Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз даҳ рӯзи ҳодисаи пурсару садои нақлиётӣ дар маҳаллаи маъруф ба "Водонасос"-и шаҳри Душанбе, ба таври расмӣ шахсияти ронандаи "Мерседес-Бенс"-ро эълон карданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 30-юми июл рух дод, як нафар ба ҳалокат расида ва як тани дигар захмӣ шуданд.
Омили садамаи маргбори рӯзи 30-юми июл дар Душанбе, Одилҷон Шарифови 24-сола, муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будааст.
Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сарнишини "Мерседес-Бенс" Одилҷон Шарифови 24-сола, муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ронанда "аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада", ду пиёдагард -- Қурбоналӣ Ҷобирови 28-сола ва Муҳаммадҷон Мизонови 20-соларо, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст.
Манбаъ мегӯяд, ки бар асари ин ҳодиса Қурбоналӣ Ҷобиров дар бемористон ҷон додааст. Бар пояи хабари вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз тафтиши ин қазия аз сӯи муфаттишони ин ниҳод, он барои баррасӣ ба Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаблан гуфта мешуд, ки дар садамаи маргбор дар маҳаллаи “Водонасос”-и шаҳри Душанбе ду нафар, аз ҷумла як корманди Вазорати дифоъ ба ҳалокат расида ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳоҷиниёз Ҷобиров, сокини Дашти Мирони ноҳияи Варзоб, дар ин садама писараш Қурбоналӣ Ҷобировро, мутахассиси пешбари Вазорати дифоъро аз даст дод. Ӯ рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ронандаи “Мерседес-Бенс” баъди садама аз ҷойи ҳодиса фирор карда, то ҳол дар куҷо буданаш ба онҳо маълум нест.
Ҷабборов он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ҳузури нозирони роҳ дар маҳалли ҳодиса ва дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ронандаро наёфтаанд ё инки пинҳон медоранд. Ӯ гуфт, ин садама даҳҳо суолро дар зеҳнаш халқ кардааст. Муҳаммад Нозимов, фурӯшандаи нуқтаи ғизои сарироҳӣ дар маҳаллаи “Водонасос”-и пойтахт дар рӯзҳои ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса ҳамроҳи Фирӯз ном ронандаи як мошини "Опел" шадидан захмӣ шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наздикони Одилҷон Шарифов, ронандаи “Мерседес-Бенс" мегӯянд, садама кори барқасдона набуд ва ӯ аз тафтишот фирор накардааст. Комил Шарифзода, падари Одил Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин як фалокат буд. Ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор накарда, баръакс, барои ба бемористон бурдани захмиён кӯмак намудааст. Ҳоло ҳам ба назди маҷрӯҳон ва хонаводаи фавтидаҳо рафта, дасти ёрӣ дароз мекунад”, - афзуд ӯ.
Комил Шарифзода гуфт, ин ҳолат метавонад ба сари ҳама биёяд ва хост, ки то замони анҷоми тафтишот аз ҳаргуна хулосабарорӣ парҳез шавад. Ӯ гуфт, “наздикони фавтидаҳо бо хашм сӯҳбат мекунанд ва мо онҳоро хуб дарк мекунем. Онҳо азизони худро аз даст додаанд. Вале ин нукта ҳам бояд гуфта шавад, ки фарзанди мо барқасдона ин корро накардааст. Ҳоло беҳтар аст, мунтазири тафтишот бошем.”
Мақомот мегӯянд, ки танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта ва 1419 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд. Дар чанд соли гузашта ҳам талафот дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар тӯли сол на кам аз 400 нафар будааст. Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд.