Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон (АКС ва ВИДЕО)

69-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонро дар Тоҷикистон бидуни баргузориии паради низомӣ, аммо бо маросимҳои вижа ва сайругаштҳои идона таҷлил карданд.
Ба ин муносибат субҳи ҷумъаи 9-уми май, маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи «Оташи абадӣ», ки дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе воқеъ аст бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мақомоти баландпояи Тоҷикистон, намояндагони сафорату созмонҳои муқими Душанбе, кӯҳнасарбозони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, афсарону сарбозони вазорати дифоъ ва иддае аз сокинони шаҳри Душанбе баргузор гардида ва бо дақиқаи хомӯшӣ хотири қурбониёни ин ҷанг гиромӣ дошта шуд.

Аммо он гуна, ки қаблан эълом шуд, имсол таҷлили Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон танҳо бо ин маросим ва баргузории маҳфилҳои идона ва сайру гашти сокинон маҳдуд аст ва баргузории паради низомӣ дар назар нест.

Рӯзи гузашта дар маркази вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, маҳфилҳои бошукӯҳ ва ботантана ба муносибати солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ баргузор шуд ва интизор меравад имрӯз сайру гашти идона доир шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи гузашта дар паёми табрикие ба муносибати 69-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ, Ҷанги дуюми ҷаҳониро мудҳиштарин фоҷиаҳои аҳли башар хонд. Зеро ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои мухталиф сафарбар шуда, беш аз 50 миллион нафари он қурбон гардиданд.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон


Аммо ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон "дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд." Ин аст, ки президенти Тоҷикистон мегӯяд, "мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем."

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба таъмини суботу амният дар ҷаҳон таъкид карда ва ҳамзамон афзудааст, "дар замони муосир, ки хатарҳои экстремизму терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ фазои бисёр кишвару минтақаҳои ҷаҳонро ноором месозанд, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои сулҳи пойдор ва таъмини зиндагии осуда ҳамеша ҳушёру омода бошем."

Зимнан, дар Ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Олмони нозӣ, ки солҳои 1941-1945 идома ёфт, ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ширкат карда, ки аз ин ҳисоб ҳудуди 92 ҳазораш ҳалок шудааст.

Дар ин миён зиёда аз 50 ҳазор ордену медалҳои ҷангӣ гирифтаанд ва танҳо 65 нафар, ки дар миёни онҳо ҳам аксар русҳои сокинони Тоҷикистон буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуданд.

Навори видеоии гиромидошти хотираи ҷанговарони ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон инҷост: https://www.youtube.com/watch?v=Wb7e6iNLcjo&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гирмодишти хотираи қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ