Масъулони Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода дар поёни нимсолаи аввали 2024 нишасти матбуотӣ доир накарданд.
Далели ниҳоди аввалӣ то ҳол маълум нест. Намояндагони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки раис дар мураххасӣ буд ва ба ҳамин сабаб нишасти хабарӣ баргузор нашуд. Ҳоло он ки бино ба таҷриба дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари ҷумҳурӣ муовинони раис ё намояндагони дигари ҳукумат метавонистанд ӯро иваз кунанд.
“Рӯзноманигор метавонад, дар шаш моҳ як бор маълумотро аз нишасти хабарӣ дарёфт кунад. Дар мавридҳои дигар дастрасӣ ба иттилоъ хеле ва хеле душвор аст. Хусусан дастрасӣ ба факту рақамҳо дар ҳукуматҳо,” – гуфт Муҳайё Қаюмова, муҳаррири оҷонси хабарии “Суғднюс”.
Баъд аз таъхири беш аз сесола намояндагони ширкати “Барқи Тоҷик” дар вилояти Суғд тобистони имсол нишасти хабарӣ доир карданд. Он ҳам бе тайёрии комил. Дар гузашта баҳонаи баргузор накардани нишастҳои хабариро “супориш аз боло” мегуфтанд.
Мушкили дигар баргузории нишасти чанд ниҳоди муҳим дар як вақти кӯтоҳ аст. Барои мисол, Раёсати Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати кишоварзӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи идораи замин дар маҳдудаи ҳамагӣ як соат нишасти хабарӣ гузаронданд.
Дар нишасти охири раиси вилояти Суғд пешниҳод шуд, ки раисони шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба марказ биоянд ё вақтро барои хабарнигорон бештар ҷудо кунанд. Раҷаббой Аҳмадзода гуфт: “Имрӯз ҳар суоле, ки шумо додед, ба манфиати кор аст. Боз чашми ман кушода мешавад, ки кадом шаҳру ноҳия камтар фориғболӣ карда истодааст ё ҷиддӣ кор карда истодааст”.
Соли гузашта шаш созмони рӯзноманигорӣ дар остонаи нишастҳои хабарӣ аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кул хостанд, назорат бар нишастҳоро пурзӯр кунанд. Дар изҳорот омадааст, нишастҳои матбуотӣ "на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро низ аз даст додаанд: мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд."
Сол то сол камранг шудани нишастҳои хабарӣ ва маҳдуд шудани дастрасӣ ба иттилоот боис ба танқиди созмонҳои байнулмилалӣ низ гаштааст. Дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён, ки онро созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) нашр кард, Тоҷикистон ду зина поин рафта, дар шумори кишварҳои саркӯбгар, дар мақоми 155-ум ҷой гирифт.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад