ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» дар як посухи расмӣ, ки рӯзи 19 апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, ба як гузориши Озодӣ дар бораи соли аввали фаъолияти ин ниҳоди молӣ эрод гирифтааст.
Дар матлаби "Гонг"-и хомӯши нахустин Биржаи фондӣ дар Тоҷикистон”, ки рӯзи 17 апрел нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешуд, ки “нахустин биржаи фондӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳафт моҳ пеш дарҳои худро барои муштариён боз кард, аммо аз замони ифтитоҳ то ба ҳол саҳмияҳои ин ё он ширкат дар он хариду фурӯш намешаванд.”
Аммо аз номаи директори “Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ” А.А. Шерназаров бармеояд, ки масъулони ин ниҳод на бо ҳама нукоти омада дар гузориши Озодӣ розианд. Ба хотири риояи озодии баён посухи расмии раҳбари биржаро инҷо пурра нашр мекунем:
"Боиси ифтихор аст, ки нахустин Биржаи фондӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» санаи 12 октябри соли 2015 дар пойтахти кишварамон ифтитоҳ ёфта, аз қатори мутахассисони ватании соҳа, ки дар давлатҳои Аврупову Осиё ба монанди Англия, Ҷопон, Федератсияи Руссия, Қазоқистон ва ғайра таҳсил кардаанд ва таҷрибаи корӣ доранд, ташкил шудааст.
Ғайр аз ин, бо мақсади омӯзиши таҷрибаи биржаҳои фондии давлатҳои дар ин самт муваффақгашта аз доираи кормандони Биржа дар муддати кӯтоҳ сафарҳои омӯзишӣ низ ба давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шуд.
Бояд қайд кард, ки номгузорӣ намудани мақола ҳамчун «Гонги хомӯши нахустин Биржаи Фондӣ дар Тоҷикистон» тамоман ғайримақбул мебошад, зеро он гонги дар ифтитоҳи биржа овоз додашуда на танҳо оғози фурӯши коғазҳои қиматнок, балки дар маҷмӯъ оғози рушд намудани бозори коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар ҷумҳурӣ буд, зеро ин соҳа на танҳо фурӯши коғазҳои қиматнок, балки паҳлӯҳои бисёрро доро мебошад. Дар ин ҷода ба таҷрибаи давлатҳои мутаррақии ҷаҳон назар афкандан лозим аст. Таҷрибаи давлатҳои иқтисодиёташон таррақиёфта, ки дар онҳо Биржаҳои фондӣ низ рушд ёфтаанд, нишон медиҳад, ки ҷараёни омода намудани бозори коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ солҳои тӯлониро дар бар мегирад. Аммо ба ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ноил гашт, ки дар мӯҳлати начандон калон як қатор амалҳои дар поён зикршударо барои барпо ва шурӯъ намудани фаъолияти Биржа ва бозори коғазҳои қиматнок дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба анҷом расонад. Бояд қайд намуд, ки ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» аз ҷиҳати инфрасохтор ва иқтидори кадрӣ дар як қатор бо биржаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қарор дорад.
Инчунин, бояд зикр кард, ки ҷараёни барориши коғазҳои қиматнок аз ҷараёни таъсисёбӣ ва рушди фаъолияти биржаи фондӣ куллан фарқ мекунад ва ба ин васила тасаввуроти корманди Радиои озодӣ оиди масъалаи зикршуда куллан нодуруст мебошад. Зеро бо ин тарз баён намудани маълумот оиди фаъолияти биржа ва соҳаи бозори коғазҳои қиматнок метавонад фаҳмиши нодурустро дар мафкураи омма барпо намояд. Чунончи таҷрибаи чандинсолаи давлатҳои дар ин самт рушдёфта нишон медиҳад, ки ҷараёни омода намудан ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ва биржа чандин солҳо, ҳатто асрҳоро мегирад. Агар баргардем ба масъалаи барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳомӣ дар биржаҳои фондии давлатҳои хориҷӣ, ин раванд аз 1 сол то 3 солро дар бар мегирад. Бинобар он, ки худи ҷараёни омода намудан (структурирование) ва эмиссияи коғазҳои қиматнок якчанд марҳилаҳоро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, таъҷилан амалӣ намудани ҷараёни зикршуда ғайриимкон мебошад. Бо назардошти он, ки Биржаи мо бо якчанд ширкатҳои ватанӣ оиди барориши коғазҳои қиматнок фаъолона корҳоро анҷом дода истодааст, дар назар дошта шудааст, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби ширкатҳои мазкур барориши коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.
Ғайр аз ин, бояд гуфт, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии фаъолияти Биржа аз ҷониби мутахассисони он ба қонунгузории танзимкунандаи соҳа як қатор тағйироту иловаҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба тартиб даровардани фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, содда гардонидани ҷараёни барориши коғазҳои қиматнок ба биржа, таҳияи санадҳои зерқонунии танзимкунандаи фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни касбӣ ва сармоягузорон бо роҳи фароҳам овардани шароитҳои имтиёзӣ. Инчунин далели аҳамияти калон доштани соҳаи бозори коғазҳои қиматнок он аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди бозори коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ қабул шудааст.
Ғайр аз ин, дар муддати шаш моҳи фаъолияти Биржа ба он ноил гашт, ки муносибатҳои худро ба арсаи байналмилалӣ бароварда, ба як қатор ташкилотҳои пешрафтаи соҳа, аз ҷумла, Ассотсиатсияи маҳфуздорандаҳои марказии Авруосиё, Ассотсиатсияи байналмилалии биржаҳои ИДМ, Ассотсиатсияи Агентиҳои Миллии Рақамгузор шомил шавад.
Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки пас аз таъсиси худ ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн ва омӯзиши таҷрибаи биржаҳои фондии пешрафтаи ҷаҳонӣ муносибатҳои худро бо Биржаҳои фондии Лондон (London Stock Exchange), Токио (Tokyo Stock Exchange), Москва (MOEX), Казоқистон (KASE) ва дигарон барпо намудааст.
Ғайр аз ин, аз лаҳзаи ташкил шудани худ ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» бо як қатор шарикони рушд, аз қабили Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Бонки рушди Осиё (ADB) ва дигарон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки Биржаи фондии мо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок якчанд чорабиниҳоро дар Биржа гузаронида истодааст. Аз ҷумла, курсҳои омузишии «Асосҳои биржаи фондӣ ва бозори коғазҳои қиматнок барои шурӯъкунандагон», «Асосҳои таҳлили молиявӣ» ва «Асосҳои таҳлили техникӣ ва бунёдӣ».
Чи тавре, ки дар маросими ифтитоҳи ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ», ки дар он намояндагони Радиои озодӣ ширкат доштанд, қайд гардида буд, саҳмгузорони Биржаи фондӣ ширкатҳои хусусии ватанӣ, яъне ҶДММ «Конофар Майнинг», ҶДММ «Дастина» ва Ширкати ҶИМЕКС Груп - и Британияи Кабир мебошанд, ва дар сохтори саҳмдорони ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ҳиссаи давлат вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ақидаи Радиои озодӣ оиди вуҷуд доштани саҳми давлат дар сохтори ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» куллан нодуруст мебошад.
Бинобар гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мақолаи дар сомонаи худ ҷойгиршударо тағйир ё ин ки хориҷ намоед, зеро маълумотҳои носаҳеҳ, ки дар он дарҷ гардидаанд, метавонанд ба обруву нуфӯзи Биржаи фондӣ таъсири манфӣ расонанд."