Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 17 июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба он, ки номашро кай тоҷикӣ хоҳад кард, гуфт, ки ҳоло наметавонад номашро тоҷикӣ кунад. Чун сафарҳои зиёде ба хориҷа дорад ва бо ҳамин ном муаррифӣ шудааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳимов, қаблан раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд ва дар феҳристи хадамотҳои дигар кишварҳо бо ҳамин ном муаррифӣ шудааст ва ба ин далел ҳоло иваз кардани номаш ба шакли тоҷикӣ имкон надорад.
Ҳатто генерал Абдураҳимов аз сафараш ба Ҷопон ёдоварӣ кард ва гуфт, ки "вақте ба он кишвар сафар кардам, дар назди яке аз идораҳо хонумеро дидам, ки дар дасташ ҳуҷҷатҳо дошт ва маро назорат мекард ва акси ман бо либоси низомиамро дошт. "
Аммо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ваъда кард, ки пас аз ду сол, ҳангоме, ки бознишаста мешавад, ҳатман ному насабашро тоҷикӣ хоҳад кард.
ДАР НИМ СОЛ АЗ ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ 27 ТАН ҶОН БОХТААНД
Дар ним соли аввали соли ҷорӣ бар асари ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистон 27 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 52 ҳодисаи табиӣ рух додааст, ки дар натиҷа 27 сокини кишвар ҷон бохтаанд.
Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 17 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз 52 ҳодисаи табиӣ, ки дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ иттифоқ афтодааст, 19 маврид дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, 12 ҳодиса дар вилояти Бадахшон, 9 - то дар Хатлон ва 4 ҳолати дигар дар Суғд рух додааст.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди кушташудагон бар асари офатҳои табиӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар бештар будааст. Зеро дар нимаи нахусти соли гузашта ин рақам 9 нафарро ташкил додааст. Ба гуфтаи генерал Абдураҳимов, дар ин муддат 149 нафар ба ҳолатҳои фавқуллода гирифтор шуда, 38 нафар зери тарма мондааст, ки дар натиҷа 7 нафари онҳо фавтидаанд.
Генерал Абдураҳимов, афзуд, ки дар пайи ҳодисаҳои табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи ҳудуди 40 миллион сомонӣ муодили 8 миллион доллар хисорот ворид шудааст. Ҳамзамон ба иттилои масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, мавориди ғарқшавӣ дар кулу дарёҳо дар нимаи нахусти соли ҷорӣ низ афзоиш ёфтааст.
Вай гуфт, "агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар куллу дарёҳо 21 нафар ғарқ шуда бошад, пас дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ин рақам ба 38 нафар расидааст. Аксари ғарқшудагон ҷавонони синни 17 солаанд. 13 нафар ба сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, 5 кӯдак беназорат мондан, 4 нафар дар пайи садамаи автомобилӣ, 3 нафар аз тариқи ба об партофта ва худкушӣ кардан, 2 нафар аз беэҳтиётӣ, 2 нафар номаълум, 1 нафар кушта ва ба об партофта шудааст ва 1 тани дигар ҳангоми моҳигирӣ дар об ғарқ шудаанд".
Ба таъкиди раиси Кумитаи вазъи фавқуллодаи Тоҷикистон, бо сабаби дар минтақаи хавф қарор доштани иддае аз сокинон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 300 хонавода аз манотиқи кӯҳистон ба водиҳо куч дода шудаанд. Зимнан, Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ аст ва ҳамасола вуқуи мавориди офоти табиӣ, назири заминҷунбӣ, сулу обхезӣ ва фаромадани ярч дар манотиқи мухталифи он ба мушоҳида мерасад.
Аз хунбортарин ҳодисаҳои табиӣ имсола фаромадани ярч дар деҳаи Одинайбойи ноҳияи Шӯрообод буд, ки бар асари он 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД