Додгоҳи шаҳри Хуҷанд субҳи рӯзи 16-уми октябр ба баррасии даъвои пулиси ин шаҳр алайҳи рӯзноманигор Қамари Аҳрор оғоз кард.
Пулиси шаҳри Хуҷанд даъво дорад, ин рӯзноманигори минтақавии нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюс” рӯзи 6 августи соли равон, ҳангоми баргузории мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ дар толори варзишии марказии вилояти Суғд, аз иҷрои амри кормандони пулис, ки ба вай аз масофаи наздик ба саҳна (ринг) наворбардориро манъ карданд, сарпечӣ кард.
Дар пайи он кормандони пулис ӯро аз толор ба идораи худ бурда, алайҳаш мутобиқи банди 479 -и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Додгоҳ дар рӯзи аввали баррасии парвандаи маъмурӣ, аз субҳ то нимрӯзи 16-уми октябр 2 корманди пулис ва 2 шоҳидро бозпурсӣ кард.
Қамари Аҳрор баъди анҷоми баррасӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даъвои пулис сохта аст ва ӯ зимни наворбардории муштзании Мавзуна Чориева бо ҳарифаш аз Узбакистон танҳо вазифаи касбии худро иҷро мекард ва ба ҳеҷ гуна нақзи қонун роҳ надодааст.
Қамари Аҳрор афзуд: “Имрӯз дар додгоҳ кормандони пулиси Хуҷанд гуфтанд, ки гӯё ман худро муаррифӣ накардаам ва амри онҳоро, ки аксу навор набардорам, иҷро накардаам. Вале ин даъвои онҳо дуруст нест. Ман ба онҳо фақат гуфтам, ки вазифаи касбии худро иҷро карда истодаам, шумо ҳам аз пайи кори касбии худ бошед. Ва шоҳиде ҳам инро тасдиқ кард, ки ман ба кормандони пулис шаҳодатномаи рӯзноманигории худро нишон додам, бо ин вуҷуд онҳо маро аз толор берун карда, ба идораи пулис бурданд. Ман танҳо мехостам аксу наворҳои хуб бардорам. Вале пулис ба ман носазо гуфт, аз толор берун кард. Ин амали онҳоро нақзи рӯирости ҳуқуқу озодиҳоям ба ҳайси рӯзноманигор медонам.”
Вай афзуд, ки ба мусобиқаи байнулмилалии бокс ӯро маркази матбуоти ҳукумати Суғд дар қатори рӯзноманигорони дигар даъват карда буд.
Ба назари Файзинисо Воҳидова, вакили дифои рӯзноманигор Қамари Аҳрор парванда нисбат ба зерҳимояашро “сохта” ва фишор болои хабарнигоре медонад, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ садо баланд кардааст: “Имрӯз дар толори додгоҳ шоҳиди он гаштем, ки кормандони ҳифз ҳуқуқ дар баёноти худ рӯзноманигорон ва наворбардоронро ба “расмӣ” – ву “ғайрирасмӣ” ҷудо мекарданд. Хабарнигорони расмӣ, аз нигоҳи онҳо хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба он ва ғайрирасмӣ – рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва ғайри давлатӣ ҳастанд. Ин як навъ тафриқаандозӣ байни рӯзноманигорон ва поймол кардани ҳуқуқи баробари қонунии онҳо аст.”
Зафар Сафиев, муовини сардори ШКД-и шаҳри Хуҷанд дар додгоҳ гуфт, баҳси пулис бо рӯзноманигорон дар толори варзишӣ аз он сар зад, ки онҳо ва дар байнашон Қамари Аҳрор муштзаниро аз масофаи наздик, тақрибан 3 метрии ринг, ба навор мебардоштанд. Ва ин ба тамошову ҷараёни сабқат халал мерасонд ва довари бозӣ дархост кардааст онҳоро аз назди саҳна дур кунанд. Дар ҳоле, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Федеретсияи бокси Тоҷикистон, наворгирӣ ҳадди ақал аз масофаи 6 метр дур аз саҳна иҷозат аст. Ҷаноби Сафиев афзуд, Қамар бо смартфон навор мегирифт ва худро низ ба пулис муаррифӣ накард ва вориди баҳс шуд.
Вале яке аз шоҳидони айнӣ, корманди идораи сӯхторнишонӣ зимни бозпурсӣ дар додгоҳ гуфт, Қамари Аҳрор шаҳодатномаи рӯзноманигории худро ба кормандони пулис нишон дод ва маълум буд, ки вай аз пайи иҷрои вазифаи касбӣ дар толор ҳузур дорад.
Ҳамин тавр, дар рӯзи аввали баррасӣ дақиқ маълум нашуд Қамари Аҳрор аз кадом амри пулис сарпечӣ кардааст ва чаро ӯро аз толор иҷборан берун кардаву ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Додгоҳ ба хотири бозпурсии 2 шоҳидони дигар, ки ҳозир нашуданд, баррасиро ба рӯзи номаълум ба таъхир андохт.
Банди 479- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – итоат накардан ба амри пулис – ба қонуншикан ҷазои аз 150 то 200 сомонӣ ҷарима ё 5 рӯзи ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳфилҳои рӯзноманигорӣ, ба шумули НАНСМИТ, иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон даъвои ШКД- и шаҳри Хуҷанд алайҳи рӯзноманигор Қамари Аҳрорро фишор болои матбуот ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои рӯзноманигорон унвон карда буданд.