонони занро чап гирифтаанд?

Бито Ҳоҷисодиқиён, овозхон ва омӯзгор аз Исфаҳон ҳам бозпурсӣ ва ба “Зарба ба арзишҳои ахлоқӣ” муттаҳам шуд.

Бито Ҳоҷисодиқиён, овозхон ва омӯзгор аз Исфаҳон ҳам бозпурсӣ ва ба “Зарба ба арзишҳои ахлоқӣ” муттаҳам шуд.

Бархӯрди мақомоти Эрон бо занони овозхоне, ки дар назди мардуми зиёд суруд мехонанд, сахттар шудааст.

Ҳафтаҳои охир саҳифаҳои гурӯҳе аз овозхонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуда, бархеи дигарро маъмурони амниятӣ ба бозпурсӣ бурдаанд. Як ҳунармандро ҳангоми овозхонӣ дар саҳна боздошт карданд.

Хонандаи дигар, ки лаҳзаи бе ҳиҷоб суруд хонданаш пурбинанда шуд, дастгир шуда ҳоло сарнавишташ номаълум аст.

Саҳифаи Гулсо Раҳимзамонӣ дар Инстаграм баста ва тамоми маводу наворҳои он пок шудааст.

Маъмурони амниятӣ барои ҳамовозӣ дар як суруд Сабоҳ Муртазонажодро бозпурсӣ карда, саҳифаашро бастанд.

Бито Ҳоҷисодиқиён, овозхон ва омӯзгор аз Исфаҳон ҳам бозпурсӣ ва ба “Зарба ба арзишҳои ахлоқӣ” муттаҳам шуд. Ҳаво Сайфзода ҳангоми овозхонӣ аз сӯйи шахсони мулкипӯш боздошт шуд. Дертар ӯро озод карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро муллоҳо дар Эрон овозхонони занро чап гирифтаанд?

Овозхонии занон дар Эрон аз соли 1979 ва пас аз инқилоби исломӣ мамнӯъ шуд. Бисёре аз овозхонҳо ба тарки кишвар маҷбур шудаанд.

Вале на ҳамаи мақомдорон аз ин қонун пуштибонӣ мекунанд. Як рӯҳонии ислоҳталаб аз шаҳри Қум ахирн гуфт, ки манъи овозхонии занон асоси динӣ надорад. Муҳаммадалӣ Аёзӣ, рӯҳонии ислоҳотталаб, аз ҷумла, гуфт:

“Фарқе байни зану мард дар ин ҷиҳат нест. Аммо чаро нисфе аз он ҷомеае, ки онҳо истеъдод доранд, фурсатҳое доранд ва метавонанд кӯмак кунанд ба фарҳанги инсонии мо, фарҳангии иҷтимоии мо. Чаро маҳрум кунем ва чаро инҳо натавонанд истифода бишаванд ба савташон? Аз назари навандешони динӣ ин масъала маъно надорад ва фарқе байни зану мард нест.”

Баъзе аз овозхонон аз пӯшидани рӯсарӣ ҳам саркашӣ мекунанд. Парасту Аҳмадӣ, барои бе ҳиҷоб зоҳир шудан дар Ютуб як муддат боздошт шуда буд.

Заро Исмоилӣ суруди "Black to black"-ро бе ҳиҷоб хонд. Баъди сербинанда шудани навор ӯро боздошт карданд. Сарнавишташ маълум нест.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

СММ гуфт, Эрон бо истифода аз паҳпод ҳиҷоби занонро назорат мекунад"Риёкорӣ". Вокунишҳо ба боздиди ситораи филмҳои фаҳшо аз АфғонистонҲукми шаллоқи овозхони эронӣ барои даъват ба тарки ҳиҷоб Ҳар ду рӯз дар Эрон як зан кушта мешавадБаъзе аз занон дар Эрон аз дасти хешовандон кушта мешаванд. Чаро?Сарояндае, ки дар Эрон бе ҳиҷоб суруд хонд, аз боздошт раҳо шудааст