Дар Тоҷикистон Маркази идоракунии нерӯҳои мусаллаҳ таъсис шуд. Ин марказ ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатар ба кишвар, нуқтаи асосии идоракунии ҷангии сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ ба шумор меравад.
Артиши Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврали соли 1993 таъсис шудааст. Тоҷикистон танҳо кишвари Шӯравии собиқ аст, ки аз мероси нерӯҳои мусаллаҳи СССР саҳме ба даст наовард.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи ин марказ президент ва ҳамзамон сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт. Маркази идоракунии нерӯҳои мусаллаҳ бо марказҳои маъмурии Бадахшону Суғд, Хатлон ва минтақаи Рашт ҳам пайваст мебошад.
Артиши Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврали соли 1993 таъсис шудааст. Тоҷикистон танҳо кишвари Шӯравии собиқ аст, ки аз мероси нерӯҳои мусаллаҳи СССР саҳме ба даст наовард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар марҳилаи баъдӣ, бунёди наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳ пешбинӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ин марказ бо системаи навтарини тамоси видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз буда, тавассути он интиқоли иттилооти электронӣ, идораи мустақими нерӯҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст.
Мақомот мегӯянд, таъсиси ин марказ имконият медиҳад, ки ҳама маъракаҳои муҳими ҳарбӣ дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои кишваррро фаро гирифта, аз Душанбе идора шавад.
Таъсиси Маркази идоракунии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳолест, ки то ба ҳол вазифаи ҳамоҳангсозии ин нерӯҳоро Ситоди кулл анҷом медод.
Артиши Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврали соли 1993 таъсис шудааст. Тоҷикистон танҳо кишвари Шӯравии собиқ аст, ки аз мероси нерӯҳои мусаллаҳи СССР саҳме ба даст наовард.
Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), қароргоҳаш дар Лондон, моҳи феврали соли гузашта дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016”(The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нерӯҳои Русия ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ номида буд.
Бино ба иттилои Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нерӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ ва 7500 нерӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нирӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нирӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода иборат аст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.