Душанбе акнун боғшаҳри шоҳбулутҳо мешавад? (Видео)

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, дар ивази 22 миллион сомонӣ хиёбонҳои пойтахтро ба «шоҳбулут»-зор табдил диҳад.
Шоҳбулут ё кастона аз дарахтони ороишиест, ки масъулони шаҳрдории Душанбе беш аз 3 ҳазор бехи онро аз кишвари Белгия ворид кардаанд ва мегӯянд, ин дарахт ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ аст. Абдусалим Ҷӯраев, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе гуфт, харидории ниҳолҳои мазкур аз ҳисоби шаҳрдорӣ сурат гирифтааст ва дар ҳар кӯчаи мувофиқи шаҳр шинонида хоҳанд шуд.

Ҷаноби Ҷӯраев меафзояд, «тавре мушоҳида мешавад, муддати 40 сол ба ин сӯ дарахти шоҳбулут дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Барои хуб нумӯъ кардани ин ниҳолҳо зарур аст, ки сари вақт об дода шаванд, то ин ки ба шароит ва хусусияти имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ шаванд. Барои мисол, тайи се соли охир ин дарахтоне, ки дар назди Боғи Рӯдакӣ, кӯчаи Шерозӣ ва ё дар дохили маҷмааи Қасри Миллат шинонда шудаанд, ба истиснои ду ниҳол, ки бинобар вайрон шудани мошин дар ағбаи Қирғизистон ва сард задани решаашон хушк шуданд, дигар ҳама ба пуррагӣ нумӯъ ёфтанд.»

Аз рӯи ҳисоби Абдусалим Ҷӯраев, дар се соли охир, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор дарахти ороишӣ оварда шудааст. Интиқоли ин дарахтон дар асоси эълони тендер аз сӯи ширкатҳои мухталиф сурат гирифтааст. Воридоти шумораи ахири дарахтонро чаҳор ширкати дорои масъулияти маҳдуд -- "Давр", "Самандар-К", "Комрон" ва "Таъминот -2009" бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз боғбонҳое, ки дар назди Чойхонаи Миллӣ саргарми шинонидани дарахт буд, мегӯяд, дар ин мавзеъ наздик ба 300 бех аз ин дарахтон, ки аз Белгияву Олмон оварда шудаанд, шинонда мешавад. Вай гуфт, «асосан се навъи дарахт оварда шудааст, шоҳбулут, магнолия ва олу. Ҳамаи ин дарахтон ороишӣ ҳастанд ва барои ҳар яки онҳо мувофиқ ба решаашон чуқурӣ кофта мешавад.»

Баъзе аз боғбонҳои дигар бо дарназардошти хушкидани теъдоде аз дарахтон дар тобистони гузашта бар инанд, ки шояд ин дарахтон ба иқлими Тоҷикистон тоб наоранд. Қосимов Асадулло яке аз ин боғбонҳо гуфт, «теъдоди зиёде арчаҳоеро, ки аз хориҷа оварданд ва дар назди боғҳо шинонданд, хушк шуданд. Шояд гармии аз ҳад зиёд ва тағйири иқлим ба ин сабаб шуда бошад, ки ин дарахтон тоб наоварданд.»

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, сокинони пойтахт низ бар ивази маблағи ҳангуфт таваккал кардану овардани миқдори зиёди дарахтро ба кишвар аз ҷониби шаҳрдорӣ кори дуруст намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле, ки дар кишвар саду як мушкили дигар дорад, беҳтар буд ин маблағ ба соҳаҳои аз ин муҳимтар равона мешуд.

Дилшод Абдиев, яке аз сокинони пойтхат дар ин замина гуфт, «албатта кандани дарахтони кӯҳансоле, ки решаҳои азим доранд ва роҳу дигар иншоотро вайрон мекунанд хуб аст, вале ба ҷойи онҳо беҳтар аст дарахтоне, ки решаи худӣ доранду бовар аст, ки онҳо дар боду ҳавои мо нумӯъ меёбанд, шинонда шавад. Маоши ночиз ва вазъи иқтисодии кишвар, ки ба ҳамагон маълум аст ба 22 миллион сомонӣ харидории дарахт аз хориҷ ва овардани он бар замми ин таваккал кардан, ки дар кишвар месабзад ё не, тасмими нодуруст аст.»

Аммо масъулон мегӯянд, ҷуброни 22 миллион сомонӣ харҷе, ки барои харидани ин дарахтон сарф шудааст, ҳудуди 2 миллирад сомонӣ манфиат ба муҳити зист ва сокинон хоҳад буд. Зеро ба иддаои Абдусалим Ҷӯраев, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, ба фарқ аз чинор, ки ба сиҳатии сокинон ва ҳам роҳҳову иншооти кишвар халал мерасонад, шоҳбулутҳо зебо, сояфкан ва ҳамзамон безарар будааст.

Дар ҳамин ҳол Алихон Латифӣ, раиси Бошгоҳи созмонҳои зистмуҳитии Тоҷикистон гуфт, «дар боғи ботаникии мо аз кишварҳои мухталиф дарахтон оварда, парвариш мешаванд. Ҳатто ҳамон дарахтони машҳуре, ки дар назди бинои Театри опера ва балет қомат афрохтаанд, онҳо ҳам дарахтони маҳаллӣ нестанд, лекин ба ҳар ҳол дар ин ҷо ҷой гирифтаанд ва шаҳри моро зебо мекунанд. Албатта имкон буд, ки тухмии дарахтонро оварда дар ин ҷо парвариш кунанд ва дар хиёбонҳо шинонанд, аммо шояд шаҳрдорӣ ҳисоб кардааст, ки ин роҳ барояшон арзонтар бошад.»

Бо ин ҳама мавзуи буридан ва шинонидани дарахтон дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, соле пеш баҳси шаҳрдориро бо Муҳидин Кабирӣ, вакили парулмон ва раиси ҲНИТ то ба додгоҳ бурд. Ин баҳс бо Муҳиддин Кабирӣ бар сари як суханронии ӯ дар парлумон буд, ки гуфта буд, бо ин дарахтбуриҳои кунунӣ 10 сол пас Душанбе урён мешавад. Шаҳрдорӣ ин суханҳоро таҳқири шаъну эътибори худ хонда, ба додгоҳ шикоят бурд. Вале оё амалиёти кастона низ пирӯз хоҳад шуд ё на, ниёз ба фурсат дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дарахтони шоҳбулут ба ҷойи дарахтони маҳаллӣ