Рӯзи байналмилалии мубориза бо саратон дар ҳоле фаро расидааст, ки ин беморӣ ҳанӯз ҳам яке аз сабабҳои асосии марги одамон дар саросари дунё номбар мешавад.
Тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, солона то 13 миллион нафар гирифтори навъҳои мухталифи саратон мешаванд ва аз ин шумор то 7.6 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Пажӯҳишгарон аз афзоиши бемории саратон дар кишварҳои дар ҳоли рушд нигарон буда, таъкид мекунанд, ки агар саратон дар марҳилаҳои ибтидоӣ кашф шавад, муолиҷаи он имконпазир аст.
Ба қавли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, имрӯз беш аз нисфи кишварҳои олам як барномаи воқеии назорату муолиҷаи саратонро надоранд, ки боиси азияти мардуми гирифтори саратон ва монеа дар рушди ин кишварҳо мешавад.
Дар Тоҷикистон тақрибан 12 ҳазор нафар бемори гирифтори саратон ба сар мебаранд.
Соли 2008-ум вақте Мурод хабар ёфт, ки духтари шашсолааш гирифтори саратон аст, ҳама кору зиндагӣ дар Тоҷикистонро канор гузошт вафарзандашро ба маркази муолиҷаи саратони кӯдакони шаҳри Маскав бурд. Табобати яксолаи саратон дар бемористони ба номи Блохини Маскав ба беш аз 100 ҳазор доллар баробар аст, ки Мурод чунин пулро дар ихтиёр надошт. Вале вақте телевизиони русӣ дар бораи Мурод ва духтараш барнома нишон дод, як идда созмонҳои хайрияву хазинаҳои исломӣ барои муолиҷаи ин тифл пули заруриро пайдо карданд.
Мурод мегӯяд: “Як сол муолиҷа карданд. Баъд ба Тоҷикистон баргаштем ва ҳоло дар Душанбе ҳар ҳафта хун месупурем. Ба ғайр аз он, давои зиёд доданд, ки дар ҳоли кам шудани лейкотсит ва эритротситҳо, онҳоро истеъмол кардан зарур аст. Боз як соли дигар ҳамин гуна табобат идома кард. Ҳар ҳафта ба бемористони "Шифо"-и шаҳри Душанбе рафта, хун месупурдем", гуфт Мурод.
Ҳоло Мурод соле ду дафъа духтарашро барои ташхис ба Маскав мебарад. Вале раиси Маркази онкологӣ ё худ маркази муолиҷаи саратон дар Тоҷикистон Зафар Ҳусейнов мегӯяд, феълан барои табобати саратон сафар ба хориҷа ҳатмӣ нест ва аз миёни тахминан 12 ҳазор нафар гирифтори саратон дар Тоҷикистон ҳадди аксар 50 ва ё 100 нафарашон дар хориҷ аз ҷумҳурӣ табобат мегиранд.
Ҳусейнов меафзояд, Тоҷикистон чаҳор сол пеш барномаи фарогири табобати саратонро таҳия кард, ки бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ қадам ба қадам татбиқ мешавад. Ба гуфти Ҳусейнов, муваффақияти табобати саратон ба замони ташхиси ин беморӣ иртибот дорад ва агар ташхис дар марҳилаҳои аввал сурат гирифта бошад, шанси муолиҷаи комил хеле баланд аст:
“Ин ҷо бемории саратони пӯст ва ё мушакро метавон мисол овард. Ин гуна беморон дар 90 % ҳолатҳо ва аз он бештар ҳам комилан шифо меёбанд. Ҳамчунон бемории саратони аъзои дарунии бадан низ дар марҳилаи аввал дар 80 то 90 % ҳолатҳо шифо меёбанд. Вақте саратон дар маҳилаи сеюму чорум аст, табобат душвортар аст. Зеро беморӣ ба дигар аъзои бадан паҳн мешавад, ки табобати он хеле мушкил аст”.
Дар ҳамин ҳол ба қавли раиси Маркази ҷумҳуриявии муолиҷаи саратон, то 45 дарсади афроде, ки гирифтори марҳилаи сеюми саратон ҳастанд, шифо меёбанд. Ҳусейнов хотирнишон мекунад, ки муолиҷаи саратон хеле гарон аст. Ӯ мегӯяд, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам низ бахше аз табобат, ба хусус нархи доруву дармонро худи бемор пардохт менамояд.
Суханони Ҳусейновро профессор Абдусамад Дӯстов - раиси бахши муолиҷаи радиологии пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи шаҳри Душанбе тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, барои ташхиси саривақтии саратон таҷҳизоти гаронбаҳо лозим аст:
“Мисол барои гирифтани генератори ташхиси таъҷилии саратон дар устухонҳо мушкили зиёд доштем. Вале бо кӯмаки Агентии байналмилалии Нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЕ) чанд чунин генераторро дарёфт намудаем, ки ба ташхиси барвақти ин беморӣ кӯмак мерасонад. Мо албатта намегӯем, ки дар сафи пеши табобати саратон ҳастем, вале ба ҳар ҳол қадамҳои мустаҳкаме мегузорем", гуфт ӯ
Профессор Дӯстов мегӯяд, пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Тоҷикистон бо чандин муассисаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, баъзан ташхиси вазъи беморонро бо кӯмаки пажӯҳишгоҳҳои саратоншиносии Бритониё мегузаронад, ки шонси ташхиси барвақти саратонро бештар мекунад.
Билохира, дар рӯзи байналмилалии мубориза бо саратон коршиносон бори дигар ёдовар шудаанд, ки истеъмоли тамокуву маводи алкоҳолӣ, фарбеҳӣ ва сирояти ангезаҳои мухталиф, хавфи гирифтории мардум ба саратонро бештар мекунад.