Дар Арабистони Саудӣ намоишгоҳи шутурҳо шурӯъ шуд ва барои намоиш додан ба меҳмонон 50 ҳазор шутурро овардаанд. Дар вилояти Римоҳ -- як минтақаи биёбонии Арабистони Саудӣ, намоишгоҳи шутурҳо оғоз ёфт, ки ҳар сол зери номи Малик Абдулазиз -- бунёдгузор ва нахустин шоҳи кишвар баргузор мешавад. Шутурпарварон аз кишварҳои мухталифи Халиҷи Форс 50 ҳазор ҷонварро ба намоишгоҳе овардаанд, ки як моҳ идома мекунад.
Як бахши муҳими намоишгоҳ, озмуни зебоӣ дар байни шутурҳост. Ҷоизаи имсола дар озмун 31 миллион доллар тақрибан, 250 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баргузоркунандагон умедворанд, ки имсол 10 ҳазор нафар ба намоишгоҳ меоянд. Шутурҳоро ҳам ба фурӯш мегузоранд ва ба гуфтаи шутурпарварон баъзе аз онҳоро 270 ҳазор долларӣ ҳам мефӯшанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳсӣ Ал-Дуссарӣ, як шутурбон мегӯяд, ки "мо шутурҳои олӣ дорем. Бо бодиянишинон дар ҳаминҷо дар тоҷирон мулоқот мекунем. Онҳо ҷонварони моро мехаранд, дар намоишгоҳ ширкат меварзанд ва бо ҳамин анъанаҳои моро дастгирӣ мекунанд."
Дар намоишгоҳ метавон шутурсаворӣ кард ва ё дар бораи нигоҳубини ин ҷонвар тавсия гирифт. Намоишгоҳи шутурҳо дар Арабистони Саудӣ аввалин бор соли 1999 баргузор шуд. Озмуни хурди шутурҳои зеборо бодиянишинони маҳаллӣ ташкил карданд ва он бо кӯмаки хонаводаи шоҳ он ба як намоишгоҳи байналмилалӣ табдил шуд.