Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, рӯзи 20 июл гуфт, бар асоси Нақшаи генералии Душанбе бинои “Маркази савдои Тоҷикистон” (собиқ Фурӯшгоҳи марказӣ ё ЦУМ) вайрон шуда ва ба ҷояш бинои баландошёнаи бисёрсоҳа бунёд хоҳад шуд. Ӯ гуфт, "ҳоло ин бино ба ихтиёри Дастгоҳи президент гузаштааст. Ҳозир лоиҳаи азнавсозии "Маркази савдои Тоҷикистон" таҳия шудааст. Тибқи нақшаи бозсозии маҳал, ки кӯчаҳои маркази шаҳрро дар бар мегирад, дар оянда ин бино вайрон хоҳад шуд."
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар робита ба замони тахриби ин бино ва ба ҷои он бунёд шудани сохтмони нав гуфт, ин кор пас аз поёни бӯҳрон ва пайдо шудани пул дар буҷет анҷом хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фурӯшгоҳи марказии Душанбе дар маркази пойтахт, иборат аз 3 қабат ҳанӯз соли 1960 сохта шуда, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ як макони асосии хариди мардуми чӣ Душанбе ва чӣ меҳмонони шаҳр аз манотиқи мухталифи кишвар дониста мешуд.
Кормандони он ҳанӯз дар соли 1993 бо истифода аз қонунҳои тоза ҷоришудаи иқтисоди бозорӣ, ки як рукни асосиаш хусусӣ кардани корхонаҳои давлатӣ буд, Фурӯшгоҳи марказии Душанберо хусусӣ карданд.
Аммо бо гузашти 23 сол аз ин хусусигардонӣ мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин фурӯшгоҳ дар соли 1993, дар авҷи ҳарҷу марҷҳо, ки кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, хариду фурӯш шудааст.
Вале саҳомдорон инро рад карда ва иброз доштанд, “Фурӯшгоҳи марказӣ”-ро ба таври қонунӣ ва аз тариқи музояда харида буданд.
Зимнан, тайи ҳашт моҳи охир молики ин бино аллакай ду бор иваз шуд. Нахуст дар ибтидои моҳи декабри соли 2015 бо ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанбе қарори хусусигардонии “Фурӯшгоҳи марказӣ” аз соли 1993 бекор карда шуда, ин фурӯшгоҳ пурра давлатӣ гардид ва масъулияти идораи ин биноро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бар дӯш гирифт.
Аллакай рӯзи 8 декабр эълон шуд, ки исми фурӯшгоҳи марказии Душанберо ба “Маркази савдои Тоҷикистон” табдил додаанд ва худи ҳамон рӯз Абдусаттор Раҳимов ба ҳайси раҳбари нави он муаррифӣ шуд.
Баъдан, 19 феврали соли ҷорӣ, бо фармони ҳукумат дубора молики Маркази савдои Тоҷикистон иваз шуд ва мудирияти он ба ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи президент дода шуд.
Видеои эътирози саҳомдорони собиқи "Фурӯшгоҳи марказӣ": (АЗ БОЙГОНӢ)
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад