Парвандаи вакили пешини Зайд Саидов. Молӣ ё сиёсӣ?

Фахриддин Зокиров

Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод бар асоси айбномаи парвандаи Фахриддин Зокиров, собиқ вакили мудофеи Зайд Саидов ба баррасӣ ва тафтиши 1 миллион доллар қарзе, ки аз «Тоҷиксодиротбонк» гирифтааст, пардохтанд.
Мавлудхон Салихов, яке аз вакилони мудофеи Фахриддин Зокиров рӯзи 24-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки муфаттишони Оҷонсӣ ба тафтиши 1 миллион доллар қарзе, ки аз «Тоҷиксодиротбонк» гирифта ва 600 ҳазори онро баргардонидааст, шурӯъ карданд.

Оҷонсӣ зидди фасод мехоҳад мушаххас кунад, ки ин маблағро оқои Зокиров кай ва барои чӣ вом гирифтааст ва ба кадом суратҳисоб интиқол додааст. Ин маблағ чӣ гуна сарф шудааст ва чаро дар мӯҳлате, ки бояд баргардонида мешуд, пурра баргардонида нашуда ва оё амали тақаллубкорӣ дар ин иқдоми Фахриддин Зокиров мушоҳида мешавад ё не?

Вакили мудофеи Фахриддин Зокиров гуфт, ҷараёни тафтишот бидуни кадом фишору зурӣ сурат мегирад ва ҳамаи ваҷҳҳо бо марҳила, мавриди пурсиш қарор мегиранд. Марҳилаи тафтишоти 1 миллион доллар қарзи Фахриддин Зокиров то моҳи май идома хоҳад кард.

Фахриддин Зокиров, яке аз се тан вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири қаблии саноати Тоҷикистон, ки дар зиндон ба сар мебарад, рӯзи 6-уми март тибқи моддаи 247-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ба иттиҳоми тақаллуб аз сӯйи масъулони Оҷонси мубориза бо фасод боздошт шуд.

Масъулони ин Оҷонсӣ мегӯянд, ки боздошти Фахриддин Зокиров ба қарз гирифтани ӯ аз "Тоҷиксодиротбонк" дар соли 2011 рабт дорад. Мавлудхон Солеҳов низ мегӯяд, ки муваккили вай дарвоқеъ дар соли 2011 аз бонк як миллион доллар қарз гирифта ва то ҳол 600 ҳазори онро пардохт кардааст.

Комиссияи Байналмилалиии Ҳуқуқдонҳо (International Commision of Jurists) чанд рӯз пас аз боздошти Зокиров дар моҳи март бо пахши як баёния боздошти Фахриддин Зокировро таҳдиде барои фаъъолияти мустақили ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ карда буд.

Дар ин баёния масъулони ин созмон аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки ин амр ба фаъолияти ҳирфаии оқои Зокиров, яъне дифои фаъолонаи ӯ аз Зайд Саидов, марбут аст. Аммо Мавлудҷон Солеҳов мегӯяд, ҳарчанд бисёре аз расонаҳо боздошти Зокировро ба қазияи ҳимояти ӯ аз Зайд Саидов рабт медиҳанд., нодуруст аст. Вай меафзояд, ки баҳси парвандаи Зокиров молӣ буда ва ба сиёсат ҳеҷ рабте надорад.