Додситонӣ: "Санҷиши ҳодисаи марги Абдурасул Назаров ниҳоӣ шудааст"

Абдурасул Назаров.

Додситонии шаҳри Душанбе санҷиши ҳодисаи марги Абдурасул Назаров, як сокини Кӯлобро анҷом додааст ва мегӯяд, ки ба зудӣ хулосаҳояшро эълон хоҳад кард. Абдурасул Назаровро моҳи март маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе дастгир карданд ва рӯзе баъд тани беҷонашро ба наздиконаш супурданд.

Волидону хешовандони Абдурасул, ки зоҳиран бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд, мегӯянд, ки ӯ бар асари шиканҷаву латукӯб ба ҳалокат расид. Вале ҳанӯз мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рӯзи 28-уми март аз тарафи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт шуд.

Дар шӯъбаи умури дохилии "Сино-2" дар шаҳри Душанбе ба хонаводаи Назаров гуфтаанд, ки сабаби марги ӯ истеъмоли беш аз ҳадди маводи мухаддир будааст. Хонаводаи Назаров ин иддаоро комилан рад мекунанд. Хонавода умедвор аст, ки додситонӣ ин қазияро аз рӯи моддаи “шиканҷа” баррасӣ мекунад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Абдусамад Назаров, бародари Абдурасул рӯзи 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони Додситонии шаҳри Душанбе ҳамсар, вакили дифоъ ва ӯро даъват карда, дар бораи ҷараёни тафтишоти ҳодисаи марги бародараш суҳбат анҷом додаанд.

Вай гуфт, муфаттиши додситонӣ Хуршед Сатторзода ба онҳо иттилоъ додааст, ки тафтишот ба анҷом расидааст ва дар ин бора қарор қабул хоҳад шуд. "Муфаттиш дар бораи тафтишот сухан кард, ки бар асоси ташхисҳо маълум шудааст, ки дар бадани Абдурасул осори латту кӯб будааст. Бар асари зарб хӯрдан дар баъзе аъзои баданаш доғҳои сиёҳ мушоҳида шудааст”. Хуршед Сатторзода дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз сӯҳбат ва шарҳи мавзӯъ барои матбуот худдорӣ мекунад.

Хуршед Сангов, муовини раиси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ гуфт, воқеан ҳангоми ташхис дар бадани Абдурасул Назаров ҷароҳатҳоро ошкор кардаанд. Сӯҳбати мо бо Хуршед Сангов дар утоқи кории ӯ субҳи 18-уми апрел сурат гирифт. Аммо вай нагуфт, ки осори латукӯб дар бадани Абдурасул Назаров баъди боздошташ аз ҷониби пулис, пайдо шудааст ё хайр.

Хуршед Сангов гуфт, баъди дубора аз қабр берун овардани ҷасади Абдурасул дар рӯзи 7-уми апрел натавонистаанд ҷасадро хуб ташхис кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, баданаш пӯсида буд. Ӯ афзуд: "Ташхиси мо шаффоф, бидуни кадом тақаллуб сурат мегирад. Мо ҳама фарзанди инсон ҳастем".

Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рӯзи 28-уми март аз тарафи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт шуд. Наздиконаш гуфтанд, ки маъмурони милиса дар тан либоси шаҳрвандӣ доштаанд.

Ҷасади Абдурасул Назаровро рӯзи 29-уми март ба зодгоҳаш Кӯлоб интиқол додан ва дар деҳаи Чармгарон дафн карданд. Абдурасул Назаров ду фарзанд дошт ва 12 соли ахир бо хонаводааш дар яке аз хобгоҳҳои Душанбе зиндагӣ мекард.