Додситонии ноҳияи Рудакӣ тафтиши парвандаи занеро, ки дар ҷой кардани даҳ сӯзан дар бадани тифли 9-моҳааш гумонбар мешавад, ба анҷом расонида ба баррасии додгоҳ ирсол кардааст.
Бо сабаби тӯлонӣ будани ҷарроҳӣ ба сӯзанҳое, ки дар косахонаи сар ва шикамаш ҳаст, нарасидем. Чун якбора гузаронидани чанд ҷарроҳӣ имкон надорад
Ҳодиса аввали моҳи июли имсол расонаӣ шуд ва мақомот Муҳайё Каримова, модари Мудассир Каримови 9-моҳаро барои содир кардани ин ҷиноят гумонбар донистанд. Мақомот гуфтанд дар баёноти муқаддамотӣ модар иқрор шудааст, ки ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст. Иддаое, ки ин модар рад мекунад ва мегӯяд, зери фишор чунин баёнот додааст. Қазияи мазкур мавриди интиқод ва баҳсҳои зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд.
Таҳдиди то 12 соли зиндон
Як манбаъ дар додситонии Рудакӣ рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин парванда аз рӯи моддаи 110, қисми 2 яъне "Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» таҳқиқ шуд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, парванда чанд рузи пеш ба додгоҳи ноҳияи Рудакӣ ирсол шудааст. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин ҷиноят аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Муҳайё Каримова - модари 26-солаи Мудассир Каримов, ки ба хотири доштани кӯдаки ширхора дар озодӣ қарор дорад, рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рузи пеш дар додситонӣ ба ӯ гуфтанд, ки таҳқиқи аввалия дар додситонӣ анҷом шуда акнун парванда ба дасти додгоҳ фиристода шуд. Ин модар гуфт: «Дақиқ намедонам, ки додгоҳ аввалин мурофиаро кай шуруъ мекунад. Намедонам, қарори додгоҳ чӣ мешавад. Ҳоло бо Мудассир дар хона ҳастам ва барои ҷарроҳии навбатӣ ва гирифтани сузанҳои боқимонда омода мешавем».
Аввали моҳи июли соли ҷорӣ табибони бемористони Қарияи Боло аз ошкор шудани 10 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар дода ва қотеона таъкид карданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Ташхиси рентгенӣ сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва ҷойҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба бадани тифлам сӯзан нахалондам". Ду эътирофи модари Мудассир"Ҳадаф - баргардонидани шавҳар аз Русия буд"
Ҳоло 4 сӯзани дигар дар ҷисми кӯдак боқӣ мемонад. Пизишкони шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона, дар Қарияи Боло рӯзи 28-уми июн дар пайи муроҷиати волидон ба муоинаи Мудассир оғоз карданд. Ин сӯзанҳо, ба гуфтаи табибон, ҳадди ақал се моҳи пеш дар ҷисми кӯдак ҷой шудаанд. Баъд аз чаҳор рӯзи ин ҳодиса дар як изҳороти хаттӣ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо такя ба баёноти муқаддамотии модар навишт, ки ин зан ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст.
Аммо Муҳайё Каримова дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ моҳи июл гуфт, ки иттиҳоми ворид кардани сузан ба бадани писараш аз суи ӯ “беасос аст” ва ӯ “зери фишор маҷбур шуд гуноҳро эътироф кунад”. Ин сокини ноҳияи Рудакӣ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ барои баргардонидани шавҳараш ин корро накардааст, зеро шавҳараш ҳар рӯз ба ӯ занг мезанад ва дар Русия ҳам зиёд намемонад.
Айни замон, ин модар гуфт, ки чӣ гуна ба ҷисми писари ширхонаш ворид шудани сӯзанҳоро намедонад ва касеро ҳам дар ин кор гунаҳгор карда наметавонад. Ин зан гуфт, ки ҳанӯз шавҳараш дар Русия аст ва рӯзҳои наздик қарор аст ба хона баргардад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонӣ: фишор набуд
Вале мақомоти тафтишотӣ иддаои ин модарро, ки гӯё зери фишор гуноҳро ба гардан гирифтааст, рад мекунанд. Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода, додситони ноҳияи Рудакӣ дар суҳбати телефонӣ дар моҳи июл бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳангоми бозпурсӣ ба ин зан ҳеҷ фишор нашудааст ва ӯ худаш гуноҳашро иқрор кардааст. Додситон гуфт, тафтиши парвандаи ин модар зери назари ӯ қарор дорад ва онҳо Муҳайё Каримоваро бо як вакили дифоъ низ таъмин кардаанд.
Мудассир фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда модар масъулияти тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад.
Табибоне, ки тифли 9-моҳаро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кории онҳо бесобиқа буд. Ба қавли Шуҳрат Чориев, мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона, ки рӯзи 3-юми июл бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кардааст, "ду донааш сӯзани дарздӯзӣ буд. Дутои дигараш нофаҳмо буд, яъне намедонем чӣ аст. Ду донаи дигар сӯзанпора. Нав нестанд, тӯлонӣ дар бадани кӯдак истода ва занг задаанд."
Вай гуфт, ки "бо сабаби тӯлонӣ будани ҷарроҳӣ ба сӯзанҳое, ки дар косахонаи сар ва шикамаш ҳаст, нарасидем. Чун якбора гузаронидани чанд ҷарроҳӣ имкон надорад."
Айни чунин ҳодиса соли равон дар Узбекистон ба вуқуъ пайваст ва қазия то ба додгоҳ кашида шуд. Табибони узбек аз бадани тифли 11-моҳа дар вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзан пайдо карданд. Аммо дар Тоҷикистон чунин ҳодиса бенамуна аст, ё дар ҳар сурат расонаӣ нашудааст.