CESI: Тоҷикистон бояд худро аз ҳавзаи таъсири Русия берун кашад

Маркази иктишофи стратегии Авруосиё дар Лондон мегӯяд, агар Тоҷикистон худро аз ҳавзаи таъсири Русия хориҷ накунад, ба фурӯпошии давлат ва ҳарҷу марҷи бесобиқа рӯбарӯ хоҳад гашт.

Дар таҳлили навбатии худ Маркази иктишофи стратегии Авруосиё (Center for Eurasian Strategic Intelligence (CESI) менависад, президент Раҳмон бояд ба хотири ҳифзи субот дар Тоҷикистон сиёсати хориҷӣ ва самти иқтисодии худро бознигарӣ кунад. Ба ақидаи муаллифони ин таҳлил, боқӣ мондан дар ҳавзаи таъсири Русия ҳам барои бақои режими сиёсӣ ва ҳам куллан низоми амниятии ин кишвар хатари бунёдӣ дорад.

Маркази иктишофи стратегии Авруосиё бар ин аст, ки Тоҷикистон бояд ба шарикони қавии минтақаӣ такия ва истиқлолияти сиёсати гумрукии худро ҳифз намояд. Вай ба нақл аз муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия, ки 45 дарсади Маҳсулоти нохолиси миллӣ баровард мешавад, дар ҳоли коҳиш аст ва ҳамзамон Русия шарике нест, ки дар рушди иншоот ва зербинои саноатии Тоҷикистон саҳм гирад. Илова бар ин, маркази мазкур мегӯяд, далелҳое дорад, ки бунгоҳҳои иктишофии Русия ба мухолифон аз созмони «Гурӯҳи 24» ҳамкорӣ ва аз онҳо ҳимоят мекунад.

Бо ишора ба таъсири таҳримҳои зидди Русия, муаллифон гуфтаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар бо шариконаш дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар ҳоли коҳиш аст. Барои намуна, табодули мол миёни Тоҷикистон ва шариконаш дар ин эътилоф дар соли 2013 назар ба соли 2012 қариб 3,6 дарсад кам шудааст. Дар ҳамин ҳол Русия талош дорад, Тоҷикистонро ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шомил гардонад.

Дар ҳоли ворид шудани Тоҷикистон ба ин эътилоф, ба ақидаи муаллифони гузориш, Душанбе имтиёзҳои тиҷоратӣ ба даст намеорад ва баръакс аз бозорҳои алтернативӣ, аз ҷумла дар Чин, ҷудо мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин дар ҳоли афзоиш буда, Пекин гуфтааст, дар се соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон на камтар аз 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Зимнан, худи мақомоти Тоҷикистон низ гуфтаанд, ки густариши ҳамкориҳо бо Чин зарари рукуди иқтисодии Русияро дар зери таҳримҳои Ғарб ҷуброн хоҳад кард. Дар ҳоли узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ Тоҷикистон бо афзоиши тези нархҳо, бад шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ шуда, Душанбе аҳамияти худро барои минтақаи Осиё аз даст хоҳад дод.

Муаллифони гузориши CESI ба ин нукта ҳам ишора кардаанд, ки бо узвияташ дар ИИАО Тоҷикистон баъзе тарҳҳои муҳимии байнулмилалии худро зери хатар мегузорад. Аз ҷумла «CASA-1000», ки Русия ва Қазоқистон аз он хушҳол нестанд, ҳамчунин бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва лӯлаи гази Туркманистон-Тоҷикистон- Чин зери суол мераванд.

Иттифоқан ин нуктаро коршиносони тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озордӣ матраҳ карда буданд. Аз ҷумла Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар ин муддат фақат ба сатҳе расид, ки як кишвари дорои сиёсатҳои мустақил дар чорроҳаи байни Шимолу Ҷануби АвроОсиё бошад ва ҳоло наметавонад дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аз рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиаш бурида шавад: «Агар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё сохтмони роҳи оҳани Қошғар – Олой – Душанбе – Панҷ – Мазори Шариф ва CASA – 1000 – ро замонат дода, мусоидат кунад ва ҳам кафолати ширкат дар барқароркунии баъдиҷангии Афғонистонро дошта бошад, Тоҷикистон метавонад узви он шавад.»

Вале осеби бештарро таҳлилгарони CESI дар он мебинанд, ки Тоҷикистон аз ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ маҳрум мешавад. Ҳоло ин пардохтҳо солона 120 миллион долларро ташкил медиҳанд. Баъд аз узвият дар иттиҳод ин маблағҳо дар Беларус ва Русия гирифта хоҳанд шуд. Барои иқтисоди Тоҷикистон, ки танҳо акнун мехоҳад қомат рост кунад, ин ҳамгироӣ зарбаи шадид хоҳад зад. Дар гузориш омадааст, ки бад шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз тарафи гурӯҳҳои норозӣ суистифода хоҳад шуд ва фурӯпошии режими Раҳмон дар Тоҷикистон ҳарҷу марҷи пешгиринашавандаеро ба миён хоҳад овард. Ҳамроҳ шудани пайкорҷӯёни Давлати Исломӣ вазъро ба ҷое хоҳад бурд, ки зери назорат овардани он ғайримумкин ба назар мерасад.