Баъди ду соли СИЗО. Бузургмеҳр Ёровро ба зиндон интиқол доданд

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 2 солу се моҳ Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшударо аз СИЗО ё боздоштгоҳи мувақатии рақами 1 ба маҳбаси марказӣ интиқол дод.

Ба қавли мақомот, Бузургмеҳр Ёров ҳоло дар зиндон дар давраи ба истилоҳ карантин қарор дорад ва баъди сипарӣ шудани як моҳ аз мӯҳлати он ба низоми зиндонӣ мегузарад.

Ду соли талош барои озодӣ

Бузургмеҳр Ёров дар пайи ду ҳукми додгоҳ дар моҳи октябри соли 2016 ва моҳи марти соли 2017, дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум

Исми Бузургмеҳр Ёров ҳамроҳ бо Шӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов, Зайд Саидов, аъзои раёсати ҲНИТ ва дигарҳо дар феҳристи зиндониҳои сиёсии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ёд мешавад. Мақомот дар Тоҷикистон вуҷуди зиндониҳои сиёсиро рад карда мегӯянд, ки ҷиноятҳои содиркардаи ин афрод ангезаи сиёсӣ надорад.

шудааст. Вакили дифои парвандаҳои пурсарусадои сиёсӣ, ки баъди эълони омодагии ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуд, бо вуҷуди даъватҳои батакрори ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар, ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуд.

Наздикони адвокат ва ҳам мақомоти вазорати адлия мегӯянд, Ёров аз замони боздошташ дар моҳи сентябри оли 2015 то кунун дар СИЗО-и рақами 1, воқеъ дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешуд.

Як мақоми раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон рузи 22 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 14 декабр Бузургмеҳр Ёровро аз СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбаси рақами яки Душанбе ё зиндони марказӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи ин мақом, то анҷоми давраи карантин, ки дар ин муддати вазъи сиҳҳатии Ёров санҷида мешавад, қабули ғизо ва мулоқот бо Бузургмеҳр Ёров манъ аст.

Бузургмеҳр Ёров дар карантин аст

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 22 декбр ба Радиои Озодӣ гуфт “баъд аз ба маҳбас интиқол додани Бузургмеҳр барояш ғизо бурдем, аммо дар нуқтаи қабули маҳбаси марказӣ гуфтанд, ки ҳоло Бузургмеҳр Ёров дар карантин қарор дорад ва имкони қабули ғизоро надоранд”.

Ба гуфтаи модари Бузургмеҳр, масъулони зиндон гуфтаанд, ки мӯҳлати карантин дар моҳи январи соли оянда ба поён мерасад.

Модари Бузурмеҳр мегӯяд: ”То ҷое хабар дорем саломатиаш хуб аст, фақат мехоҳем барояш ғизо барем. Ҳамсараш ҳам барояш ғизо бурдаанд, қабул накардаанд, баъди соли нав биёред гуфтаанд”.

Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар сентябри соли 2015 дастгир шуд, дар паи ду соли даъвоҳои судӣ дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Ёров худро бегуноҳ меномад

Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад. Ҳукми охирини додгоҳии Бузургмеҳр Ёров аз рӯи моддаи «таҳқири президент» буд ва дар ин парванда ҳам додгоҳ гуфт, ки айби адвокат исботшуда аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28-уми марти имсол алайҳи Бузургмеҳр Ёров бо моддаи 137, қисми 2, яъне “таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ ва ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад” парванда боз кард. Мақомот тоҳол нагуфтанд, ки Ёров чӣ гуна президентро таҳқир кардааст.

Аммо Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳукмҳои додгоҳҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ карда гуфтаанд, ки омодагии вай дар ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди “ғайриқонунӣ” ва “террористӣ” эълон шудани ҳизби сиёсӣ, боиси боздошт ва дар ҷиноятҳои содирнакарда гунаҳгор эълон шудани вай гардид. Ёров тамоми иттиҳомотро рад кардааст.

Шӯҳрат Қудратов

Раҳоии Бузургмеҳр Ёров ва баргузории таҳқиқ ва мурофиаи шаффофу одилонаи судиро дар ин қазия бори охир Иттиҳодияи Аврупо тақозо кард. Рӯзи 13 октябр дар поёни музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, дипломатҳои Брюссел гуфтанд: “Мақомоти Тоҷикистон бояд парвандаи ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро бозбинӣ кунанд ва имкони аёдати ӯро дар зиндон аз ҷониби гурӯҳи назоратии Ваколатдори ҳуқуқи башар таъмин кунанд”.

Дар паи боздошти Бузургмеҳр Ёров бархе хешовандони ӯ кишварро тарк карда, вакили дифояш Муаззама Қодирӣ гуфт, барои ҳимоят аз ҳуқуқи ӯ қариб буд худаш ба зиндон мерафт. Ӯ низ Тоҷикистонро тарк кард.

Исми Бузургмеҳр Ёров ҳамроҳ бо Шӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов, Зайд Саидов, аъзои раёсати ҲНИТ ва дигарҳо дар феҳристи зиндониҳои сиёсии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ёд мешавад. Мақомот дар Тоҷикистон вуҷуди зиндониҳои сиёсиро рад карда мегӯянд, ки ҷиноятҳои содиркардаи ин афрод ангезаи сиёсӣ надорад.