Бо фарорасии фасли гармо ва авҷ гирифтани мавсими сохтмонҳо, қиммати ду маҳсулоти аслии сохтмонӣ-семент ва хишти маҳаллӣ тақрибан 15 дарсад афзоиш ёфт.
Сементи тавлиди корхонаи навбунёди семтбарории «Хуаксин Ғаюр семен»-и Ёвон, ки дар бозорҳои сохтмонии Душанбе тақрибан як моҳ пеш 41-42 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳамакнун қиммати як халтаи 50 килоии он ба 48- 50 сомонӣ баробар шудааст. Дар ҳоле, ки арзиши як халтаи 50 килоии сементи Покистон ва Эрон 51- 52 сомонӣ арзиш дошт ва ҳамин қиммат боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи тоҷирони бозори сохтмонии «Паймон» дар Душанбе, ки дар дӯконҳои ин бозор сементи корхонаи Ёвон хеле камчин шудааст, аксари онҳо ба хотири афзоиши баякбораи сементи тавлиди корхонаи Ёвон аз воридоти ин маҳсулот даст кашидаанд. Онҳо афзоиши қимати сементи «Хуаксин Ғаюр семент»-ро ба боло бурдани нархи ин маҳсулот аз сӯи корхона марбут медонанд.
Ин дар ҳолест, ки қимати маҳсулоти дигари аслии сохтмони хишти пухта низ нисбат ба тирамоҳи соли гузашта тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст ва агар қаблан дар бозорҳои Душанбе як дона хишт 65 дирам арзиш дошт, ҳоло то 1 сомонӣ боло рафтааст. Тоҷирон иллати боло рафтани хиштро дар фаъол набудани корхонаҳои хусусии тавлиди хишт марбут медонанд, ки аксаран шаҳрвандони Чин ҳастанд. Ба қавли тоҷирон, шаҳрвандони Чин дар фасли сармо ба ватани худ бармегарданд ва ҳамин тавр корхонаҳо низ то моҳи май фаъолият намекунанд.
Корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» низ корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон аст, ки дар як соли пеш дар ноҳияи Ёвон фаъол шуд. Бо он ки дар ибтидо қимати сементи ин корхона нисбат ба сементҳои воридотӣ аз Эрон ва Покистон то 10 сомонӣ барои 1 халтаи 50 килоӣ арзон буд, бозори маҳсулоти ҳамсони хориҷии худро танг карда буд. Аммо масъулони корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ҳозир нашуданд, ки сабаби ба якборагӣ боло рафтани маҳсулоти корхонаи худро тавзеҳ диҳанд. Аммо гуфта мешавад, ки қисмате аз корхонаи "Хуаксин Ғаюр семент" аз кор мондааст ва яке аз сабабҳои афзоиши қимати ин маводи сохтмони маҳз ҳамин будааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад