Чолишҳои артиши Тоҷикистон пас аз чоряк қарн

Субҳи 23-юми феврали президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо табрики хизматчиёни қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба муносибати 25-солагии таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи кишвар шурӯъ шуд.

Артиши Тоҷикистон дар оғози соли 1993 дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби ҷанговарони ҳамин фронт ташкил шуд.

Дар ҷаласаи идона, ки дар толори "Кохи Борбад" ва дар ҳузури сарбозону афсарон ва генералҳо ҷараён гирифт, президент аз омодагии ҳарбии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ситоиш карда гуфтааст, ки ба нерӯву шуҷоати сарбозону афсарони тоҷик итминон дорад ва бо онҳо ифтихор мекунад. Вай гуфт, ки Артиши миллӣ дар муддати бисту панҷ сол ва “дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ташаккул ва обутоб ёфт”.

Ҳоло, ба гуфтаи президент, ин артиш тавони таъмини амнияти марзу буми кишвар ва суботу озодиҳои мардумро дорад. Айни замон, гуфт президент, дар баробари артиши кишвар рисолатҳои муҳими дигаре ҳам қарор дорад, ки ба “таҳаввулоти ҳодисаҳои ҷаҳон”, ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон ва таҳдиди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дигарҳо рабт мегирад.

Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон

Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон мегӯяд, нуқтаи меҳварии сӯҳбатҳои раиси ҷумҳур низ ба ҳушёрии сиёсии афсарону аскарон дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ихтисос дошт. Вай афзуд, ки наздик ба 40 сол дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон -- Афғонистон ҷанг ҷараён дорад ва аз ин рӯ, раиси ҷумҳур гуфт, ки нерӯҳо бояд ҳамеша бояд дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон дар имтидоди беш аз 1400 км марзи муштарак дорад. Бар иловаи он, ки се даҳсола дар кишвари ҳамсоя гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро, назири Ал-Қоида, Толибон ва ғайра фаъол буданд, ахиран изи пойи ДИИШ низ дар Афғонистон, аз ҷумла дар манотиқи шимол, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, пайдо шуд.

"Тоҷикистон тавони муқобила бо таҳдидҳоро дорад"

Ҳоло суол меҳварӣ ин аст -- Тоҷикистоне, ки дар хатти аввали мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад, омодагии равониву рӯҳӣ ва фаннии нируҳои мусаллаҳи он барои решакан кардани ҳар гуна ҳамалот ва воқеаҳои нохуш чӣ гуна аст? Низомиёни собиқадор мегӯянд, ки артиши Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст ва тавони муқобила бо ҳама гуна таҳдидҳоро дорад.

Ҳайдар Худойқулов, раиси Шӯрои ветеранҳои вазорати дифои Тоҷикистон.

Аз ҷумла, полковник Ҳайдар Худойқулов, раиси Шӯрои ветеранҳои вазорати дифои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки нируҳои мусаллаҳи кишвар бо беҳтарину мудернитарин таҷҳизоти ҷангӣ муҷаҳҳаз аст.

Ӯ мегӯяд, ки тибқи маълумоти коршиносони низомӣ, дар минтақаи Осиёи Миёна имрӯз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз қувваҳои ботаҷриба, обутобёфта буда ва аз тамоми озмоишу имтиҳонҳои сангин гузаштанд, таҷрибаи бои ҷангӣ доранд ва метавонанд дар ҳар гуна шароитҳо амал кунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи полковник Худойқулов, Артиши Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ аз мероси Артиши Шӯравӣ чизе ба даст наовард, аммо ҳамакнун бо техникаву муҳимоти ҳозиразамон таъмин аст.

"Артиши Тоҷикистон мисли пешин нест"

Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили тоҷик бар ин назар аст, ки дар радабандиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон аз лиҳози низомӣ мақоми чашмгире касб накардааст.

“Соли гузашта яке аз созмонҳои байналдмилалӣ - (IISS) гузорише дар робита ба Артиши кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр карда буд ва дар он радабандии байналмилалӣ Артиши Тоҷикистон мақоми баланд пайдо накарда буд. Артиши Узбакистон ва Қазоқистон нисбат ба Артиши Тоҷикистон мустаҳкамтар ҳастанд, ҳам аз лиҳози техникӣ, таҷҳизот ва омодагии ҷангӣ. Чун будҷаи ин кишварҳо ба соҳаи низомӣ нисбат ба будҷаи Тоҷикистон хеле ва хеле зиёд ҳам ҳаст”.

Абдулмалик Қодиров.

Ҷаноби Қодиров мегӯяд, Артиши Тоҷикистон дар поёни ҷанги дохилӣ аз лиҳози омодагии ҷангӣ миёни кишварҳои минтақа пурқудрат буд ва ин эътирофшуда аст. Аммо ба гуфтаи вай, ҳамакнун он нируҳо бознишаста шудаанд ва ё сафи Артишро тарк карда ва ҳамакнун афроди ҷавон омадаанд, ки наметавон онҳоро пурқудрат ва дорои таҷрибаи бойи ҷангӣ номид.

Ин коршинос вуҷуди "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар Артиш, камбуди ғизо барои сарбозон ва падидаи номатлуби “облава”-ро мушкили аслӣ барои пурқувват шудани нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон арзёбӣ мекунад. Аз сӯи дигар Абдумалик Қодиров, заъфи Артиши Тоҷикистонро дар техникаву муҳимоти ҷангии қадимӣ ва фарсуда, ки аз Русия мерос гирифтааст, медонад ва мегӯяд, Русия ҳеҷ гоҳ техникаи пешқадам ва пуриқтидори худашро ба Тоҷикистон намедиҳад.

Артиши Тоҷикистон аз назари хориҷиҳо

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стратегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, расо се соли пеш дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2015” (The Military Balance 2015), ки хароҷоти низомӣ ва иқтидори ҳарбиву ҷангии 171 кишвари дунёро дар бар мегирад, навишта буд, ки артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.

Нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистон, барои муқоиса, 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 170 тонки Т-62, 19 БРДМ, 120 БМД, 270 БМП, 309 БТР, 487 тӯп ва 135 ҳавопаймо, бо шумули 30 ҳавопаймои МИГ-29 ва 76 ҳавопаймои навъи СУ, ҳамчунин 29 чархболи МИ-24, 29 МИ-6 ва 52 МИ-8 дар ихтиёр доштаанд.

25 соли Артиши Тоҷикистон

Ҳамин тавр, ҷамъи нирӯҳои низомиву ниманизомии Тоҷикистон беш аз 16 000 ва ҷамъи хароҷоти низомиаш 946 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар бо қурби соли гузашта будааст. Дар қиёс, шумори нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистони иборат аз беш аз 30 миллион аҳолӣ- ҳудуди 75 000 ва буҷаи низомии он кишвар 1,6 миллиард доллар баровард мешавад, ки аз лиҳози теъдоди нирӯҳо қариб 5 баробар ва аз нигоҳи масрафоти низомӣ нисбат ба Тоҷикистон 9 маротиба бештар аст.

Артиши Тоҷикистон дар оғози соли 1993 дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби ҷанговарони ҳамин фронт ташкил шуд. Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 дар маркази Душанбе нахустин паради ҷанговарони Фронти халқӣ таҳти парчами артиши давлатӣ доир шуд ва санаи таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҳамин далел аз ҳамон рӯз ҳисоб мекунанд. 23-юми феврал дар замони Шӯравӣ низ ҳамчун рӯзи таъсиси Артиши Сурх ботантана таҷлил мешуд.