Хабаргузории Ройтерз рӯзи ҷумъа аз қавли шоҳидони айнӣ дар Ғазза гузориш дод, ки таркиши ҳавлноке дар ин минтақа рух додааст ва дуди он дар осмон дида мешавад. Хабаргузории Ассошиэйтед пресс низ ба нақл аз артиши Исроил навишт, ки Исроил дар посух ба мушакҳои гурӯҳҳои фаластинӣ, навори Ғаззаро ҳадаф қарор додааст.
Дар соатҳои ахир ба дунболи поёни оташбаси 72 соата, чандин мушак аз навори Ғазза ба Исроил партоб шуда ва гурӯҳи "Алқудс" масъулияти онро ба ӯҳда гирифтааст. Ассошиэйтед пресс теъдоди ин мушакҳоро 17 фарванд гуфтаанд, ки панҷ мушаки нахуст талафот надоштааст. Аммо ҳанӯз гузорише дар бораи мизони талафоти мушакҳои баъдӣ мунташир нашудааст.
Хабаргузории Франс-пресс баёнияи артиши Исроилро мунташир кардааст, ки мегӯяд, "ба дунболи азсаргирии партоби мушак ба Исроил, нерӯҳои дифоии Исроил пойгоҳҳои гурӯҳои фаластинӣ дар Ғазза ҳадаф қарор додаанд."
Ин гузоришҳо аммо ба нақл аз яке аз сухангӯёни артиши Исроил мегӯяд, нерӯҳои исроилӣ ворид Ғазза нашудаанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ҳамлаҳои имрӯзи Исроил ба Ғазза чӣ қадар талафот доштааст. Аммо омори кушташудагони фаластинӣ дар ҷанги якмоҳа бо Исроил ба ду ҳазор наздик мешавад.
Бо тавофуқи ду тараф барои оташбаси 72 соата, умедҳо ба поёни ҷанги кунунӣ миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ва Исроил афзоиш ёфт, аммо Ҳамос эълон кард, ки Исроил шартҳои фаластиниҳо барои тамдиди оташбасро напазируфтааст. Аз ҷумлаи ин шартҳо, рафъи муҳосираи навори Ғазза аст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе таъкид кард, ки муҳосираи Ғазза наметавонад то абад давом дошта бошад ва бояд ба поён расад.