"Гапи Озод": Чаро дар Тоҷикистон занҳо президент намешаванд? ВИДЕО

Дар акс: Гули Зард, Абдулло Ашӯров ва Ҳумайрои Бахтиёр

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон даҳ рӯзи дигар мондааст. Мисли интихоботҳои гузашта имсол низ ҳеч зан номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ нест.

Дар таърихи интихоботҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол танҳо як дафъа ва он ҳам номзадии ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ пешниҳод шуда буд. Ӯро сабтином накарданд, чун ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот, ба қадри кофӣ имзои тарафдоронашро ҷамъ оварда натавонист.

  • Чаро занон, ки тақрибан нисфе аз ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар интихобот номзад надоранд?
  • Номзад нашудани занон натиҷаи чист: Камҷуръатии худи онҳо ё чизи дигар?
  • Ин ақида, ки "сарварӣ зеби мард аст", аз куҷо сарчашма мегирад?
  • Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, талош дорад, мавқеи занро дар ҷомеа баланд бардорад. Амалкарди ҳукуматро дар ин бобат чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
  • Оё замоне мерасад, ки дар Тоҷикистон як зан раиси ҷумҳурӣ шавад?

Барои баррасии ин мавзуъ дар барномаи "Гапи Озод" Гули Зард, адиб ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Ҳумайро Бахтиёр, хабарнигори тоҷики муқими Аврупоро даъват кардем.

БАРНОМАРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гапи Озод: Чаро дар Тоҷикистон занҳо президент намешаванд?

ГАПИ ОЗОДРО ДАР ЮТУБ ТАМОШО КУНЕД: