Шаҳрҳои таърихии Осиёи Миёна – дар осорхонаи Тула

Майдони Регистони Самарқанд як аср пеш

Дар осорхонаи шаҳри Тулаи Русия наққошиҳоеро ба тамошо гузоштаанд, ки зебоиҳои шаҳрҳои таърихии Осиёи Миёна дар замони аморати Бухороро тасвир мекунанд.

Донишҷӯёни тоҷику узбак ва туркмани Донишгоҳи омӯзгории Тула рӯзи 13 сентябр дар чорчӯби як барномаи интерактив дар осорхонаи ба номи Порфирий Крилови ин шаҳри Русия барои хоҳишмандон дарси рақсҳои миллӣ хоҳанд дод. Олга Кузнетсова, мудири осорхонаи Крилов рӯзи 9 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин барномаи интерактив намоишгоҳи “Сайёҳат ба Осиёи Миёна”-ро дар ин осорхона ҳусни анҷом хоҳад бахшид. Намоишгоҳи “Сайёҳат ба Осиёи Миёна” дар осорхонаи Тула аз 1 июл оғоз ёфта, рӯзи 15 сентябр ҷамъбаст мешавад.

Олга Кузнетсова мегӯяд: “Мо хостем, то ин намоишгоҳ дар мамҷӯъ муваффақамонро бо чунин як шеваи зебо нуқтаи таммат гузорем. Донишҷӯён аз Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон даъвати моро пазируфтанд ва он рӯз ба тамошобинон дарси рақсҳои тоҷикиву туркманӣ ва узбакӣ хоҳанд дод. Ин барнома дар рӯзҳои иди шаҳри Тула мегузарад ва мо умедворем, ки тамошобинони зиёде дар он рӯз аз осорхонаи мо дидан хоҳанд кард. Мутмаинам, ки як барномаи хеле ҷолиб хоҳад шуд. Шумо ҳам биоед ҳатман!”

Дар намоишгоҳи “Сайёҳат ба Осиёи Миёна” наққошиҳову муҷассамаҳои рассомону ҳайкалтарошони маъруфи рус Пётр Покаржевский, Лев Кочемкин, Борис Яковлев, Евгения Малеина, Иля Правдин, Иван Путятин, Валериан Вязигин, Эмма Шурлапова, ва Николай Трошин ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ин наққошиҳоро ин рассомон аз сафарҳои худ ба Осиёи Миёна овардаанд ва дар онҳо зебоиҳои шаҳру рустоҳои ин минтақа дар аҳди ҳанӯз аморати Бухоро ва солҳои 20-уми 30-юми асри 20 бо як маҳорати нотакрор тасвир шудаанд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ чанд асари Порфирий Крилов, ки осорхонаи Тула номи ӯро дорад, низ барои тамошо пешниҳод мешавад. Олга Кузнетсова мегӯяд: “Порфирий Крилов зода Тула аст, вале дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Крилов соли 1940 бо яке аз бародарон Кукриниксҳо (рассомони машҳури танзнависи замони Шӯравӣ) ба Осиёи Миёна сафар карда буд. Крилов аз он сафар як силсилаи наққошиҳо дорад, ки зебоиҳои он даврони шаҳрҳои Самарқанду Бухороро ба тасвир медароранд.”

Дар намоишгоҳи “Сайёҳат ба Осиёи Миёна” як теъдод аз осори рассомон аз кишварҳои Осиёи Миёна ва намунаҳое аз маҳсулоти сафолии қадимаи сохти ин минтақаро низ ба тамошо гузоштаанд.

Олга Кузнетсова, мудири осорхонаи Крилов мегӯяд, чунин намоишгоҳҳо дар амри тағйир додани назару бардоштҳои иштибоҳии мардуми маҳаллӣ нисбат ба Осиёи Миёна ва мардумони он қаламрав фавқулодда муҳиманд: “Ҳоло аксари мардуми оддӣ дар Русия Осиёи Миёнаро ҳамчун манбаи фиристодани муҳоҷирони корӣ ва маводи мухаддир мешиносанд ва дар бораи зебоиҳои он сарзамину фарҳангу тамаддуни бостониаш аслан тасаввуроте надоранд. Дар ҳоле ки Осиёи Миёна як сарзамини фавқулодда зебову диданист ва таъриху тамаддуни хеле қадима дорад. Онҳое, ки аз намоишгоҳ дидан мекунанд, хеле муттаассир мешаванд ва аксар бо як тасаввури комилан дигаре нисбат ба ин минтақа берун мешаванд. Ҳадафи мо низ тағйири бардоштҳои ғалат нисбат ба Осиёи Миёна ва мардуми он сарзамини бостонист.”

Масъулони осорхонаи ба номи Порфирий Крилови шаҳри Тула мегӯянд, намоишгоҳи “Сайёҳат ба Осиёи Миёна”-ро дар ду моҳи гузашта ҳудуди 10 000 нафар аз сокинони Тула тамошо кардаанд.