Саҳмияҳои Роғунро аз сандуқҳо бароред. Биржа ба кор медарояд

Муассисони аслии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ширкати Бритониёии GMEX ҳастанд.

Нахустин Биржаи фондии Осиёи Марказӣ рӯзи душанбеи 12−уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон фаъол шуд, ки аз ин ба баъд саҳмияҳову коғазҳои қимматнокро хариду фурӯш мекунад. Муассисони аслии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ширкати Бритониёии GMEX ҳастанд. Аз ширкатҳои тоҷикистонии таъсисдиҳандаи ин биржа ном бурда намешавад, аммо ба маълумоти ғайрирасмӣ биржаро ширкатҳои наздик ба ҳукумат таъсис додаанд.

Бо шунидани калимаи “саҳмия” дар Тоҷикистон бисёриҳо ба ёди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун меафтанд. Соли 2010−ум ҳукумат дар як маъракаи нимамаҷбурӣ ба мардум ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмияи Роғунро фурӯхт ва тақрибан оилае нест, ки аз ин саҳмияҳо нахарида бошад. Ин аст, ки аксарият бо шунидани калимаҳои саҳмия ин суол дар зеҳнашон пайдо мешавад, ки оё дар заминаи ин биржа онҳо саҳмияҳои Роғунро хариду фурӯш карда метавонанд ё на? Масъулони ин биржа мегӯянд минбаъд саҳмиядорони Роғун дар ин биржа саҳмияҳои номиналиро, яъне он саҳмияҳое, ки арзишашон аз 5

ҳазор сомонӣ боло аст, метавонанд хариду фурӯш кунанд.

Аммо Алишер Шерназаров директори Биржаи фондии Осиёи Марказӣ рӯзи 12−уми октябр гуфт, аз ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ин биржа саҳмияҳои ширкати "Газпром", "Сбербанк", ширкати "Катарпилар" ва "Барклайс"-и Бритониёро харидорӣ кунанд.
Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир ширкатҳо ҷараёни "листинг" ё номнависро дар биржаи мазкур гузашта истодаанд ва пас аз ин саҳмияҳои онҳо барои харидуфурӯш дастрас мешаванд. Дар қадами аввал бонкҳо ва ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон саҳмияҳои худро барои харидуфурӯш дар биржаи мазкур омода мекунанд.

Бинои Биржаи фондии Осиёи Миёна дар ошёнаи сеюми “Душанбе-Плаза” дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Тоҷикистон солҳо боз талош дорад як бозори фурӯши саҳҳом ва ё биржаи фондиро фаъол кунад. Ҳукумат ҳанӯз соли 1992 заминаи қонуниро барои фаъол шудани чунин як биржа таъмин карда буд. Аммо дар гузашта талошҳо барои таъсиси биржаҳои фондӣ натиҷа надода рӯи коғаз монд. Аз ҷумла, то соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва иҷозаномааш ҳам дигар тамдид нашуд. Биржаи фондии Душанбе, ки низ чанд сол пеш сабт шуд ва як вазифааш хариду фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд, аслан фаъолият накард ва маълум нест, сарнавишти он чӣ шуд.

Ин барои аввалин бор аст, ки талошҳо барои ташкили биржа аз рӯи коғаз ба амал гузашт ва дари Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ба рӯи муштариён боз шуд. Ҳамзамон бо ин, ҳукумат харидуфурӯши саҳмияҳоро ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз ё молиёт озод кард. Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин тасмим ба хотири рушди бозори коғазҳои қимматнок гирифта шудааст.

Азамат Қосимов, узи шӯрои директорони Биржаи фондии Осиёи Марказӣ гуфт, ки ин биржа барои ҷалби сармоя ба ширкатҳои ватанӣ ва фоида гирфитан аз сармояҳо кӯмак мекунад. Вай гуфт, дар Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ҳам саҳмияҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ҳам ширкатҳои маъруфи хориҷӣ харидуфурӯш мешаванд. Ин биржа бо харҷи 35 миллион сомонӣ таъсис ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 259 ширкату ҷамъияти саҳҳомӣ бо арзиши тақрибан 10 миллиард сомонӣ ва ё муодили 1 миллиарду 600 миллион доллар саҳмияву коғазҳои гаронбаҳои худро дар вазорати молия сабт кардаанд. Аммо дар байни онҳо муомилот вуҷуд надорад, тиҷорати саҳмия ва коғазҳои гаронбаҳо парокандаву ноустувор сурат мегирад ва тоҷирону афроди алоҳида гоҳ-гоҳе бастаи назоратии саҳмияҳоро мехаранд. Гузашта аз ин, саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ аз сабаби набудани биржа нархнома (котировка) ва баҳои расмии дар “listing” сабтшуда надоранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Биржаи фондии Осиёи Марказӣ